• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ЧИН
Возможно, это изображение 5 человек и отдел новостей7-уми марти соли равон Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Сун Янмэй, ректори Институти таълим ва мубодилаи байналмиллалӣ, муовинони ректор Лю Хунмей, Ван Ся, роҳбари Маркази табодул ва ҳамкории забонҳои чинӣ ва хориҷии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини ректори Донишгоҳи Ҷинан ва Ҷау Хун Лян директори Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин вохӯрии маҷозӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо мулоқоту музокирот анҷом дода дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсуси суҳбат оид ба самти сифати таҳсил равона гардида масъалаҳои табодули донишҷӯёну устодон ва кормандонро аз ҳамкориҳои аввалиндараҷа иброз намуданд. Зикр гардид, ки ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар масоили акредитатсияи ихтисосҳо ва донишгоҳҳои ҷониби худ ибрози назар намуда омодагиҳои хешро баён намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ созишномаи ҳамкориро бо Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин соли 2022 ва бо Донишгоҳи Ҷинан соли 2023 ба имзо расонидааст.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj