• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ҲАЙАТИ ДОВАРОНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ БА НОМИ М. ЛОМОНОСОВ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 2.04.20214 дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар Душанбе давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Сараввал муовини Директори иҷроияи донишгоҳи мазкур Диноршоев Азиз Мусо ҳадаф ва моҳияти озмуни мазкурро тавзеҳ дода иброз дошт, ки он бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафаш дарёфти падидаҳои тоза ва чеҳраҳои нави китобхон, донандагони осори ниёгон ва муосир, суханварони боистеъдод ва хонандагони забондон аст. Тавассути он озмун ҳамасола даҳҳо хонандагони фаъолу зирак ва дорои истеъдодҳои фавқуллодда кашф гардида бо мукофатҳои пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин тадбир барои раҳнамун кардани Тоҷикистон ба сӯйи ҷомеаи донишмеҳвар мусоидат хоҳад кард, - ибороз дошт номбурда.
Хотиррасон менамоем, ки бобати шаффофу холисона баргузор шудани давраи аввали  озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имсол профессори  кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Саидмуроди Хоҷазод ва дотсенти кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳони ҳамин донишгоҳ Бакаева Меҳринисо ба ҳайати ҳакамон дохил карда шуданд. Раиси ҳайати доварон, проофессор Саидмуроди Хоҷазод баъзе тағйиру иловаҳои навро дар раванди баргузории озмун тавзеҳ дода, махсусияти номинаҳоро ба ширкатдорони озмун шарҳ дода, ба суолҳои онҳо посух дод.
Аз миёни иштирокдорон беҳтаринҳо ба давраи навбатии озмун роҳхат гирифтанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов дар Душанбе ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати  арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллати тоҷик ҳамасола донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат дар ҳамаи озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд.
Дар маросими ҷамъбастӣ муовини Директори иҷроияи донишгоҳи мазкур Диноршоев Азиз Мусо   аз номи роҳбарияти филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар Душанбе ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода барои мусоидат ҷиҳати ширкати устодони донишгоҳ ба озмун ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди минбаъда ибрози сипосу миннатдорӣ кард
.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj