• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ТОЗАНАШР:
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТ
Дар рисола роҷеъ ба мафҳуми Ваҳдат, паҳлуҳои гуногуни он, азму талошҳои Пешвои муаззами миллат бобати бештар ва амиқтар ба мардум, билхосса ҷавонон фаҳмондани моҳият ва арзишҳои башарии ваҳдати миллӣ маводи муътамад ва арзишманд фароҳам омадааст. Китоб аз силсилаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ мураттаб гардида, бобати ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии хонанда нақши муҳим мегузорад ва доир ба ба ҷанбаҳои назарӣ ва амалии ваҳдати миллӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти муътамад медиҳад. Ҳамчунин дар мақолаҳои ҷудогона Паёмҳои Пешвои миллат аз лиҳози хронологӣ ташреҳ гардида, нақши онҳо дар рушди тадриҷии тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол илман асоснок шудаанд.
Китоб барои сиёсатшиносон, муаррихон, устодон ва шогирдони донишгоҳҳо, пажуҳандагони таърихи ваҳдати миллӣ, унвонҷӯён, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj