• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ КАФЕДРАИ ПСИХОЛОГИЯИ УМУМӢ ВА ПЕДАГОГӢ
Возможно, это изображение 6 человек, люди учатся и текстСанаи 18-уми апрели соли равон дар кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, “Барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон (солҳои 2023-2027), “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва ба ифтихори 146-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҳайати устодону ва магистрону доктормнтон баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет н.и.п.Саидзода Н. ҳусни оғоз бахшид.
Сипас мудири кафедра н.и.п., дотсент Саидмирова С. зимни суханронӣ қайд кард, ки мувофиқи барнома 11 мавзуъ аз ҷониби ҳайати устодони кафедра пешниҳод гардида буд.
Ҳамин тариқ аз ҷониби устодони кафедра дар атрофи мавзуъҳои зерин баҳсу мунозираҳо сурат гирифт. Нахуст и.в.мудири кафедра н.и.п., дотсент Саидмирова С. доир ба мавзуи “Нақш ва мавқеи омӯзгор дар таълими салоҳиятнокии хурдсолон” маърӯзаи хешро ироа намуда, қайд намуданд, ки салоҳият-маҷмӯи дониш, маҳорат ва малакаҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ) маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешавад. Дар раванди таълими босалоҳият диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ ва рушди қобилияти хонандагон равона мешавад.
Тураев Ё.-н.и.п. роҷеъ ба мавзуи “Психолог ва ташаккули сифатҳои касбии ӯ ” маъруза намуда, зикр намуданд, ки сифатҳои муҳими касбии психолог дар айни замон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта фаъолона муҳокима карда мешавад. Барои мутахассисони соҳаи психология дониш, малака ва маҳорате, ки онҳо дар процесси таълим ва фаъолияти амалӣ ба даст овардаанд, хислатҳои шахсият, хусусиятҳои алоҳидаи характер аҳамияти калон дорад.
Разоқов Х.-н.и.п дар мавзуи “Нақши афкори мутафаккирони форсу тоҷик дар шаклгирии ҳисси ватандӯстӣ”, Ҷалолова Г.-н.и.п. “Моҳият ва мафҳуми эмотсия”, Атоева Л.-муаллими калон “Чорабиниҳои ислоҳи дар омода намудани кӯдакон ба мактаб”, Аминов А.-муаллими калон “Таъсири гурӯҳ ба рафтори шахс”, Рустамова З.-муаллими калон “Нақши муҳити иҷтимоӣ дар шаклгирии ҳисси дилбастагӣ дар к\дакони синни барвақт”, Муҳитдинова Ш.-ассистент “Омилҳои асосии инкишофи психикӣ”, Маҳмудов Ш. –ассистен “Маром ва маромнокӣ дар фаъолияти таълимӣ”, Раҳмонова Г.-ассистент “Хусусиятҳои гендерии бозичаҳои кӯдакона” ва Ахмедова Ф.-ассистент “Таълими фаъолияти мусаввирӣ ва омӯзиши намудҳои он дар синфҳои ибтидоӣ”, маърузаҳои худро ироа намуданд.
Дар конференсия 11 мавзуъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хулоса дар атрофи мавзуъҳои матраҳшаванда баҳсу мунозираҳо ташкил карда шуд. Дар конференсия илмӣ-амалӣ сардори раёсати илм ва инноватсия Зикирзода Ҳ. иштирок намуда, роҷеъ ба нақши илм дар ҷомеа суханронӣ намуд.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj