• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

ТОЗАНАШР: НАБЗИ РОҒУН ЗЕРИ НАЗАРИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ИНТИШОР ГАРДИД
Возможно, это изображение 6 человек и текстДар маҷмуаи “Набзи Роғун” бардошти кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз натиҷаи сафар ба кохи нури аср - Роғун фароҳам омадаанд. Мақолаҳо хислати публитсистиву оммавӣ дошта, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти ташаббускор ва бунёдгари ин кохи нуру зиё дар бар гирифтаанд. Инчунин, заҳмати шарафмандонаи бунёдгарони ин иншооти азими аср, ки дар синаи кӯҳ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида баҳри фароҳам сохтани зиндагонии шоиста барои мардуми шарифи Тоҷикистон пайкор мекунанд, дар меҳвари мақолаҳои омӯзгорон қарор дорад.
Китоб аз се бахш иборат буда, дар бахши аввал мақолаҳои устодон оид ба Роғун, дар бахши дуюм шеърҳои дар васфи ин кохи нуру зиё фароҳам оварда шуда, бахши сеюмро аксҳои ранга зеб медиҳад.
Китоб бо дастгирии Ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода интишор гардида, барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj