Хабарҳо |
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
![]() Зимни суханронии худ Маҳмудов Д., иброз дошт, ки равандҳои пуртаззоди ҷаҳони муосир торафт вазъи амниятии дунёро халалдор намуда, фазои номуосид баҳри таҳкими истиқлоли давлатҳои алоҳидаро ба вуҷуд овардааст. Таҷрибаҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки шеваи чунин бархурдҳо нав шуда, дар натиҷаи он муҳити давлатҳои алоҳида як навъ ба майдони ҳарб ё худ қувваозмоии тарафҳои даргир табдил ёфтааст.
Агарчанде, ки дар Тоҷикистони азизи мо фазои сулҳу ваҳдат ҳукмрон аст, аммо чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз равандҳои гуноугни ҷаҳонӣ дар канор бошад. Неруҳои бадхоҳи давлату миллати мо ҳамеша талоши онро мекунанд, ки саодати миллат ва низоми давлатии моро ба буҳрон кашанд. Мутаассифона, чунин неруҳо таи солҳои охир бештар аз шиорҳои авомфиребонаи динӣ, бо истифода аз боварҳои динии ҷомеа кор мебаранд. Аз ин рӯ, таъкид дошт Маҳмудов Д., ки ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро дар чунин як шароити хело ҳасос аз даст надода, ҳамеша дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шаванд ва дар паи ободии Ватан ва аз худ кардани донишу ҳунар бошанд.
Бо ҳамин мулоқоти навбатӣ дар факултети забон ва адабиёти рус дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва садоқати бепоён ба ин обу хоки аҷдодӣ ба поён расид.
|