• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДОНИШГОҲ БАҲРИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО
Возможно, это изображение 5 человек23-юми апрели соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи Рӯзи забони фаронсавӣ (Франкофония) ташриф овард.
Зимни ташриф Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ Элза Пинёл, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намуда, ҷонибҳо дар доираи ин ташриф вобаста ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои тавсеаи омӯзиши забон ва фарҳанги мардуми Фаронса, даъват намудани омӯзгорони касбӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон, густариши робитаҳои адабиву фарҳангӣ, фиристодани омӯзгорону донишҷӯёни донандаи забони фаронсавӣ ба ин кишвар ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи забондонии онҳо, ифтитоҳи Маркази фарҳангии Фаронса дар назди кафедраи забони фаронсавӣ ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи Лиони Фаронса изҳори назар намуданд.
Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби ректори донишгоҳ ба сафири Фаронса тӯҳфаи рамзие бо самимияту иродатмандии хоса баҳри тавсеаи ҳамкориҳо тақдим гардид.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj