• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Хабар

МАГИСТРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МОҲВОРАИ ҶАВОНОН БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ РАФТАНД

Возможно, это изображение 4 человекаМагистрони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати иҷрои дастури раёсати донишгоҳ дар моҳвораи ҷавонон ва нақша-чорабиниҳо бо мақсади аз наздик шинос шудан аз давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан аз ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ ва ташвиқу тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳангии кишвар дар ин замина ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури сиёсиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонон ба Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда аз толорҳои ин муассисаи таърихӣ дидан намуданд.
Дар рафти боздид роҳбаладони муассиса барои магистрон сайрҳои осорхонавӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Маврид ба зикри хос аст, ки тамошои Осорхонаи миллӣ ба магистрон имкон медиҳад, ки то дар замири онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба осори таърихию фарҳангии ниёгон бедор гардад.
Дар доираи боздид магистрон аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj