• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо
Гиромидошт АБАРМАРДИ СИЁСАТ, САРОЯНДАИ СУЛҲУ ВАҲДАТ, МУБАЛЛИҒИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ
Возможно, это изображение 13 человек и текстБахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гурўҳи устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар хона- музейи устод ҳамоиши фарҳангӣ доир намуданд. Муовини ректор оид ба илм, профессор Дониёр Сангинзод зимни ифтитоҳи маҳфил аз заҳматҳои устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти навини тоҷикӣ ёдовар шуда имброз дошт, ки яке аз мавзуоти дигаре, ки дар осори Турсунзода нақши бориз дорад, тасвири симои Зан-Модар мебошад. Силсилашеърҳои «Модарнома»-и ў, ки дар маҷмуаи «Посбони оташ» гирд омадааст, суруди мутантанест дар ситоиши
занону модарон. Ин ашъор дар баробари хусусияти миллӣ доштан, ҷанбаи умумибашарӣ доранд ва муҳимтарин масъалаи доғи рўз – мақоми Зан-Модар дар зиндагии башарият ва нақши занон дар ҷомеа матраҳ мешавад. Дар эҷоди модарнома Турсунзода ба ашъори дар ин мавзуъ сурудаи ҳамзабонон, алалхусус модарномаҳои Эраҷ Мирзо ва Маликушшуаро Баҳор назар доштааст. Шеърҳои «Дили модар» (1966), «Достони модар» (1963), «Зан агар оташ намешуд» (1973), «Зан, зан аст» (1975), «Бигзор зан бошад мудом» (1966) аз муҳимтарин ашъори дар ин мавзуъ сурудаи шоир мебошанд, ки дар онҳо андешаҳои фалсафии шоир бо мафоҳими Мадар – Ватан - Замин - Назм тавъам садо медиҳанд.
Декани факултети филология, дотсент Абдумаҷид Қурбонов иброз дошт, ки Турсунзада дар ташаккулу таҳаввули драматургия (асарҳои саҳнавӣ)-и тоҷик низ саҳми бузург дорад. Намошиномаҳои «Ҳукм» (1934), «Роҳатхон» (1935), «Хусраву Ширин» ва «Шуриши Восеъ» (1936, 1938 бо ҳамкории А. Деҳотӣ), «Тоҳиру Зуҳро» (1943), «Арус» (1945) ва ғайра аз ҷумла онҳоянд. Дар асоси достонҳои «Ҳасани аробакаш», «Писари Ватан», «Субҳи Ганг» филмҳои бадеӣ офарида шудаанд. Симоҳои осори драмавии шоир намояндаҳои халқҳои гуногун буда, барои саодати инсонҳо мубориза мебаранд ва намоди фидокориву садоқат мебошанд.
Ба назари профессор Шамсиддин Солеҳов ғояи инсондўстӣ, озодӣ, сулҳу бунёдкорӣ ва созандагӣ, ки рукни муҳими осори Турсунзодаро ташкил медиҳанд, дар арсаи ҷаҳон истиқболи гарм ёфт. Таъсири эҷодиёти Турсунзода ба адибони ҷавони мамолики Осиёю Африқо бағоят бузург аст. Асарҳои ў ба тамоми забонҳои халқҳои шуравӣ ва чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Ниёз ба сабақи Турсунзода ҳамчун суханвари тавоно ва арбоби бузурги сиёсиву ҷамъиятӣ имрўз дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо бештар эҳсос мешавад. Ба ғояҳои инсондўстӣ ва дўстии халқҳо, ки дар осори ў тавсифу тарғиб шуда аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз бештар ниёзманд аст.
Хотиррасон мекнамоем, ки Мирзо Турсунзода шоир, мунаққид, ходими давлатӣ, вакили парлумон, академики Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951), Шоири халқии Тоҷикистон (1961), Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1967), Қаҳрамони Тоҷикистон (2001) буда, 2 майи соли 1911 дар рустои Қаратоғи н. Шаҳринави водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш усто Турсун наҷҷор буд ва писарашро ба умед «Мирзо» ном мениҳад, то дар оянда «котиб» шавад. Бино ба қавли шоир, амуяш Қорӣ Абдуррозиқ, ки таҳсилдидаи мадориси Бухоро буд ва шеър мегуфт, нахустин таълими адабиётро назди ў гирифтааст, - омадааст дар «Донишномаи донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон». Модараш –Холбибӣ чевар-тоқидўз буд. Бино ба қавле, аҷдоди Мирзо Турсунзода аслан аз деҳаи Даҳбеди Самарқанд буда, замоне ба водии Ҳисор муҳоҷир мешаванд. Модараш дар бемории вабо соли 1920 мемирад. Мирзо дар синни шашсолагӣ ба мактаби кўҳнаи деҳа меравад ва соли 1925 вақте дар деҳаи Қаратоғ давлати шуравӣ мактаб мекушояд, Мирзо аз нахустин шогирдони он буд. Дар ин мактаб як сол мехонад ва аз он сабаб, ки саводи хуб дошт, ўро ба Педкомбинат (Омўзишгоҳи муаллимтайёркунӣ)-и Душанбе мефиристанд. Истеъдоди фавқуллодаи Мирзо таваҷҷуҳи роҳбарони омўзишгоҳро ҷалб мекунад ва ўро соли 1927 барои идомаи таҳсил ба Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд мефиристанд. Соли 1930 баъд аз хатми Дорулмуаллимин ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) бармегардад. Солҳои 1930-1934 дар рўзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси мудири шуъба ва котиби масъул кор мекунад. Соли 1934 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шомил мегардад.
Дар солҳои сиюми асри ХХ, ки аксари зиёиён зери фишори сиёсӣ буданд, Турсунзода низ аз он “бенасиб» намонд. Ў ва нависандаи дигари тоҷик Сотим Улуғзодаро ба сабаби дар Дорулмуаллимини Тошканд аз дарсҳои «душмани халқ» Нарзуллоҳи Бектош (аз нахустин адабиётшиносони пантуркист аст, ки бо гуноҳи «душмани халқ» ба қатл мерасад) баҳравар шуданашон аз сафи комсомол (иттифоқи коммунистии ҷавонон) хориҷ мекунанд. Хатари ба маҳбас афтодани ин ду ҷавони боистеъдоди тоҷик ногузир буд, аз ин сабаб Улуғзода ба Қазоқистон ва Турсунзода ба Хуҷанд фирор мекунанд. Бино ба қавли Х. Асозода, дар ин қазия пантуркистон даст доштанд. Онҳо Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода барин ҷавонони соҳибистеъдодро аз саҳнаи адабиёту фарҳанги тоҷик дур карданӣ буданд (Х. Асозода, Таърихи адабиёти тоҷик, Душанбе, 2014, саҳ., 402). Дар Хуҷанд бо ёрии нависандаи хуҷандиасли тоҷик Раҳим Ҷалил сарпаноҳ меёбад ва дар театри мусиқию дромавии ба номи Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) ба ҳайси роҳбари адабӣ ба кор медарояд. Илова бар ин, дар ин солҳо (1934-1936) бо рўзномаи «Пролетари Хуҷанд» ҳамкорӣ мекунад. Ҳангоми кор дар театри Хуҷанд нахустин асари драмавии худ «Маликаи Турандот» ва «Ҳукм»-ро менависад ва дар ин театр ба саҳна мегузорад. Соли 1934 бо Сабоҳат Низомиддинова, ки дар ин театр нақши Маликаро мебозид, хонадор мешавад. Соли 1936 ба пойтахт бармегардад ва дар Иттифоқи нависандагон ба сифати мудири шуъбаи ташкилӣ ва роҳбари бахши драматургия фаъолият мекунад. Соли 1939 раиси раёсати Иттифоқи нависандагон интихоб мешавад. Солҳои 1942-1943 ба ҳайси сардори главлит (кумитаи назорати адабиёт) ва солҳои 1943-1946 сардори Раёсати санъати ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст. Аз соли 1946 то поёни умр раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Фаъолияти эҷодии Мирзо Турсунзода ба ҳайси рўзноманигор аз соли 1929 оғоз шуда, хабару ҳикоятҳо ва шеъру мақолоташ, ки дар рўзномаҳо нашр шуда буданд, дар аввалин маҷмуааш бо номи «Байроқи зафар» (1932) гирдоварӣ шудаанд. Ин маҷмуаи инъикоскунандаи руҳия ва талаботи сиёсии он солҳост, ки мардуми тоҷик аз санҷиши сахти зиндагӣ гузашта, ба ҳаёти тоза қадам ниҳода буданд. Муҳимтарин мавзуъҳое, ки дар эҷодиёти қабл аз ҷанги Турсунзода ба назар мерасад, ҳамоно тарғиби ҳаёти нав, озодии занон, ватандўстӣ (дар мисоли давлати бузурги шуравӣ) ва тавсифи ҷавонони созандаи меҳнатқарин (комсомол) аст. Манзумаҳои «Ба эҷодкор» (1934), «Суруди ҷавонӣ» (1937), «Халқи далер» (1939), «Водии Ҳисор» (1940), «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» аз он ҷумлаанд.
Дар солҳои ба истилоҳ Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Турсунзода ба сифати фарзанди содиқи Ватан чун дигар адибон бо қалам бар зидди фошистон мубориза бурд ва халқро бо сухан бо мубориза даъват кард. Ашъори соҳои ҷангии Турсунзода ҳам аз лиҳози ҳунар ва ҳам аз назари вусъати маъноӣ аз осори солҳои сиюмаш бартарӣ дорад. Шеърҳои «Хайр модари азиз», «Ҳамшираҳо» (1941), «Ба ҷанг» (1942) ва манзумаҳои «Хотираи капитан» (1941), «Ҳаргиз» (1942), «Баҳодури тоҷик» ва ғайра, ки аслан ба мавзуи мубориза барои озодии Ватан ва қаҳрамонии фарзандони баору номуси тоҷику дигар халқҳои бародари Шуравиро бахшида шуда аст, хеле дилчаспу ҳаяҷонангезанд ва руҳияи ҷанговаронаи он солҳоиро ифода мекунанд. Дар ин масъала достони «Писари Ватан»-и шоир мақоми хос дорад. Дар ин достон шоир дар намоди тоҷикписар Қодир иштироки тоҷикон дар ҷанг, манфиатҳои ягонагии халқу Ватан, ҳамбастагии ҷанговарон бо ақибгоҳ, дўстии халқҳои шуравӣ ва муборизаи фидокоронаи онҳо бар муқобили душмани истилогарро тасвир мекунад. Хатти сужаи достон дар асоси саргузашти Қодир ва роҳи тайкардаи ў ҷарайён дорад. Достони «Писари Ватан» чун суннати достонсароӣ дар шакли маснавӣ суруда шуда аст ва ҳатто дар тасвири манзараҳо достонҳои даврони классикиро ба хотир меоварад:
Ба болои саманди мисли кўҳе,
Намоён буд уқоби пуршукўҳе.
Ин достон сарфи назар аз баъзе норасоиҳои бадеиву мавзуӣ Турсунзодаро ба ҳайси шоири достонсаро ба хонандагон ошно кард ва то андозае дар адабиёти он солҳо падидаи тозае буд.
Ғалаба бар фашизм ва барқарорсозии харобаҳои ҷанг аз муҳимтарин мавзуи осори баъдазҷангии Турсунзодаро фаро мегирад, ки бар пояи дўстии халқҳо ва меҳнатдўстии онҳо қарор гирифтааст. Дар достону шеърҳои «Арус аз Маскав» (1945), «Қонуни бародарӣ» (1951), «Лиму», «Ду соҳил» ва ғайра шоир аз дўстию ҳамбастагии халқҳо сухан мегўяд. Дар шеърҳои «Салламно» (1945), «Ба вакил» (1945), «Аз Бадахшон то Кремл» (1946), «Муҳоҷир» (1952) ва ғайра ҳаёти баъдиҷангии мардуми тоҷик ва талоши онҳо барои зиндагии беҳтару хубтар тасвир ёфтааст, ки дар ин гуна ашъор меҳнат, кор сунбули зиндагӣ қарор гирифтааст.
Соли 1947 Турсунзода вакили Шурои олии давлати паҳновари шуравӣ интихоб мегардад, ки дар эҷодиёти ў таъсири куллӣ мерасонад ва доманаи мавзуоти ўро вусъат мебахшад. Сафар ба Ҳиндустон ҳамроҳи вакилони шуравӣ ва иштирок дар Конфронси якуми мамолики Осиё мавзуи «Шарқи бедорошаванда» (таъбири худи шоир)-ро меҳвари асосии эҷодиёти шоир қарор дод. Натоиҷи ин сафар боиси эҷоди як қатор шеърҳои ў таҳти унвони «Қиссаи Ҳиндустон» гардид, ки ба шоир шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ин асар як руҳи тозае дар колбади назми хушк ва дар як қолаби сунъӣ эҷодшудаи адабиёти тоҷики он солҳо дамид ва пайраҳаи ҷадиде боз кард. Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» аз ду қисм иборат буда, 13 шеърро дар бар мегирад. Ҳар як шеър дорои мавзуи мустақил аст ва дар айни замон аз лиҳози ғояву масъалагузорӣ ин ашъор байни худ робитаи мустаҳкам доранд. Шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рўди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандри», ки соли 1947 ба табъ расидаанд, аз ҳаёти мардуми гуногунмиллати Ҳинд, зиндагии пур аз шебу фароз, муборизаҳои онҳо барои истиқлол ва сунатҳои бостонии ин мардуми ориёинажод ҳикоят мекунанд. Соли 1948 қисмати дуюми силсилашеърҳои шоир дар бораи Ҳиндустон ба нашр расид, ки ашъори зеринро дар бар мегирад: «Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал». «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», «Ду роҳ». Нависандаи рус Л. Леонов перомуни ашъори ба Ҳинд бахшидаи Турсунзода чунин изҳори назар кардааст: «Ҳини мутолиаи ашъори ҳиндустонии Мирзо Турсунзода, ки дар онҳо мушаххасоти назми реалистии шуравӣ, назми саршор аз ғояҳои бузурги сиёсӣ, шиддати эҳсосот ва ҳаяҷони руҳӣ, назми муборизи фаъоли роҳи сулҳу саодати одамони одӣ хеле олӣ ҷамъбаст шудааст, мо аз халқе, ки чунин шоирон ва чунин адабиётро офаридааст, миннатдор ҳастем» («Рўзномаи адабӣ» («Литературная газета», Маскав, 1949). Дар ин ашъор масъалаи Ҳидустон, хосса ҳаёти сиёсии он, гарчанде аз назари як шоири коммунист матраҳ мешавад ва сиёсати «мағрибиёни рўбаҳмизоҷ» зери тозиёнаи танқиди шадид қарор мегирад, аз лобалои андешаҳои сиёсию фалсафаи шоир чунин ба назар мерасад, ки Турсунзода Ҳиндустонро ҷузви таърихи миллати куҳанбунёди худ медонад ва бо муҳаббат аз он ёд мекунад, ба истилогарони ин сарзамин нафрат дорад ва озодии онро ба ҷон хоҳон аст. Масъалаи озодии инсон ва рисолати инсон дар рўйи замин, ки меҳвари ғоявии ин гуна ашъорро ташкил медиҳанд, ба он аҳаммияти умумибшарӣ додааст. Ба ҳамин минвол, мавзуи Шарқ минбаъд ба мавзуъҳои асосии ашъори Турсунзода табдил ёфт ва шоир як силсила шеъру манзумаҳо офарид, ки манзумаҳои «Ду дастрўмол» (1949), силсилашеърҳои «Ман аз шарқи озод» (1950), «Дар мамлакати ғуломон» (1951), «Духтари муқаддас» (1955) ва достони «Садои Осиё» (1957) аз он ҷумлаанд. Ҳамлаи истилогаронаи Бритониёву Фаронса ва Исроил соли 1956 ба Миср барои наҳри Сувайс (Суетс) ва муборизаҳои ин халқи ҷафодида барои шаъну шараф ва озодии Ватани худ боиси эҷоди достони «Садои Осиё» гардидааст. Шоир ба муборизаи озодихоҳонаи мардуми Осиёву Африқо ҳамовозӣ намуда, садои дили ин мадуми ситамдидаро ба гўши ҷаҳониён мерасонад ва навиди шикасти сиёсати ғуломдории мамолики Аврупову Амрико ва пирўзии халқҳои мазлумро ба тарзи хитоба баён мекунад:
Осиё гўяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед!
Шоир муътақид аст, ки ҳеч қувваи истилогар наметавонад руҳияи озодипарастони Осиёро шикаст диҳад:
Нест, аммо қуввае, к-ин азмро орад завол,
Руҳи озодипарастонро намояд поймол.
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гўш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷўш, омад ба ҷўш!
Мирзо Турсунзода аз соли 1947 ба баъд ба ҳайси сафири фарҳанги мамлакати шуравӣ ба мамолики зиёде сафар намуда, дар ҳамоишу анҷуманҳои байналмилалӣ ширкат намудааст. Дар ин сафарҳо бо арбобони фарҳанги кишварҳои мухталифи ҷаҳон вохўрдааст. Натиҷаи ин сафарҳо дар як қатор ашъори дар мавзуи байналхалқӣ эҷод намудаи ў дарҷ шудаанд. Турсунзода барҳақ сафир ва мунодии сулҳу дустист ва худ низ мароми зиндагии хешро таъкид мекунад:
Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугў дорем мо.
Мавзуи Ватан дар ашъори ў ҷойгоҳи хос дорад, тавре мегўяд:
Ватан дар ҳар куҷо форам ба сар омад ҳавои ту,
Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту,
Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,
Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.
Дар баробари мавзуи байналмилалӣ Турсунзода дар мавзуи ҳаёти Тоҷикистон ва адабиёту фарҳанги он як қатор асарҳо офарида, ки достони «Ҳасани аробакаш» (1954), «Чароғи абадӣ» (1958) ва «Ҷони ширин» (1959) аз ҷумлаи беҳтаринанд. Аммо ин нукта қобили зикр аст, ки баъд аз сафарҳо ба мамолики Шарқ мавзуи байналмилалӣ, хосса масоили Шарқу Осиё ба ҷузъи таркибии осор шоир табдил меёбад. Ҳангоме ки аз ҳаёти тоҷикону Тоҷикистон сухан мегўяд, дар зеҳни ў рўзгори ҳамзабонони хориҷ хутур мекунад ва ин ду ҳаётро дар муқоиса ба тасвир меоварад. Чунончи, дар достони «Ҷони ширин», ки як достони ғиноӣ буда, мухотаб ва ҳамсуҳбаташ ҳамсараш (хонуми шоир) аст, аз шоири муборизи Покистонӣ – Файз Аҳмади Файз сухан ба миён меоварад, аз муборизаҳову талоши ў ва дар маҷмуъ аз ҳаёти мардуми Осиёву Африқо ҳарф мезанад. Достони «Чароғи абадӣ» баёнгари андешаҳои шоир перомуни гузашта, ҳозира ва ояндаи Осиёву Африқост. Ин се давронро Турсунзода вобаста ба саргузашт ва тақдири се насл – устод Айнӣ, худи шоир ва фарзанди навсозаш ба қалам овардааст. Симои Айнӣ намоди Шарқи азиятдида ва ба озодӣ расида мебошад. Дар маҷмуъ достони «Чароғи абадӣ» як достони ғиноии фалсафист, ки як лаҳзаи моҳи апрел тавлиди фарзанд ва мулоқоти шоир бо устод Айнӣ ба тасвир омадааст. Шоир симои устод Айниро чун сунбули абадияти хирад ва заковату маърифати мардуми Шарқ ба тасвир овардааст. Дар достони «Ҳасани аробакаш» раванди тадбиқи ҳаёти нав, ташаккули сифати одами нав ва ба маҷрои ҳаёти озод ворид шудани аҳли заҳмат, ранҷбарзодагон тасвири бадеӣ ёфтааст. Бино ба таъкиди шоир, сужаи ин достон аз саргузашти худаш сарчашма мегирад. Ҳасан симои ҳамон аробакашест, ки ўро соли 1929 ба Тошканд барои хондан бурда буд. Шоир чандин сол баъд бо ў вомехурад, ки ба сифати ронанда дар колхоз кор мекардааст.
Тафаккури шоиронаи Турсунзода дар осори ёддошт ва қайдҳо аз сафарҳояш, ки зиёда аз 200 мақолаву очерк (навиштаҳои мустанад)-ҳоро ташкил медиҳанд, таъсиргузор аст. Дар ин навиштаҳо таассуроти шоир аз сафарҳо ба гўшаву конори давлати паҳновари шуравӣ ва 25 кишвари Шарқу Ғарб, ёддоштҳову қайдҳо аз ҳамоишҳову анҷуманҳои байналмилалӣ доир ба сулҳу амният баён ёфтаанд. Воқеан, тамоми ашъор ва хосса осори мустанади шоир комилан ифодагари руҳияи ҷомеаи ҳамондавраанд. Ин навиштаҳо ва дигар гузоришҳову маърузаҳои шоир дар анҷуманҳову ҳамоишҳо дар кутуби «Сулҳ бар ҷанг пирўз мешавад» (1950) ва “Сайёраи инсоният» (1981, ҳарду ба забони русӣ) гирдоварӣ шудаанд. Ва дар он замон тоҷику Тоҷикистонро тавассути осори ў дар арсаи ҷаҳон шинохтанд. Турсунзода ифодакунандаи худогоҳӣ ва худшиносии миллии халқи худ ва дар айни замон интернасионалисти асил буд, ки ғояи инсондўстиро бо каломи мавзун ва хитобаҳои меҳрогин ба ҷаҳониён илқо намудааст:
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.
Нест чунки ҳеч чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар мағз-мағзи ҷон гузор.
Турсунзода вакили Шурои Олии Иттиҳоди шуравӣ (даъвати 2-9), аъзои ҳизби коммунистии Тоҷикистон (аз соли 1946), аъзо ва котиби раёсати Иттифоқи нависандагони шуравӣ (аз соли 1959), раиси Кумитаи шурои якдилии мамолики Осиё ва Африқо, аъзои раёсати Кумитаи шуравии сулҳ, аъзои Кумитаи мукофоти ленинӣ ва давлати шуравӣ, раиси Кумитаи мукофоти давлати Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ буд. Осор ва фаъолияти сиёсию ҷамъиятии Турсунзода бо мукофотҳои давлатӣ (1948 барои силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон), ленинӣ (1960 барои достони «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ» ва силсилашеърҳои «Садои Осиё»), мукофоти давлатии Ҷумҳурии шуравии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ (1963 барои достони «Ҷони ширин), мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлал Неҳру (1967) ва мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1971) қадршиносӣ шудааст. Турсунзода аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагон бо 4 ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр, ордени Ҷумҳурии халқии Булғористон –»Крилл ва Мефодий» (дараҷаи 2), медали Ҷамол Абдунносир (Миср) ва ғайра мукофонида шудааст. Соли 1974 ба «Медали талоии Кумитаи шуравии муҳофизати сулҳ» мушарраф гардидааст. Барои абадӣ гардондани номи Турсунзода Хонаи адибони Тоҷикистон, Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон, н. Регар ва шаҳри Регар (зодгоҳи шоир), яке аз қуллаҳои баланди Помир ва чандин хиёбонҳо ба номи Турсунзода ихтисос дода шуд. Ба муносибати 70-солагии шоир дар шаҳри Турсунзода муҷассамаи ў гузошта шуд. Дар Хуҷанд 2 хона-музей ва дар Душанбе Музейи адабии Турсунзода амал мекунанд. Иттифоқи нависандагони давлати шуравӣ ва Кумитаи якдилии мамолики Осиёву Африқо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мукофоти адабии ба номи Турсунзода ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон стипендияи ба номи Турсунзодаро таъсис намуданд. Соли 2001 бо қарори ЮНЕСКО ва Ҳукумати Тоҷикистон 90-солагии Турсунзода ҷашн гирифта шуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 майи соли 2001 ба Турсунзода барои хидматҳои бузургаш ба халқи тоҷик ва адабиёту фарҳанги он ва матонат нишон доданаш дар бунёди пояҳои истиқлоли Тоҷикистон ва таҳким бахшиданаш ба дўстии халқҳо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Марқади шоир дар қабристони Лучоб, дар канори шаҳри Душанбе воқеъ ва зиёратгоҳи аҳли назар аст.
Таҳияи С. Хоҷазод
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj