• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Хабар
There are no translations available.

 

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ҶАВОНОНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚИ ДОНИШГОҲ ДАР МОҲВОРАИ ҶАВОНОН
Возможно, это изображение 4 человека, люди учатся и текстДар таърихи 3-майи соли равон дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо мақсади иҷрои дастури раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва иҷрои саривақтии нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон бахшида ба моҳвораи ҷавонон, бо донишҷӯёни факултетҳо ва хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯриҳо дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва таълимотҳои динӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастоварҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, интернет ва истифодаи он,
пешгирии хурофотпарстӣ ва бегонапарастӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таҳти унвони “Мо ҷавонон бар зидди падидаҳои номатлуб мубориза мебарем” ташкил ва баргузор гардид.
Дар баргузории мулоқоти судманди имрӯза мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Давлатшо Каримзода, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”-и донишгоҳ Ҳабибулло Сатторӣ, декани факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ Назримад Давлатзода, кормандони Шуъбаи кор бо ҷавонон Зокиров Хусрав, Сафаров Шаҳриёр, муовинони декан ва донишҷӯёни факултети мазкур иштирок намуданд.
Дар ин мулоқот баромадкунандагон иброз намуданд, ки мо бояд оғози роҳи худро фаромӯш насозем, балки онро гаштаю баргашта омӯзем ва идомаи онро созем. Имрӯзҳо муҳимтарин рисолати ҷавонони мо ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва таъмини амнияту субот дар кишвар аст. Мо ифтихорманд аз онем, ки имрӯз бо дарки масъулияти ватандорӣ ҷавонони мо аз уҳдаи нигоҳубини сарҳадоти давлатӣ бо сари баланд баромада истодаанд ва сипари боэътимоди Ватан мебошанд. Дар идома қайд карда шуд, ки мақсади вохӯрӣ ин тарбияи ҷавонон ва донишҷӯён дар рӯҳияи худшинсии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳамбастагӣ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтироми волоияти қонун, пуштибонӣ аз сиёсати созандаю бунёдкорона ва башардӯстонаю ваҳдатсолории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замиан боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии донишҷӯён доир ба равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир мебошад.
Дар интиҳо аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки имрӯзҳо бояд дар чунин як шароити хело ҳасос зиракии сиёсиро аз даст надода, сатҳи дониши худро дар самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, таҳаввулотҳои сиёсии ҷаҳон ва ҳаракату равияҳои экстремистию террористӣ ва хатари гурӯҳи террористии толибон дарк намоянду ҳамеша дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шаванд ва дар паи ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj