• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Новости
There are no translations available.

“ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ” НАСИБИ ДАСТАИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА ГАРДИД

Возможно, это изображение 13 человек, люди играют в футбол, люди играют в футбол и текст «KAFD KAFD KAFD KAFD ማር KAFD»Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи дастури раёсати донишгоҳ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таҳким бахшидани равобити дустӣ миёни ҷавонон ҷиҳати иҷроиши нақша-чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бо мақсади сазовор таҷлил намудани 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи тарбияи
ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ шурӯъ аз 24-уми апрел то санаи 7-майи соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯписарони факултетҳо ташкил ва баргузор гардид. Дастаҳо дар ду гуруҳ байни ҳам рақобат намуда ба даври ниманиҳои баромаданд. Баъди бозиҳои даври ниманиҳои 4-дастаи факултетҳои забонҳои романӣ-германӣ, забони англисӣ ва забонҳои Шарқ, математика ва информатика, таърих ва ҳуқуқ ба даври ниҳоӣ баромаданд. Маврид ба зикр аст, ки барои ҷойи сеюм дастаи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо дастаи факултети таърих ва ҳуқуқ бозӣ анҷом доданд, ки дар охир ҷойи сеюм насиби дастаи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ гардид.
Барои ба даст овардани “Ҷоми ректори донишгоҳ” имрӯз дар даври ниҳоии ин мусобиқа ду дастаҳои факултети забонҳои романӣ-германӣ бо дастаи факултети математика ва информатика бозӣ намуданд, ки аз бозии ин дуста мухлисони ин риштаи варзишро ба ваҷд оварда аз дидани ин бозӣ ҳаловат бурданд.
Дар охир дастаи факултети математика ва информатика ғолиб ва барандаи “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар риштаи футболи хурд гардид.
 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj