• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ: БАРДОШТ ВА НАТИҶАҲО
(бардошт аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф)
Возможно, это изображение 1 человекСанаи 30-юми майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи кишвар вохӯрии судманд анҷом дода, мубрамтарин масоили марбут ба соҳаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Зимни вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат нахуст аз рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ёдовар гардида, таъкид намуд, ки бузургтарин дастоварде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба он дастрасӣ пайдо намуд, ин хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.
Воқеан, ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик даврони сахту сангини таърихӣ буд. Дар ин давра, аниқтараш дар фосилаи солҳои 1991-1997, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга дошта, дастовардҳои мардуми тоҷик, ки дар тули 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ ба даст омада буданд, ба коми он фурӯ мерафтанд. Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин вазъи харобиовар дер давом накарда, санаи 27 июни соли 1997 ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт.
Пас аз баёни масоили мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии илми тоҷикро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд таъкид намуд, ки пешрафти ҳар як давлату миллат ба рушди илм ва моликияти зеҳнии он вобастагӣ дорад. Чи тавре аз таҷрибаи давлатҳои пешқадами дунёи муосир бар меояд, танҳо ҳамон давлат ва халқиятҳое ба нуктаи баландтарини иқтисодӣ расида метавонанд, ки дар онҳо қисми зиёди аҳолӣ саводнок буда, олимону муҳаққиқонашон мунтазам кашфиёту ихтироотҳои замониро роҳандозӣ менамоянд. Аммо он халқияту миллатҳое, ки омӯзиши илмро дуюмдараҷа медонанд, ба гирдоби ҷаҳолату нодонӣ афтида, аз вартаи ҳалокату ҷоҳилият худро раҳо карда наметавонанд ва пайваста вобастаи давлатҳои сарватманду пешрафтаи дунё буда, амнияту оромии онҳо зери хатари доимӣ қарор дорад.
Бо назардошти ин вижагии илм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш аз мавқеъгирии сиёсати худ нисбат ба соҳаи илму маориф ёдовар гардида таъкид доштанд, ки “..мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин донишгоҳу донишкада бунёд кардем”.
Агар мо вазъи кунунии соҳаи маорифро нисбат ба солҳои қаблӣ мавриди қиёс қарор диҳем, бе шакку шубҳа метавон гуфт, ки соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷиҳати таъминоти моддӣ-техникӣ хеле пеш рафтааст. Барои исботи ин андеша метавон чанд далели раднопазир аз суханронии Пешвои миллат (30.05.2024) овард. Масалан, “то замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст”.
Инчунин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар сахттарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ ман биноҳои илмию таълимиро зери назорати ҷиддии худ гирифта, нагузоштам ки ба онҳо осеби ҷиддӣ расад. Пайваста бахши моддию сохтории онҳоро мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор дода, ба рушди онҳо таъсири мусбат гузоштем. Ҳамин буд, ки “бо дастгирии ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.
Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.
Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад.
Дар ин марҳала сохтори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ такмил дода, шумораи бастҳои кории он зиёд карда шуд.
Соли 2003 дар назди ин академия Маркази илмии кишоварзии Помир ва соли 2020 Маркази ҷумҳуриявии илмиву таҳқиқотии пиллапарвариро таъсис додем.
Мусаллам аст, ки миллати тоҷик аз азал миллати тамаддунсозу фарҳангсолор буда, бо фарҳанги моддию маънавии худ хазинаи фарҳангии ҷаҳонро хеле бой намудааст. Имрӯз дар саросари олам мардуми ҷаҳон миллати тоҷикро дар баробари дигар халқияту миллатҳои соҳибтамаддун пазируфта, ба он эҳтирому самимияти хоса доранд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифӣ ва азнавсозии таърихи пурғановати миллати тоҷик тамоми шароити мусоидро фароҳам овард.
Ин нуктаҳоро Президенти муҳтарам ёдовар гардида, иброз доштанд, ки “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад.
Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд”.
Беҳбуди вазъи иҷтимоии устодону кормандони муассисаҳои илмӣ самти дигари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бевосита зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Агар мо ба ҳисоботҳои оморӣ назар андозем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ҳамасола музди маоши кормандони илмӣ вобаста ба имкониятҳои буҷетӣ баланд бардошта мешавад. Чунон ки Президенти кишвар дар суханронии худ қайд намуданд: “....маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд.
Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.
Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифт ин дастгирии ҷавонон дар ҳама самтҳо ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, барои рушди ҷавонон давра ба давра тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Имрӯз таҳти сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору пайкор, илмомӯзию донишазхудкунии ҷавонон муассисаҳои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Яке аз соҳаҳои мубраме, ки дар он ҷавонон сарбаландона ифои вазифа доранд, ин соҳаи илму маориф мебошад. Агар аз як ҷониб ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзишу азхудкунии дониш машғул бошанд, аз ҷониби дигар ҷавонон ба таҳқиқу тадрис машғуланд. Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш неруи бузурги ҷавононро ба инобат гирифта, онҳоро ояндаи давлату миллати тоҷик муаррифӣ намудаанд. Худи Пешвои миллат вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон чандин асару мақолаҳои гаронарзиш эҷод карданд. Зимни вохӯрӣ бо аҳли зиё таъкид намуданд, ки дар ҳама кору пайкор ҷавононро дастгирӣ намуда, дар мутахассисшавии онҳо тамоми саъю кӯшишҳоро роҳандозӣ менамоянд. Ба олимону муҳаққиқони соҳибунвону таҷрибадор дастур дода шуд, ки дар омодасозии кадрҳои ҷавон бетарафӣ накарда, ёрии ҳамаҷонибаи худро расонанд.
Воқеан, нақш ва мақоми бузургсолон дар тарбия ва таълими насли ҷавон хеле таъсиргузор аст. Маҳз насли калонсолу донишманд аст, ки ҷавонон дар руҳияи инсонгароӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия меёбанд. Бузурге беҳуда нагуфтааст: “Ҳикмати пирон ҷавононро ба манзил мебарад”.
Бояд ҳар як фарди тоҷик суханони Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзгори худ намуда, дар роҳи тарбияи насли донишманду соҳибфарҳанг нақши бориз гузорад.
Тавре аз раванди ҷаҳони пуртазод ва олудаи ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бар меояд қишре, ки пайваста зери хатар қарор дорад, пеш аз ҳама, ҷавонон мебошанд. Аз таҳлил ва гуфтаҳои коршиносон бар меояд, ки саркардагони гурӯҳҳои террористӣ сафи худро бештар аз ҳисоби тоифаҳои бесаводу дур аз илму маърифат пурра месозанд. Мутаассифона, дар миёни ҷавонони дигар давлатҳо бархе аз ҷавонони тоҷик низ шомили ин гурӯҳҳои даҳшатбор мебошанд. Аслан ҷавонони шомилшуда ҷавонони бедонишу дур аз таълим ва тарбияи дуруст буда, дар вуҷудашон зараре меҳр бар падару модар ва ватани худ надоранд. Аз ин рӯ, вазъи феълӣ натанҳо як бахши ҷомеа, балки тамоми ҷомеаро водор месозад, ки тарбияи комили ҷавононро қарзи ватандории худ донанд.
Дар идомаи суханронии худ Президенти маҳбуби кишвар фаъолияти КОА ва фаъолияти шуроҳои дифоъ, фаъолияти паркҳои технологӣ, таъсиси синфхонаҳои озмоишӣ, таъмини синфхонаҳои таълимиро бо мизу курсиҳои наву замонавӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои фаъол ва пешсаф дар ҷумҳурӣ буда, дар омодасозии мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ нақши беназир дорад. Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф барои дар сатҳи баланд омода намудани омӯзгорони ояндаи мамлакат дар донишгоҳ тамоми шароити заруриро фароҳам оварда истодааст. Дар ду соли охир дар донишгоҳ чандин корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар дараи Ромит маркази таҷрибаомӯзии агролаборатории дуошёна барои факултетҳои биология, химия ва география мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маркази таҷрибомӯзии мазкур тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам гардида, донишҷӯён метавонанд, ки таҷрибаомӯзии худро вобаста ба таълими замони муосир анҷом диҳанд. Инчунин дар ҳамин сол дар донишгоҳ 5 озмоишгоҳи наву замонавӣ дар факултетҳои биология, химия ва физика ташкил карда шуд.
Масоили дигаре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он диққати махсус зоҳир намуд, ин фаъолият технопаркҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои таҳқиқотӣ мебошад. Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як парки технологие тули солҳои зиёд ба ном мавҷуд буда, ҳеҷ гуна фаъолиятеро пеш намебурд. Тули ду сол мешавад, ки фаъолияти ин парк ҷоннок гардида, тамоми мизу курсиҳо ва ҷевонҳои утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимиро бо истеҳсоли худ таъмин менамояд. Рӯзҳои наздик дар нақша аст, ки ғайр аз истеҳсоли мизу курсиҳои таълимӣ дар парки технологӣ истеҳсоли дигар ашёҳои рӯзгор истеҳсол карда шаванд.
Дар баробари ҳамаи ин дар соли 2023-2024 аз ҷониби Ассотсиатсияи таҳсилоти олии Чини Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази хизматрасонии Чин оид ба табодули байналмилалии илмии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин 89 ихтисоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аккредитатсияи байналмилалии донишгоҳӣ (Institutional accreditation) гузашт.
Барои супоридани сертификати мазкур намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла Чжао Хун Лян, директори ширкати таҳсилотии Шангдони Хитой, Ден Ронг Бан, ректори Донишкадаи Техникии Кумин ва 10 нафар омӯзгори муассисаҳои олии Чин ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Инчунин Муассисаи “London School of Digital Business” ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ ва эътирофи дастовардҳо ба “Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)" сазовор донист.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти байналмилалии густурдаро пеш гирифта, айни замон бо зиёда аз 120 муассисаҳои илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Боиси хушнудист, ки фаъолияти илмӣ-таълимии донишгоҳ аз тарафи кишварҳои хориҷӣ баҳои баланд гирифта, имрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯйи рейтинг дар раддабандии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Халқии Чин ҷойи аввалро соҳиб гардид.
Дар фаъолияти минбаъда низ Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф татбиқ намуда, ҳама дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро софдилона иҷро намояд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj