Хабарҳо |
There are no translations available. БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲО МИЁНИ РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
![]() Зимни ташриф Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ меҳмононро истиқбол намуда, ҷонибҳо дар доираи суҳбат масъалаи тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла мубодилаи академии мутахассисон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, мубодилаи мутақобилаи донишҷӯён, магистрантҳо ва аспирантҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои амиқтар кардани донишҳои назариявӣ ва амалӣ, ташкили конференсияҳои муштарак, семинарҳо ва
симпозиумҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳои мулоқот аз ҷониби ректори донишгоҳ ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ баҳри тавсеаи ҳамкориҳо тӯҳфаи рамзие бо самимияту иродатмандӣ тақдим гардид.
овар мешавем, ки созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ моҳи апрели соли ҷорӣ дар Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расида буд.
|