Хабарҳо |
There are no translations available.
“ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТИ РАВОНШИНОСИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТӢ: ВАЗЪИЯТ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОНҲО”
Зери чунин унвон имрӯз дар толори шурои олимони донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори он сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ Ахиева Саодат, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҷидова Бибиҳафиза, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Юнусова Нафиса, декани факултети психология, н.и.педагогӣ Саидзода Низомиддин ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мизи мудаввар баромадкунандагон дар мавзуҳои “Дурнамои фаъолияти равоншиноси муассисаҳои таҳсилотӣ: вазъият, мушкилот ва роҳҳои бартарафсозии онҳо”, “Фаъолияти психологии соҳаи маорифи Тоҷикистон: мушкилоти ҳалнашуда ва ҷанбаҳои асосии тараққиёт”, “Системаи хадамоти психологии муассисаҳои таҳсилотӣ ҳамчун меҳвари рушд ва бартарафсозии монеаҳои рушди психикии хонандагон” ва ҳаммонанди онҳо бо рӯнамо маърӯза намуда, миёни аҳли нишаст муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
|