Хабарҳо
|
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА
 Имрӯз дар боғи "Агролабораторӣ"-и донишгоҳ бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯён ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил гардид. Ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода зимни суханронии хеш баён намуданд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд. Ҳамчунин дарҷ шуд, ки Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои
кишоварзон мужда медиҳад. Дар намоиши ҷашнӣ хӯрокҳои миллӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд. |