Факултетҳо |
ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ
Соли 1940 факултаи забонҳои хориҷӣ бо як гурӯҳи забони олмонӣ ва як гурӯҳи забони англисӣ таъсис дода шуд, ки дар он ҳамагӣ 21 донишҷӯ ва 5 омӯзгор фаъолият доштаанд. Аввалин декани факулта хонум Сиповская К.А. будааст. Сипас дар солҳои гуногун дар факултаи забонҳои хориҷӣ Венера Гогошидзе (ду дафъа), Ирина Сазонова, Михаил Василев, Иван Яковлев, Анна Соловева, Пётр Бояршников, Парвона Ҷамшедов, Рустам Деҳотӣ, Шокир Мухтор, Хайрулло Сайфуллоев, Ҳайдарова, Маҳмадшариф Шоев, Маҳмадрасул Қарахонов, Соқибой Султонов, Ҳобил Зикиров ҳамчун декан иҷрои вазифа намудаанд. Соли таҳсили 1941-1942 иддаи дигари олимони машҳур аз шаҳрҳои Москва ва Ленинград аз сабаби хатари ҷанг ба ақибгоҳ, аз ҷумла ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Дар байни онҳо профессор Александров М.Н. низ буд, ки баъдан сарварии кафедраи забонҳои хориҷиро ба ӯҳда гирифтааст. Солҳои 1975-1980 барои устодони факултаи забонҳои хориҷӣ давраи рушди илм ба шумор мерафт. Дар ин давра роҳбарии факултаро устод Парвонаи Ҷамшед ба уҳда дошт. Дар факулта 6 кафедра амал мекард. Теъдоди омӯзгорони тоҷик дар ҳар кафедра 4-5 нафарро ташкил медод. Зиёда аз 90% ҷавонон ба кори илмӣ ҷалб карда шудаанд. Дар ин солҳо Мухторов Ш.М., Сайфуллоев Х.Ғ., Деҳотӣ Р.А., Ҳакимова Л.К., Орешина Н.Я., Пӯлодова Г.Д. соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гардидаанд. Дар аввали солҳои 90-ум сарфи назар аз душвориҳои ҷанги шаҳрвандӣ садорати факултет дар таълими босамари донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон кӯшиши зиёде кардаанд. Бо ташаббуси Сафоратҳои Олмон ва Фаронса бо донишҷӯён ҳар гуна вохӯрӣ ва шабнишиниҳо гузаронида мешуданд, шогирдон ва устодони факултет барои такмили дониш ва ихтисос ба Донишгоҳҳои Олмону Фаронса фиристода мешуданд, ки тавассути чунин ғамхориҳо шавқи эшон нисбат ба забонҳои Ғарб афзун мегардид. Сафоратҳои номбаршуда инчунин барои ис тифодаи донишҷӯён компютер, принтер, ксерокс, телевизор, видео, китобҳои дарсӣ тӯҳфа намудаанд. Ташкили омӯзиши ин ё он забон аз талаботи иҷтимоии ҷамъият сарчашма мегирад. Моҳи январи соли 1998 факултаи забонҳои хориҷӣ ба ду факултаи мустақил: факултаи забони англисӣ ва факултаи забонҳои романӣ-германӣ ҷудо шуд. Декани аввалини факултаи забонҳои романӣ-германӣ профессор Шокир Мухторов буд. Номбурда солҳои 1995-1998 декани факултаи забонҳои хориҷӣ буда, то сентябри соли 1999 ҳамчун декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ фаъолият намудааст. Аз сентябри соли 1999 то моҳи июни соли 2008 вазифаи деканӣ насиби доктори илмҳои педагогӣ, профессор Хайрулло Сайфуллоев гардидааст. Аз моҳи июни соли 2008 то моҳи июни соли 2009 саромӯзгор Раҳима Ҳайдарова ҳамчун декан ифои вазифа намудааст. Аз моҳи июли соли 2009 то моҳи январи соли 2012 саромӯзвгор Муҳаммадшариф Шоев, аз моҳи январи соли 2012 то сентябри соли 2015 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Қарахонов Маҳмадрасул ва аз моҳи августи соли 2015 то соли 2016 дотсент Султонов Соқибой, аз соли 2016 то соли 2017 дотсент Зикиров Ҳобил ва аз соли 2017 то ҳол дотсент Сайфуллоева Зарина вазифаи декании факултаи забонҳои романию германиро ба уҳда дорад. Алҳол дар факултети мазкур чор кафедра: кафедраи забони олмонӣ, кафедраи забони фаронсавӣ, кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума ва кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ фаъолият намуда. Робитаи устодони факултет бо донишгоҳҳои Олмон, Австрия, Фаронса ва Белгия қавӣ аст. Устодон Сайфуллоев Х., Сайфуллоева З., Хоркашева З., Ҷӯрабеков К., Раҷабова Ф. ва Одинаев Ф. дар донишгоҳҳои Берлин, Бонн, Магдебург, Кёлн, Вена, Клагенфурт, Гратс, устодони забони фаронсавӣ Султонов С., Шоев М., Қурбонов Т., Муҳиддинов Т., Ҷумъаев Т., Шодиева М. ва дигарон дар донишгоҳҳои Порис, Безансон, Рошфор, Авинйон ва ғайра такмили дониш ва коромӯзӣ кардаанд. Ҳар сол устодону шогирдони факултет тавассути ҳаргуна барномаҳо ва таклифи донишгоҳҳои Ғарб ба Олмону Фаронса ба курсҳои кӯтоҳмуддати такмили забон фиристода мешаванд. Бо ташаббуси Сафорати Австрия соли 7-ум аст, ки устодони ҷавони утришӣ ба донишҷӯён ва омӯзгорони забони олмонии факулта таи ду ҳафта забони олмонӣ ва фарҳанги утришӣ меомӯзанд. Устодони факулта бо олимони кишварҳои номбаршуда дар таҳияи муҳовара ва луғатҳои дузабона, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ҳамкории зич доранд. |