• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таҷлили бошукӯҳи истиқлолият

Истиқлолият барои ҳар кишвару давлат дастоварди бузургест. Мо, тоҷикон, низ 9-уми сентябри соли 1991 соҳибиистиқлол гаштем. Бахшида ба ин санаи муборак дар донишгоҳ ҷамъомади пуршукӯҳ доир гардид. Дар оғоз ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ аз арзиши истиқлолият сухан гуфт.

Сипас, доктори илмҳои фалсафа Б.Самиев аз заҳматҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Истиқлолият сухан намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон ба қадри ваҳдату истиқлолият бирасанд ва ба гурӯҳҳое, ки амнияти кишвари моро халалдор кардан мехоҳанд, ҳамроҳ нашаванд. Вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки барои рушду нумӯи Ватан ҳиссагузор бошад.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ сарвари донишгоҳ як қатор омӯзгоронро, ки фаъолияти хуб нишон доданд, бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонид.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj