• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Сурдопедагогика - «дастони гӯё»

Ҳамасола дар ҷаҳон 29-уми сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии ношунавоён ҷашн гирифта мешавад. Дар робита бо ин рӯз факултаи педагогика бо роҳбарии омӯзгорон Б.Маҷидова, Г.Қурбонова ва З.Рустамова ҷамъомад доир намуданд.

Дар чорабинӣ директори мактаб-интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ ва хонандагони ҳамин муассиса, хонандагони мактаби махсусгардонидашудаи №8-и шаҳри Душанбе,

намояндагони Институти ҷомеаи кушоди «Бунёди мадад» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор М.Камолиддинов, сардори раёсати таълими донишгоҳ  Б.Самиев ва шоире, ки ашъори худро ба маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд бахшида аст, Нуруллои Ориф ширкат доштанд.

 

Мавриди зикр аст, ки дар факулта ихтисоси сурдопедагогика таълим дода мешавад, ки барои таълиму тарбияи ашхоси имконияташон маҳдуд- лолу ношунавоён мутахассис тайёр мекунад. Чорабиниро декани факулта А.Ғаффоров ҳусни оғоз бахшида, профессорон дар бораи сурдопедагогика суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, барои шод гардонидани меҳмонон номераи консертӣ бо тарҷумаи сурдопедагогика «дастони гӯё» пешкаш гардид. Дар фарҷом ба  хонандагони мактаб-интернати ношунавоён ва мактаби махсусгардонидашудаи №8 туҳфаҳо супорида шуд.

Саидаброр Ҳасанов, донишҷӯи соли 2-юми факултаи педагогика

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj