• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чу узве ба дард оварад рӯзгор…

Шоири бузурги тоҷик Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ фамудаанд: «Бани одам аъзои якдигаранд…». Алҳақ инсони комил ба ғаму мусибати дигарон бетарафу бетафовут буда наметавонад. Аз ин ҷост, ки омӯзгорони донишгоҳи мо барои кумаку дастгирии ҷабрдидагони офати табиии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дасти ёрӣ дароз карда, як қатор ашёи рӯзгор ва хӯрока фиристоданд. Аз ҷумла, яхдон, телевизор, мошинаи дарздӯзӣ, мошинаи либосшӯӣ, бухории барқӣ, сандуқ, тафдон, гӯштқиммакунак, шарбатҷудокунак, кӯрпа, кӯрпача, болишт, матрас, ҷилпӯш, кампали пашмин, сачоқ, коса, табақ, дег, чойник, лаълича, пиёла, сатил, тағора, орд, гандум, биринҷ, картошка, пиёз, равған, шакар, тухм, нахуд, наск, лубиё, маска ва либосаву дигар асбобу анҷомҳои барои зиндагӣ зарурӣ. Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки тоҷикон ҳамеша дар лаҳзаҳои мушкил ғамхору дилсӯзи якдигаранд.

И.АБДУЛЛО

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj