• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Сухан Рӯдакивор некуст

Бахшида ба бузургдошти сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултаи педагогика ва донишҷӯи фаъоли ҳамин факулта Саидаброр Ҳасанов маҳфили адабии «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй» баргузор гардид. Декани факулта А.Ғаффоров чорабиниро ифтитоҳ намуд. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ А.Муллоев дар мавзӯи «Нақши Рӯдакӣ дар баланд бардоштани забони форсӣ-дарӣ» нутқ ироа кард. Аз рӯзгору зиндагии шоир ва фаъолияти эҷодии ӯ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Ҳамза Боқиев ба донишҷӯён маълумот дод.

Дар қисмати охири ҷамъомад донишҷӯёни факулта Нилуфар Ҳамидова, Шаҳноза Алматова, Ардамеҳр Одилов, Муниса  Носирова, Ситора Ташева ва дигарон аз осори устод шеърҳо қироат намуданд.

Зайнаб Азизова, донишҷӯи соли 1-уми факултаи педагогика

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj