• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Шарҳи Паём ба донишҷӯён

Барои шарҳи муҳтавои Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садорати факултаи география бо донишҷӯёни худ вохӯрӣ анҷом дод. Мавриди зикр аст, ки чунин вохӯриҳо аз 2-юми феврал оғоз гардида, то 16-уми феврал давом мекунанд ва бо ҳамаи факултаҳо баргузор мегарданд.

Ҷамъомадро декани факулта А.Самиев оғоз намуд. Нахуст омӯзгори ҳамин факулта аз саҳми Ҷаноби Олӣ барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ сухан гуфта, чанд нуктаеро аз Паём тавзеҳ бахшид.

Сипас, Қ.Иброҳимов дар бораи нақши Паём барои рушди ҷомеа нутқ ироа карда, зикр кард, ки барои татбиқи нақшаи дурнамои Паём мутахассисони соҳибмаълумот ва варзида заруранд. Аз ин рӯ, донишҷӯён бояд бо ҷидду ҷаҳд кӯшиш намоянд, ки дар соҳаи интихобнамудаи хеш муваффақ бошанд. Зеро дар оянда бурду бохти ҷумҳурии азизамон аз онҳо вобаста аст.

Декани факултаи география А.Самиев аз бунёди минтақаҳои саноатӣ, ки дар Паём зикршудаанд, ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки дар соли 2016 то соли 2017  ду корхонаи коркарди нафт, се корхонаи сементбарорӣ, корхонаҳои бофандагӣ, се корхонаи саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга, корхонаи бузурги металлургӣ ва боз як корхонаи металлургӣ ба истифода дода мешаванд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҳар як донишҷӯ Паёми Сарвари давлатро сармашқи зиндагии худ қарор дода, баҳри ободии Ватан ҷаҳд намояд.

Илҳоми Абдулло

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj