• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Маҳфили дилангез

Садорати факултаи таърих 11-уми феврали соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Xумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Маҷид Салим-нависанда, Парда Ҳабиб-шоир, дорандаи Ҷоизаи ба номи М.Турсунзода, муовини сармуҳаррири ҳафтномаи «Адабиёт ва санъат» ва Убайдуллои Акрамзод-муовини сармуҳаррири радиои фарҳанг мизи мудаввар баргузор намуд.

Нахуст, декани факулта А.Муродов мизи мудавварро иқдоми хубе дар самти хештаншиносиву ватандорӣ ва ҳисси миллии донишҷӯён арзёбӣ намуд. Сипас, адиб, нависанда Маҷид Салим дар бораи асари худ «Темурмалик» маълумот дода, қаҳрамониҳои ин марди ватандӯстро, ки барои халқу миллати хеш ҷонбозиҳо намудааст, тавсиф бахшид. Ба саволи донишҷӯён - «Номи зан ва писари Темурмалик дақиқ аст ё на?»- нависанда ҷавоб дод, ки ин номҳоро ӯ баргузидааст. Зеро номи зану писари Темурмалик дар ягон сарчашма зикр нагардидааст.

Убайдуллои Акрамзод зикр кард, ки дар хунрезиҳои ваҳшиёнаи муғул зиёда аз 7 миллион тоҷик ҷон бохтааст. Барои болидарӯҳии ҳозирин У.Акрамзод сурудеро бо навои танбӯр замзама кард.

Парда Ҳабиб аз донишҷӯён даъват ба амал овард,ки барои шукуфоии диёри маҳбубамон бештар саҳмгузор бошанд.

Дар охир таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо бештар гузаронида шаванд ва алоқаи шахсони намоёни ҷумҳурӣ  бо донишҷӯён ногусастанӣ бошад.

Таҳмина НАРЗУЛЛОЕВА, донишҷӯи  соли 1-уми факултаи таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj