Факултетҳо |
There are no translations available. ТАЪРИХИ ФАКУЛТАИ ПЕДАГОГИКА Факултети педагогика аз бонуфузтарин факултетҳои донишгоҳ маҳсуб ёфта, шуруъ аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз дар рушди маорифи кишвар, махсусан дар омода намудани омӯзгорону мураббиёни риштаи таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти томактабӣ саҳми боарзишро ифо карда меояд. Факултети педагогика баъди як соли таъсиси Донишкадаи омӯзгориишаҳри Сталинобод ташкил карда шудааст. Аз ин рӯ, онро яке аз нахустин факултетҳои донишкада ном мебаранд. Ин факултет дар солҳои аввали таъсисёбиаш (1932–1933) се маротиба тағйири ном кард. 1 августи соли 1932 шуъбаи мактабӣ-педагогӣ (он вакт факултетҳо набуданд, бинобар ин шуъбаҳо номгузорӣ мешуданд), сипас Академияи педагогӣ ва 6 июли соли 1934 факултети педагогика ном гирифт, ки то ба ин рӯз бо ҳамин ном арзи ҳастӣ дорад. Факултети педагогика яке аз бахшҳои калонтарини Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ буда, дар давоми солҳои мавҷудияти хеш дорои қувваи бузурги эҷодӣ гардид. Дар айни замон он яке аз марказҳои илмию таълимӣ, боргоҳи тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва яке аз ҷузъҳои пешқадами сохтори донишгоҳ мебошад. Соли 1936 талаби муассисаҳои томактабиро ба кадрҳои педагогӣ баҳисоб гирифта, шуъбаи томактабӣ таъсис дода шуд, ки дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ нақши муҳим дошт. Инкишофибосуръати илму маориф, самаранокии кори таълиму тарбия тақозо мекард,ки баҳри беҳдошти сифати ҷараёни таълим кафедраҳои тахассусӣ ташкилдода шаванд. Дар айни ҳол дар факултет шаш кафедраи тахассусӣ: кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоӣ, кафедраи педагогика, психология ва методикаи таҳсилоти томактабӣ , кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ- бадеӣ ва кафедраи педагогикаи умумӣ фаъолият мекунад. Аз рӯзи таъсисёбиаш факултетро Умаров Т.У. (1958-1959), Исое Я. (1960-1967), Нуриддинов Г.Н. (1968-1972), Хоҷаев Ф. (1972-1976), Қосимов М. (1976-1978), Лутфуллоев М. (1978), Сафаров Н. (1978-1980), Раҳмонов С. (1980-1986), Раҳимов Б. (1987-1998), Нуров А. (1998-2007, 2008-2013), Ғаффоров А.(2007-2008, 2013-2018), Шарифзода Б.(2018), Мадатзода М (2018-2021), Қосимов С.(2021), Давлатзода Фаридун (2021 то 2023) ба уҳда доштанд. Аз соли 2023 роҳбарии факултетро н.и.т., дотсент Наҷмуддинов Толибшо ба уҳда доранд. Шумораи донишҷӯён дар давоми мавҷудияти факултет пайваста афзоиш ёфтааст. Айни ҳол дар шуъбаи рӯзона ва фосилавии факултет 3960 донишҷӯ таҳсил менамояд, ки аз ин теъдод 496 нафари онҳо донишҷӯёни шуъбаи рӯзона мебошанд. 975 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Узбекистон ва Туркманистон дар шуъбаи фосилавӣ тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. |