• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ШУМО, ЭЙ ХОИНОНИ МАН

ЗИ БИМИ ХЕШ МЕМИРЕД…

(Навҳаи Ватан-модар, Тоҷикистони азиз  ба фарзандони носипоси хеш)

Манам Модар,

Манам Меҳан.

Аё фарзандҳое, ки аз ман гаштаед безор,

Зи пуштам мезанед ханҷар сухан гуфта зи нангу ор.

Шумо эй зархаридҳое, ки бифрухтед виҷдонро.

Фурухтед модари хешрову меҳанрову имонро.

Зи минбарҳои олам дод мегӯед

«ВАТАН ДОРАМ!»

Ватандор бар Ватан меояду обод месозад,

Варо аз хасму буҳтону ғараз озод месозад.

Агар фарзанди бооред,

ба Модар сар фуруд оред,

Шавед ҳомии Модар,

ҷони абгораш маёзоред.

 

Манам Модар,

Манам Меҳан,

Манам он Тоҷикистонам!

Бифахрам аз ҷигарбанде, ки хидмат мекунад бар ман,

Кунад сарҷамъ бар як хони Ваҳдат ҷумла фарзандам…

 

Кунун ман ёфтам фарзанди бонангу баори хеш,

Варо бо меҳр парвардам ба ҷанам дар канори хеш,

Ҳама фарзандҳо андар Ватан ӯро падар хонанд,

Варо ПЕШВОИ МИЛЛАТ гуфтаву чун тоҷи сар донанд.

 

Шумо чӣ, носипосони Ватан

зи Модар рӯй гардонда,

Зи бухлу хасму кина хешро чун дӯст пиндошта,

Ба сӯйи Модару Меҳан ҳама таҳқир раво дошта,

Чу Заҳҳоке зи дурӣ заҳри худро боз чакконда,

Занед лофи ватандорӣ…

 

 

Вале ман Тоҷикистонам!

Дигар бовар нахоҳам кард,

бар ҳар лофи номарде,

Дигар фарзанд нахоҳам хонд, ба монанди Шумо ҳар хоину фарде.

 

Маро фарзандҳои бовафоям  зинда медоранд,

Ба хуну ҷони худ ободу ҳам поянда медоранд.

 

Шумо чӣ,

Зархариду дар ба дар овораву сарсон,

Дур аз гармии оғӯши Ватан монда.

Дуои неки модаррову  халқи худ намегиред,

Вале рӯзе,

Шумо, эй хоинони Ман зи бими хеш мемиред…

 

Абдураззоқи Раззоқ

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj