• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Вазъи зудтағйрёбандаи ҷаҳони муосир, ихтилофҳои байнидавлатию мазҳабӣ, дуршавӣ аз фарҳанги миллӣ, бадбинию кудрат, таъзиқу таъқиб, таҳдиду таркиш, ҷангҳои бемаънӣ, террор, муноқиша, одамкушӣ, одамрабоӣ ва мисли инҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки башарият ба вартаи бисёр хатарноку даҳшатборе рӯ ба рӯ гардидааст.  Махсус, бояд таъкид сохт, ки солҳои ахир тавассути шабакаҳои мохворавии фаромиллӣ, сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби

як гурӯҳи ивғоангези сиёсӣ, намояндагони ҷараёнҳои такрифӣ-ифродӣ, аз ҷумла собиқ Шӯрои сиёсии ҳизби назҳати исломӣ ба таври ошкоро дар хусуси Ҳукумат,  роҳбари муаззами мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гуна андешаҳои ғаразона, ифротгаро, далелҳои беаслро бо мақсади фитнаангезӣ дар фазои иттилоот нашр карда истодаанд, ки ин гуна дасисаҳо ва фитнаҳо аз  асл дур буда, ба ҳеҷ ваҷҳ асоси воқеъӣ надоранд.   Онҳо бар он назаранд, ки гӯё вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Точикистон бадтарин ҳолат пас аз чанги шаҳрвандӣ ва хатарнок барои амнияту суботи кишвар ва кулли минтақа мебошад. Ба андешаи афроди ивғоангез озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон гӯё маҳдуд бошад ва ғайраву ҳоказо. Бо чунин ниятҳои ғаразона ва фитнаангез ва далелҳои беасл мехоҳанд вазъ дар кишвари мо нооором бошад.  Аммо, онҳо фаромӯш кардаанд, ки  корҳое, ки дар ин муддат аз ҷониби сарвари муаззами давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расидааст, назирашро ҳанӯз таърих ёд надорад. Ин фикро Милош Земан-Президенти Ҷумҳурии Чехия тавқият бахшида, аз ҷумла қайд кардааст, ки  «Корҳое, ки ба шумо муяссар шуд, ба бисёр давлатҳои дигар муяссар нагардидааст. Дар муддати кӯтоҳ шумо ба ҷанги шаҳвандӣ хотима бахшида, бар терроризм пирӯз шудед».

 

Барҳақ, бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар садаи ХХ ва масири таърихи ҳазорсолаи баъд аз сукути давлати Сомониён бешубҳа барқарор кардани  ҳамин сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки асосгузори он Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сулҳу ваҳдати миллӣ моро аз фоҷиаи талхи миллӣ раҳоӣ намуд ба Истиқлолияти давлатӣ таҳким бахшид. Миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол  маҳз тавассути сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарагҳи роҳи давлатдорӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ба сӯи ояндаи нек қадам гузошт. Ҳамаи ин аз он корномоиҳо ва дастовардҳои бузурги сарвари муаззами мост, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба даст овардааст. Пешвои миллат эътироф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии ӯст.

Воқеан, набояд фаромӯш сохт, ки Сарвари муаззами давлатамон бо бузургӣ ва хираду фаросати воло аз замони ба ҳайси Президенти кишвар фаъолият карданаш танҳо барои ҳифзу истиқлолияти миллӣ, муттаҳидиву ягонагии миллату халқиятҳои сокини кишвар, сулҳу ваҳдати  миллӣ, якпорчагии Ватан, осоиштагӣ,  ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, барқарор кардани шохаҳои фалаҷгаштаи ҳукумати онвақта, пешгирии парокандашавии миллату давлат, интихоби самтҳои стратегии рушд дар замони бурҳони сиёсиву иқтисодӣ пешниҳод ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар ва монанди инҳо барин корҳоеро ба сомон расонид, ки он боиси афзоиш ёфтани  нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардид. Ҳамаи ин аз хизматҳои арзанда барои миллат ва давлат аз фарзанди содиқу вафодор будани роҳбари муаззами мо- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба тасвиб расонидани Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи саравари муаззами мо, ва бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани Ватани азизамон - Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намудем. Новобаста ба ин Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаст, ки Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик дар масири таърих ҳамчун миллати кӯҳан, ба нангу номус, хирадманду тамаддунофар, адолатхоҳу бунёдкор, заҳматкашу ободгар дар маҷмӯъ дорои хиради азалӣ доштан эҳтирому эътироф гардидааст.  Бо ифтихор ва қаноатмандӣ изҳор дошт, ки ҳамаи ин пешравииҳо ва дастовардҳо ба ташаккули давлатдории навин, рушди устувори ҷомеа, соҳаҳои иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардуми кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Дар фарҷоми сухан назару андешаҳои хешро бо таъкидҳои доимии Пешвои миллат мехоҳам хотима бахшам, ки гуфтаанд: «Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».

А.Ғаффоров, декани факултаи педагогикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

24.02.2016

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj