• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Фил – дарахт аст ва ё ресмон?

(ё сухане дар бораи усулҳои таҳрифоти сиёсӣ )

Равандҳои сиёсиро метавон аз тариқи гуногун омӯхтан ва дар айни ҳол дар доираи талаботи донишҳои илмӣ боқӣ мондан имкон дорад. Интихоби мавзӯи илмӣ, усулҳои мушаххас, созмон додани фарзияҳо ва назарияҳо, инчунин истифодаи онҳо ва муайян намудани хусусиятҳою вижаҳо ва натиҷаҳои он ба равиши методологии муҳаққиқ вобаста аст. Дар ин вобастагӣ, масалан, агар муҳаққиқе ба таҳлили равандҳои сиёсии кишвари мушаххас даст занад, ки қабл аз ҳама таваҷҷуҳи хешро бояд ба мушаххасоти рафтори сиёсии инфиродӣ ва натиҷаҳои он дар сатҳи макроиқтисодӣ равона намуда, муайян намояд, ки ин сиёсат чӣ гуна ба сохтори хоси низоми иҷтимоӣ ва равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар таъсир мерасонад.

Дар илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеъашиносии муосир усулҳои мухталиф ва зиёде вуҷуд доранд, ки дар таҳлили равандҳои сиёсӣ фаровон мавриди истифода қарор мегиранд. Ин гуна усулҳо дар таҳлили сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон дар доираҳои сиёсӣ ва васоити ахбори умум ба шакли бориз мавриди истифода қарор мегиранд ва албатта, ин падидаи нав нест. Аммо рӯзҳои охир тавассути интернет мақолаҳо ва гузоришҳои зиёди муғризнок дар боби сиёсати ҳукумати кишвар ва Президенти он интишор меёбанд, ки дар ҳолатҳои зиёд ё ноқисанд ва ё хусусияти яктарафаи баҳогузорӣ доранд. Таҳқиқоти онҳо ба шакли умум ривояти шарқии мардуми Ҳиндро ба хотир меоварад: дар он ҳафт ҳакими нобино ба қароре мерасанд, ки бояд филро омӯхт, ки он чӣ гуна мавҷудест. Ҳар кадоми ин ҳакимон қисматҳои гуногуни бадани филро ламс намуда, дар бораи ҳуввияти он хулоса бароварданд: “фил – дарахт аст”, “фил – ресмон аст”, “фил – шаҳпараки азим аст” ва ғайра.

Муҳаққиқоне, ки дар дафтарҳои кориашон нишаста, дар бораи Тоҷистон, Президент, ҳукумат ва сиёстаи он ҳарф мезананд, мисоли ҳамон ҳакимони нобиноанд. Фарқ танҳо дар он аст, ки ҳарфҳои эшон бо усулҳои илмӣ ва мақулаҳою истилоҳоти хосси сиёсӣ ва ҳамчунин баъзе мисолҳое боварибахш, ки бештар ба мушкилоти иқтисодии кишвар рабт доранд, пардапӯш баён мекунанд.

Ба наздикӣ дар саҳифаҳои як сайти низоъшиносии Conflict News вазъи Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор додааст, ки аз муҳтавои он чор ҷанбаи асосиро ҷудо кардан мумкин аст: аввалан, муаллиф ин вазъро ниҳоят шаддиду хатарзо ба шумур бурдааст; дуюм, Амрико ва Русия аз хатари ҷангҷӯёни ифротӣ ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ нигаронанд; сеюм, Тоҷикистон кишвари фақиртарини Осиёи Марказӣ аст; чорум, Президент Эмомалӣ Раҳмон бояд сарнагун шавад.

Барои хонандаи ношинос, аз як тараф ва шаҳрванди тоҷикистоние, ки ба мушкилоти иқтисодӣ дучор омада бошад, аз ҷониби дигар, - чунин назари “интиқодӣ” намунаи олитарин вонамуд мегардад.  Хонандаи ношиносе, ки дар бораи Тоҷикистон маълумотро танҳо тавассути интернет пайдо мекунад ва агар таҷрибаи кофии таҳқиқотию таҳлилӣ надошта бошад, филҳол Тоҷикистонро ба қатори кишваре монанди Афғоистон таҳвил менамояд. Барои шаҳрванди тоҷикистонӣ бошад, ин маълумот дар шуураш ақидаеро устувор мекунад, ки тамоми бадбахтиҳои иқтисодиаш эҳтимолан натиҷаи сиёсати ҳукумат аст, дар ҳоле ки дар бораи имконияту қобилиятҳои худаш (танбалию ландаҳурӣ, илму дониши кофӣ надоштан, қобилияти созмон додани фаъолияти соҳибкорӣ, пайдо намудани робитаҳои соҳавии хеш ва ғайра) андеша карданро сарфи назар хоҳад кард.

Аз ҷониби дигар, комёбиҳо ва пешравиҳое, ки Президент ва ҳукумати кишвар дар тӯли солҳои истиқлоият ба даст оварданд, ё рӯпӯш ва ё таҳриф карда мешаванд. Барои касе пӯшида нест, ки саҳми бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон барои ба тавофуқ расидан ва имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар соли 1997 шоистаи таҳсин аст. Аммо муаллифи мақола пӯстинро чаппа пӯшида менависад: “Созишномаи сулҳи 1997, ки пас аз ҷанги шаҳрвандии 5-сола, ки мардуми ин кишварро барои ду даҳа бо ҳам карда буд, акнун дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва ҳамзамон дар фазои ин кишвар беҳбуди иқтисодӣ ва сиёсие дида намешавад”.  Дар худи ҳамин ҷумла бозии сиёсии дустандартӣ ҳувайдост.

Ба ҳамин минвол, чунин мақолаҳо дар бораи Тоҷикистон фазои манфиро эҷод мекунанд ва муаллифи онҳо вазифаи хешро дар назди хоҷагони сармоядораш иҷро мекунад. Дар робита бо ин, бояд қайд намуд, ки барои ин тоифаи рӯзноманигорон пешравии сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, оромию суботи кишвар аҳамият надорад. Барои онҳо муҳимтар вазифаест, ки аз мухолифини ҳукумат ашхоси “идеалӣ” бисозанд, ки гӯё онҳо тавони ислоҳи машокили сиёсию иқтисодиро дошта бошанд: корро то ба ҳадде мерасонанд, ки гулмуродҳою ҳоҷиназарҳо барин ҳарбиёне, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу ватанашон рӯирост хиёнат намуданд, аз ҷониби эшон қаҳрамон хонда мешаванд.

Албатта, дар сиёсати ҳукумати Тоҷикистон монанди ҳар гуна кишвар камбудиҳо ҷой доранд ва аз онҳо касе рӯпӯшию сарпечӣ накардаааст. Аммо барои дарки комёбиҳои сиёсати Президенти Тоҷикистон ҳадди ақалл сатҳи ҳаёти имрӯзаи кишварро бо солҳои то 2000 муқоиса кард ва дар ҳамин муқоиса ҳақиқат тавлид хоҳад ёфт.

Қобилов Раҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj