• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

КӮРИ ХУДУ БИНОИ МАРДУМ: Ё ЧАРО РАҲБАРИ ҲИЗБИ БАРКАНОРШУДАИ ИСЛОМӢ М. КАБИРӢ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОНРО ДИДАН НАМЕХОҲАД?

Мусоҳибаи раиси ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабириро хабаргузории рақами аввали Олмон – Deusch Welle дар хусуси баста шудани ҳизб ва дигар масоили вобаста ба он нашр намудааст, ки хонанда пас аз мутолиаи он ба андеша фурӯ мераваду мақоли маъмулии «Дузди зӯр соҳиби говро бастааст» ба хотираш меояд. Наход инсон то ба ҳамин дараҷа инсофу дину диёнати хешро фурӯхта, чунон ҳарф занад, ки вай ва ҳаммаслаконаш моҳи бе айб бошанд? Дар мусоҳиба

бо намояндаи хабаргузорӣ чунон бовиқорона ва ба таври худаш муаддабона ҷавоб гуфтааст, ки гӯё маҷбуран ва аз рӯйи хусумат, барои яккатозии ҳукумати феълии Тоҷикистон чунин амал содир шуда бошад. Ҳол он ки М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хуб медонанд, бо гуноҳи онҳо чандин корхонаву муассисаҳо бидуни риояи талаботи қонунҳои ҷорӣ аз худ карда шуда, инчунин, дар натиҷаи амалиёти ноҷавонмардонаи онҳо шахсони бегуноҳ низ ҷон ба ҳақ супурданд.

 

Худи М.Кабирӣ хуб медонад, ки миллати тоҷик аз азал фарҳангдӯсту сулҳпарвар ва тамаддунофар буду ҳаст ва ҳамин тавр хоҳад монд. Халқи тоҷик ҳеҷ гоҳе хуни ноҳақ ҳам нарехтаву барои тасарруфи замини бегонагон ҳам ҷаҳд накардааст. Донишмандону нухбагонаш ба ноадолатӣ ва бедодгариҳои таърихӣ аз нигоҳи фарҳангу маданият нигариста, ҳамеша кӯшидаанд, ки онҳоро бо роҳи дӯстию мусолиҳатомез ҳал намоянд. Тимсоли бузурги чунин мардони фарзонааш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамин ғамхории Сарвари давлат буд, ки ба ҷавонон, аз ҷумла, ба М. Кабирӣ барин шахсон бовар карда, барои фаъолияташон баҳри ободии ҷомеа роҳ кушоданд, мутаассифона, ин гуна имкониятро нодида гирифта, пеши по заданд. Бисёре аз худ бохтагону бегонапарастон (назирашон Муҳиддин Кабирӣ), ки дар дохил чун мор ба воя расидаанд, ҳар лаҳза ба ин фарҳанги мутамаддин неш мезаданд ва зиён меоварданд. Дар тӯли таърих маҳз бо дасти ҳамин худиҳои бегонашуда мусибати зиёде бар сари миллати тоҷик таҳмил шудааст. Чунин кирдори хиёнаткоронаи ин морсиратонро ҳанӯз ҳазорсол қабл аз ин Одамушшуаро устод Рӯдакӣ баҳо додааст:

 

Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,

Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.

 

Дар мусоҳибаи хеш М. Кабирӣ навиштааст, ки: «Дар сурати шикаст хӯрдан ё заиф шудани «Давлати Исломӣ» дар Шарқи наздик, бештари онҳое, ки аз Осиёи Миёна ба он ҷо рафтаанд, маҷбур мешаванд ба минтақа баргарданд, ки хатари ҷиддие барои Тоҷикистон хоҳад буд». Ӯ ғофил аз он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус, мамлакатҳои Осиёи Миёна аҳди сулҳу паймон, доду гирифти ҳасана дорад ва ӯ бо чунин андешаҳои бепояаш тоҷиконро тарс доданӣ мешавад. Бо ин ёвагӯиҳо худро тассалӣ дода сафед кардан камоли оқилӣ нест. Бар замми ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани лавозимоти ҳарбӣ, кадрҳои пурқуввати соҳаи мудофиа қодир аст амнияти миллӣ ва ҳифзи кишварро таъмин созад. Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ҳанӯз замони Ҷанги Бузурги ватанӣ бар зидди гитлерчиён таъкид намуда буд, ки «Сар ба полезат дарорад хук агар, сар мезанам».

М. Кабирӣ хуб дар хотир дорад, ки пас аз мағлубият дар интихоби парлумонӣ моҳи марти соли 2015 ба хориҷа фирор намуд. Аз супориши ӯ ба писару ҳамкориаш бо Ҳоҷӣ Ҳалим бармеояд, ки вай дар хориҷ аз Ватан бо фароғат зиндагӣ намуда, талош мекунад, ки оромии кишвар халалдор гардад. Чунин муносибат баёнгари он аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо ба ҳизби ифротгарои чунин ашхос ниёзе нест. Амалҳои ғайриинсонии солҳои охир аз ҷониби намояндагони собиқ ҲНИТ анҷомшуда, фикри мазкурро тақвият медиҳад. Масалан, дар панҷ соли охир чандин нафар узви ҳизби мазкур ҷиноятҳои махсусан вазнин содир намудаанд. Қисме аз онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти Конститутсионии Тоҷикистон ва барангехтани кинаву адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

М. Кабирӣ дар мусоҳиба худро моҳи беайб нишон дода, кӯшидааст, ки танҳо худро ҳақ баровардаву Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳгор нишон диҳад. Чаро ӯ аз амали хиёнаткоронаи ибтидои моҳи сентябри соли 2015 таҳти роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода чизе намегӯяд? Чунин амали хиёнаткоронаи А.Назарзода собит сохт, ки ин тоифа намехоҳанд рӯзгори мардум осудаҳол бошад. Барои онҳо дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон арзиши бештаре дошта, қодиранд, ки бар ивази манфиатҳои гурӯҳӣ фарҳанги миллиро қурбон кунанд. Ҳаммаслаки М. Кабири Ҳоҷӣ Ҳалим, ки ҳамчун шахси тасодуфӣ пас аз созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба мақомоти гуногун расид, дар амалиёти мусаллаҳонаи шаҳри Душанбе ва дараи Ромит барои роҳбарияти собиқ ҲНИТ осон ба даст омад. Амалиёти террористие, ки ибтидои моҳи сентябри соли 2015 ба вуқӯъ пайваст, як амали тарҳрезишуда аз ҷониби сарварони олии ин ҳизби манъшуда буд, ки бо далелҳои қотеъона исбот гардид.

Ба таври маълум, писари Муҳиддин Кабирӣ – Р. Тиллозода дуюми сентябр бо супориши падараш 1200 000 долларро ба Ҳоҷӣ Ҳалим дода, ба ин васила барои ҳамлаҳои мусаллаҳона ёрӣ додааст. Аз ин бармеояд, ки воқеан ҳам, ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 4 – уми сентябри соли 2015 пурра аз ҷониби пешвоёни собиқ ҲНИТ ба нақша гирифта шудааст. Пас, чаро М. Кабирӣ ба лаб кулӯх молида, аз ин хусус ба мусоҳиби хориҷии худ чизе намегӯяд?

Бояд зикр намуд, ки М. Кабирӣ дар ин ва дигар мусоҳибаҳояш низ рӯзноманигорони хориҷиро гӯл заданӣ шуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамеша ба унвони як кишвари ҷангзадаву фасод ва мардумонашро ваҳшӣ арзёбӣ карданӣ мешавад. Аммо ӯ бехабар аз он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 140 мамолики хориҷӣ ба расмият шинохтаву робитаҳои гуногуни фарҳангиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ғайраро ба роҳ мондаанд. Чунин ҳарзагӯиашро итминони комил дорем, ки худи М. Кабирӣ низ хуб медонад, аммо ку ҷавонмардие, ки бо ин ҳама дастоварду пешрафтҳои кишвар қоил шавад!

Аз хориҷи мамлакат дастур додани М. Кабирӣ гувоҳи он аст, ки вай мехоҳад, шакли нави инқилоби исломиро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намояд. Дар хориҷа ҳаёт ба сар бурда, мақсад дорад мардумро ба гумроҳӣ кашида, як кишвари пешрафтаро ба мамлакати хурофотпарасту таассубгар табдил диҳад. Ин амал давоми инқилобҳои исломию арабӣ ва ховари миёнагӣ буда, мақсад аз он бо истифода аз арзишҳои динию эътиқодии мардум кишварро боз ба ҷангу хунрезӣ кашидан аст. М. Кабирӣ дар кишвар роҳбари ҳизбе буд, ки ду маротиба ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, ба ҷойи он, ки мардумро ба пешрафту тараққиёти давлату миллат ҷалб намояд, ҳамеша хабарҳои иғвогарона пахш намуда, онҳоро барои сарнагун сохтани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ даъват мекард. Махсусан,  панҷ соли охир аъзои ҳизб дар ВАО хабару мақолаҳои барангезандаи кинаву адоват ва низои миллию динидоштаро нашр намуда, дар замири сокинони кишвар тухми бадбинию хусусмат мекоштанд. Бешубҳа, чунин амалҳои ноҷавонмардонаашон ҳам барбод рафт.

Ба М. Кабирӣ ҳушдор доданием, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, тибқи Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷуда амал намуда, ҳамеша тарафдори сулҳу оромии ҷомеа, якдигарфаҳмиву пос доштани анъанаҳои миллии хеш пеш меравад. На Тоҷикистон, балки худи  М. Кабирӣ бо оташ бозӣ карданист. Ба ӯ гуфтанием, ки айби худро дидаву ислоҳ шавад. Ҷустани айби набудаи дигаронро кор нагирад, ки оқибати нек надорад. Ба таъбири Аттори Нишопурӣ:

 

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Д. Назаров омӯзгори

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj