• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Тоҷикон фирефтаи дасисабозон намешаванд

Шиддат гирифтани равандҳои сиёсӣ, бархӯрди андешаҳо, гуногунфикрӣ ва манфиатҳои мухталиф, зиддиятҳои иҷтимоӣ ва  бӯҳронҳои  ҷомеаҳои гуногун инсониятро дар руёрӯи чолишҳои мураккаб қарор додаанд. Таҳлили афкори иҷтимоии ин ҷомеаҳои муосир имрӯзҳо аз ҷониби коршиносону таҳлилгарон дар робита бо ин мушкилот гоҳо объективона ва гоҳо субъективона дар вобастагӣ ба вусъати тафаккур ва сатҳи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбиниашон рӯи кор меоянд. Баръало мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботил ин пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу субот, барҳам задани  орзую омоли мардум ва дар вазъияти шигифангез гирифтор намудани як ҷомеаи озод мебошад.

Ҳадаф аз баён намудани ин андешаҳо он аст, ки дар як сомонаи низоъшиносии интернетӣ бо номи Conflict News,  матлабе таҳти унвони «Руссия ва Амрико барои сарнагун кардани Эмомалӣ Раҳмон бояд гуфтугӯ кунанд» аз ҷониби рӯзноманигори байналмилалӣ Эриале Делзер  ба нашр расидааст. Рӯзноманигори мазкур дар матлаби тозаи хеш вазъияти Тоҷикистонро хело бад ва хатарзо хонда, навиштааст: «Агар Руссия ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико аз пешравиҳои ҷангҷӯёни ифротӣ нигарон ҳастанд ва дар масъалаи манофеъи миллиашон ҷиддӣ ҳастанд, пас бояд ба як Тоҷикистони бидуни Эмомалӣ Раҳмон фикр кунанд».

Ба ҳар як хонандаи закӣ маълум аст, ки ин андешаҳо сирф хусусияти низоъангезӣ дошта, гумони мавсуф  ғолиб бар он аст, ки ин ду кишвари абадқудрат  барои роҳандозӣ намудани табаддулоти  азиме дар кишвари мо омадагӣ мебинанд. Инчунин дар ин назар аст, ки фаъолияти ҷангҷӯёни ифротӣ  густурда гардида, вазъиятро метавонанд ҳарзамон мураккаб гардонанд. Аз ин андешаҳои муғризона ва дассисабозонаи Эриале Делзер  муайян мешавад, ки ӯ аз таърих ва фарҳанги  ин миллат ва таърихи барқарори сулҳи тоҷикон ва аз хиради азалии ин миллати тамаддунофар огоҳии комил надорад ва тасаввуроташ бар он асос гирифтааст, ки  ин мардум метавонанд ҳамагуна андешаҳои таҳмилиро пазируфта бозичаи дасти «хоҷагони хориҷӣ бошанд». Ин миллат сарнавишти талхро аз сар гузаронд, лаззаташро чашид, арзиши моҳияти  сулҳро дарк намуд ва кӣ будани Сарвари дилсӯз ва роҳбари шоистаро ба чашми сар шинохт. Ин рӯзноманигори байналмиллалӣ ба қавле «тушбераро хом шумурдаст» ва барои даъвои вай ҳеҷ асос нест, ки ин ду давлате, ки феълан гирифтори мушкилотҳои хеш ҳастанд, пайи ин кор иқдом мекарда бошанд. Ҳол он, ки  Тоҷикистон бо ин  кишварҳои  мазкур муносибати хуби дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта, дар ин сатҳҳо ҳукумат, Президент ва сиёсати онҳоро мусбат арзёбӣ намуда, худи Президентро ҳамчун  сиёсатмадори варзида ва асосгузори сулҳу ваҳдат эътироф намудаанд. Боварии комил низ доранд, ки мардуми Тоҷикистон ин абармарди тавонову қавииродаро самимона дӯст медоранд ва ҳар роҳнамои судмандашро дар зиндагӣ сармашқи хеш қарор медиҳад.

Ин пажӯҳишгари ғарбӣ дар ҷойи дигар ҳушдор медиҳад, ки «вагарна, ҳукумат дар Тоҷикистон ба таври комил ба дасти ифротиҳо хоҳад афтод, ки дар натиҷа, терроризм ба як кишвари дигари нуфузи Россия ва Амрико тассаруф мекунад». Мо дар ин ҷо қайд мекунем, ки мубориза бо тероризм ва экстремизми динӣ яке ҳадафҳои муҳимми сиёсати Президенти кишвар ва ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар ин масъала тамоми ниҳодҳои  муҳимми ҷомеа фаъолияти пайваста ва комилро ба роҳ мондаанд. Ифротиҳо дигар дар қаламравӣ ҷумҳурӣ имконияти фаъолият карданро надоранд ва душманон дар ягон гӯшаи хаёл ҳам наоваранд, ки ин ҳукумат  ин сиёсат ва низоми давлатдорӣ бо таъсири ягон қувваи дигар аз байн рафта метавонад. Чун ки ин низоми комили давлатдорӣ бо заҳмату меҳнати мардум ва сайъу талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳеҷ қавму миллат намехоҳад, ки меҳнати пурсамараш, ки  бо арақи ҷабин ба даст омадааст ба боди фано равад.

Инчунин зикр кардан ба маврид аст, ки  дар масъалаи мубориза бурдан ба равандҳои ифротӣ ва дигар ҷараёнҳои тундрав мақомотҳои қудратии кишвар имрӯз  дорои имкониятҳои вижае ҳастанд, ки метавонанд ҳамагуна таҳоҷумҳоро ҳам бо иқтидорӣ зеҳнӣ ва ҳам ҷисмонӣ пешгирӣ намоянд. Ҷомеашиносон ва сиёсатшиносони варзидаи кишвар моделҳои муҳимми мубориза бо ҷараёнҳои мазкурро аз дидгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ коркард намуда, барои давра ба давра татбиқ шудани ин назарияҳо дар ҷомеаи мо саҳм мегузоранд.

Ба гуфтаи хонум Делзер « Бо таваҷҷӯҳ ба кӯмакҳо ва маблағҳое, ки Пентагон ба Тоҷикистон ироа мекунад, Амрико борҳо нигаронии худро дар мавриди амалиёти  «анти-Наҳзат» тавассути Эмомали Раҳмон иброз дошт». Дар робита бо ин даъво, бояд тазаккур дод, ки қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсӣ табдил ёфтааст. Оид ба масъалаи мазкур то кунун дар нашрияҳои мухталифи хориҷиву дохилӣ ва расонаҳои интернетӣ садҳо мақолаву матлабҳо ба табъ расидаанд. Ҳар яке бо диди худ ва бардошт аз моҳияти ин мавзӯъ  андешаҳояшро матраҳ намудаанд: иддае бар он назаранд, ки фаъолияти ин ҳизб барои Тоҷикистон ягон хатар эҷод намекунад ва баръакс барои рушди минбаъдаи  соҳаҳои мухталиф мусоидат менамояд; бархе дигар бо асноду далелҳои мушаххас ва такя бо оятҳои Қуръонӣ собит менамоянд, ки дар Ислом ҳизб вуҷуд надорад ва сиёсӣ кардани ин дини мубин бо арзишҳои ахлоқии Ислом дар мухолифат аст.

Барои ҳар як мушоҳидакор ва таҳлилгар равшан аст, ки як давлате, ки имрӯз тамоми неруи ҳарбии худро барои мубориза бурдан бо ҷонибдорони давлати ба номи исломӣ  ва аз байн бурдани гуруҳҳои ифротиву экстремистӣ равона кардааст, чи тавр метавонад як ҳизбе, ки ҳадафаш пиёда намудани амалҳои террористӣ ва таблиғи андешаҳои ботил аст, ҷонибдорӣ намояд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчун давлати дунявӣ шинохта шудааст ва принсипи дунявиятро дар мадди аввал гузошта, озодандешиву дигарандеширо таблиғ менамояд. Пас, ба кадом хотир метавон ақидаҳои кӯҳнапарастии асрҳои миёнаро тарафдорӣ кард ва мардумро ба гумроҳӣ ҳидоят намуд.

Барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум гашт, ки хоҷагони ҲНИТ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, қатлу куштор, дунёситезӣ,  ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, таблиғи бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарварӣ , бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ, ба таври маҷбурӣ тағйир додани асосҳои конститутсионӣ ва томмияти арзӣ, ҷонибдорӣ кардан аз амалиёти хусусияти террористидошта, ташвиқи фавқулоддагӣ, афзалият ё камарзишии инсон аз рӯи нишонаҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мансубияти забонӣ ва муносибат ба дин, эътироф накардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар муносибат бо мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ва динӣ ва ғ.

Ҷомеаи мо ниёз ба ҲНИТ надорад ва бо итминони комил метавон гуфт, ки «хоҷагонашон» онҳоро чун луъбатаке бозӣ медароранду бо ваъдаҳои пуч доманашонро пур мекунанд ва як умр дар сарсониву беватанӣ ва дар олами орзуҳои  ширини амалинашавандаашон саргардон менамоянд.

Дар ин мақола ҷои дигар ишора рафтааст: «гуруҳи байналмилалии бӯҳрон, як созмони мӯътабари байналмилалӣ, моҳи январи гузашта бо интишори гузорише аз даврони баъди Раҳмон сӯҳбат карда, навишта буд: «Ҳама бояд барои гузориши осоиштаи қудрат ва марҳилаи демократитар пас аз даврони роҳбарии Раҳмон сайъ ва талош кунанд.»

Ба қавли ин созмони мӯътабари байналмилалӣ Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна фақиртарин кишвар маҳсуб меёбад, ки ин хатои маҳз аст. Мафҳуми «фақир» кайҳо боз аз забон ва тафаккури мардуми мо рахт бастааст. Илова бар маънои забонии он, ҳамчунин бояд зикр намуд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳаёти осоиштаву зиндагии арзандаро барои мардумаш таъмин мекунад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳ нохоҳ аз таъсири  буҳронҳои байналмилалӣ дур намемонад. Мавҷудияти ин мушкилиҳо барои халқи азизи мо маънои онро надорад, ки мо барои рафъи онҳо омода ҳастем ва  аз кӯчактарин шакли зоҳиршавии онҳо чашми ҳарос дорем.

Мо такягоҳи қавӣ дорем, мо азми устувор дорем, мо Пешво дорем ва сиёсати хирадмандонаи ӯро мепазирем, чун ки ӯ барои мо ин дарси ибратро омузонд.

Зикиров Ҳобилҷон

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj