• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

РОСТИРО ЗАВОЛ НЕСТ

(ҷавоб ба мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ бо хабаргузории олмонии Deusch Welle)

Истиқлолияти давлати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина гузаронидани ислоҳоти гуногуни соҳаҳои ҳаёт имконият ба вуҷуд овард, ки давлат ва ҷомеа ҷиҳати густариши худ ва сохтмони давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гиранд. Маҳз дар ҳамин замина дар ҷумҳурӣ имкониятҳои зиёди рушд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон қонунан кафолат меёбанд.

Ҳамаи ин имкониятҳо шароит ба миён овард, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои демократии ҳуқуқбунёд эътироф гардидааст, ки асоси онро эҳтиром, кафолат ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад.  Мутаассифона баъзе аз гурӯҳҳу шахсони алоҳида, ки нисбати миллату давлати тоҷик  назари нопок доранд, ин имконияту пешравиҳои Тоҷикиситонро дидан намехоҳанд. Яке аз онҳо роҳбари собиқ Ҳизби  наҳзати ислом, ки бо қарори Суди олии Тоҷикистон барои кирдорҳои хусусияти терористӣ содир намудан фаъолияташ қатъ гардидааст, Муҳиддин Кабирӣ мебошад.  Бояд қайд намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ имрӯз  дар кофтукови байналмаилалӣ қарор дорад. Ин шахс имрӯз низ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ нисбати мардум ва давлати Тоҷикистон тавассути  расонаҳои гуногуни хабарии хориҷӣ бадгӯиҳои зиёдеро ба роҳ мондааст.

Мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ ҳафтаи гузашта бо хабаргузории олмонии Deusch Welle дар сомонаи интернетӣ нашр шуд. Дар ин мусоҳиба  Муҳиддин Кабирӣ бори дигар нишон дод, ки тақдири миллат ва давлати Тоҷикситон барои ӯ ва   ҳаммаслаконаш  аҳамияте надорад. Онҳо  бори дигар исбот намуданд, ки баҳри хизмат намудан ба хоҷагони хориҷии худ тамоми роҳу воситаро истифода мебаранд.  Масъалаи марказие, ки дар ин мусоҳиба баррасӣ гардид, ин асосан воқеоти моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон рухдода мебошад.

Яке аз даъвоҳои асосие, ки Муҳиддин Кабирӣ ва дигар фаъолони ин гуруҳи терористӣ дар вақтҳои охир изҳор менамоянд, ин даст надоштани онҳо ба воқеоти моҳи сентябри соли гузашта мебошад. Вале як нуқтаи муҳимро худи ӯ дар мусоҳибаи мазкур қайд менамояд. Дар ҷавоб ба саволи хабарнигор оид ба сабаҳои ошӯби сентябрӣ ӯ қайд менамояд, ки «фикр мекунам, ҳукумат пеш аз он, ХНИТ-ро бандад, тасмим гирифт аз ҳарбиёне, ки метавонистанд дар сурати ба зътироз ва тазоҳурот даст задани мо, моро дастгирӣ кунанд, халос шавад». Аз лиҳози мантиқӣ ин гуфтаҳои Кабирӣ ба хилофи он даъвоҳои беасоси онҳо, ки гуё ба воқеоти моҳи сентябр алоқамандӣ надоранд, мебошад.   Бо ин гуфтаҳо ӯ иқрор мешавад, ки  амали терористии ба муқобили мардум ва давлати Тоҷикистон содир шуда, аз тарафи онҳо ва касоне, ки зери роҳбарии ӯ қарор доштанд, ташкил шудаанд.

Масъалаи дигаре, ки Кабирӣ дар мусоҳибаи худ пеш меорад, ин раванди мурофиаи судии ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин айбдор мешаванд, мебошад. Бояд қайд намуд, ки   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикситон ба ҳар кас аз лаҳзаи дастгир шуданаш, ҳуқуқ додаст, ки аз ёрии адвокат истифода барад. Ин меъёри қонун мутаносибан нисбати тамоми дастгиршудагон ва касоне, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд, баробар амал мекунад. Аз гуфтаҳои Кабирӣ бар меояд, ки ин муққарраоти қонунгузории Тоҷикистон нисбат  ба тарафдорони ӯ низ паҳн гашта истодааст. Нуқтаи муҳиме, ки Кабирӣ вобаста ба раванди мурофиа иброз медорад, ин ба қавли мардум «Пеш аз пода чанг бардоштан» аст. Яъне ӯ иброз медорад ҳукме,  ки ба онҳо бояд эълон карда  шавад «хело сангин хоҳад буд». Шояд ӯ бо ин ҳукми эълон кардаи худ ҳақ бошад, зеро ки ба онҳо кирдори содиркардаашон (шояд ҳатто ба анҷом нарасонда ё натавониста)  бештар маълумтар аст.

Даъвои дигаре, ки Кабирӣ дар мусоҳиба иброз медорад ин боздошт шудану ва ба ҷавобгарӣ кашидани тарафдорони онҳо мебошад. Аз рӯи мантиқ ва принсипҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар ягон минтақаи ҷаҳон (ба истиснои минтақаҳое, ки муввақатан таҳти назорати гурӯҳҳои ифротию терористӣ қарор доранд), ягон шахси ҷиноят содирнамуда бе ҷазо намемонад. Тоҷикистон низ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд аз ин қоида берун нест. Содир намудани ҷиноят ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон хабари нав набуда, як ҳолати муққарарии солҳои охири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ҳолатҳо ҳанӯз дар давраи фаъолият намудани ҳизби мазкур ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар аъзоён ва фаъолони он ба мӯҳлатҳои гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд. Гузашта аз ин бисёре аз аъзоён, фаъолон ва ҳатто намояндагони роҳбарияти онҳо дар содир намудани амалҳои зишти ғайри ахлоқӣ айбдор гаштаанд. Шоҳиди ҳамаи ин амалҳо миллионҳо бинандагону шунавандагони Тоҷикистон ва берун аз он буданд.

Кабирӣ оид ба мақоми ҳизб (ё гурӯҳи терористӣ),   ки онро роҳбарӣ мекард, дар ҷомеаи Тоҷикистон  қайд менамояд, ки «аксари онҳо метавонанад ба сафи ифротгароён пайванданд». Гузашта аз ин ӯ таҳдид менамояд, ки баъди шикасти «давлати  исломӣ»  дар Шарқи наздик онҳо ҳатман ба минтақаи Осиёи Миёна бармегарданд ва хатари ҷиддиро барои Тоҷикистон эҷод менамоянд. Бо ин гуфтаҳои худ Кабирӣ иқрор мешавад, ки онҳо аз ибтидо ифротгаро буданд ва имрӯз баъди пурра фош гардидани амалҳои зишташон ниқобро аз рӯи худ бардоштааанд. Мақсади худро дар таҳдид нисбати мардум ва хатари амнияти Тоҷикистон медонанд.

Нуқтаи дигаре, ки ҷои тааҷуб аст, ин домангир шудани ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Яъне ӯ ҷомеаи ҷаҳониро (Руссия, Эрон, Казоқистон, Кирғизистон, Туркманистон, Узбекситон ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ)-ро  ба он айбдор менамояд, ки аз амалҳои зишткоронаи ӯ ва тарафдоронаш  дастгирӣ накардаанд.

Ҳамаи гуфтаҳои болоро таҳлил намуда чунин хулоса мебояд кард, ки беҳтарин хислати инсонӣ ақлу хирад мебошад. Шояд Кабирӣ ва монанди онҳо фаромӯш аз он кардаанд, ки мардуми қӯҳаннажоди тоҷик ҳама вақт соҳиб ақл ва  маърифат буд. Ва бояд донанд, ки бори каҷ ба манзил намерасад. Имруз низ мардуми шарифи Тоҷикистон бо дарки воқеияти объективӣ, бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи роҳарияти олии кишвар, баҳри созандагиву бунёдкорӣ кору фаъолият менамоянд, ки мақсад аз он боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj