• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Тоҷикон миллати муваффақанд

Муддатест, ки тавассути расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ баҳсу муколама атрофи  зарурати ворид намудани тағийроту иловаҳо ба Қонуни асосӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Вобаста ба мазмуну муҳтаво метавон онҳоро ба ду гурӯҳ  ҷудо намуд. Гурӯҳи аввалро таълифоте ташкил медиҳанд, ки ворид намудани тағийроту иловаҳоро саривақтӣ, зарур ва мувофиқ ба талаботи рушди ҷомеа дар замони муосир медонанд. Ба гурӯҳи дуввум метавон он шарҳу навиштаҳоро ворид намуд, ки бо ҳар баҳонае ё василае ин иқдомро нодуруст ва барои ҷомеаи кунунии мо нозарур меҳисобанд.

Дар назари аввал ҷомеаи демократӣ бояд чунин бошад, зеро гуногунақидагӣ, муҳокимаву баррасии озодона, ошкор ифода намудани мавқеъ аз тарафи ҳар як шаҳрванд аз табиати чунин ҷомеа бар меояд. Вале таҳлилу баррасии бархе аз ин навиштаҳо нишон медиҳад, ки воқеияти ҳол дигар аст ва на ҳамаи ҷонибдорони гурӯҳи дуввум аз пайи ифшои озоди ақидаву мавқеи худ нисбат ба мавзӯи баҳс ҳастанд. Аз онҳо бӯйи ғараз, хусумат ва ифодаи назару ақидаҳои хоҷагони бегонаи паси парда истода меояд. Бо далелҳои бепоя ё дар чаҳорчӯбаи хусумати шахсӣ асос ёфта, пайвастсозии бемантиқона ба ҳаводиси дигар ва роҳу васоити гуногун на танҳо ба сӯи давлату ҳукумат, балки ба миллати тоҷик низ санг меандозанд. Ҳатто ин миллати куҳанбунёд ва тамаддунофарро миллати «номуваффақ» меҳисобанд. Барои тақвияти фикри худ аз ҳаводису воқеоти дар дигар давлатҳо ба вуқуъ омада, ё аз амалу ҳаракатҳои миллатҳои дар назари онҳо «муваффақ», намуна меоранд. Даъво низ аз он мекунанд, ки тоҷикон мисли тамоми мардуми собиқ шӯравӣ, аз ҷумла русҳо аз сиёсат дуранду сиёсӣ нестанд.

Ин таҳлилгарони муосир «муваффақ» ва «сиёсӣ» будани миллатро дар чӣ мебинанд, мақсади онҳо аз ин баёнияҳо чист?  Мусаллам аст, ки зери ин пардапӯшиҳои эшон мақсаду ғарази дигар аст. Ба назари мо, онҳо мехоҳанд аз нав ҷомеаро ноором созанд, амну осоиштагӣ ва сулҳу суботро аз байн бибаранд, ҷумҳуриро ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ, ки барои эшон ва ҳомиёни хориҷии онҳо манфиатовар аст, бикашанд.

Идаои асосии эшон шояд он аст, ки мехоҳанд ин миллати ба назари онҳо «номуваффақ» аз як гурӯҳи кӯчак, мансабталошони воқеан номуваффақ, ки зиндагии хушу ором, сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеаи имрӯзаи тоҷикро дида наметавонанд, ҳимоя кунад. Аммо сари андеша бояд рафт, ки миллат барои кадом хидмат ба дифои онҳо бархезад. Шояд барои воқеаҳои нангину даргири солҳои 90-уми асри гузашта ё талошу кӯшишҳои мансабталошии имрӯза?

Барои ифода ва амалӣ шудани мақсадҳои худ санги маломат ба сари миллат задан на аз рӯи одоби инсонист ва на аз рӯи адолати шаҳрвандист. Онҳое, ки миллати худро «номуваффақ» медонанд оё фарзанди ин миллат нестанд ё шояд худро аз насли кадом як миллати «муваффақ» медонанд.

Тоҷикон ҳеҷ вақт ва ҳеҷ замоне миллати номуваффақ набуданд. Далели ҷиддӣ ва қавӣ таърихи тӯлонӣ ва чандинҳазорсолаи онҳост. Имрӯз кам халқу миллате ҳаст, ки соҳиби чунин таърих ва тамаддун бошад ва дар рушду нумӯи ҷомеаи башарӣ нақш муассир гузошта бошад. Муваффақии миллат пеш аз ҳама аз қаҳрамонию корнамоии фарзандони фарзонааш аст, ки дунёро бо илму адаб, давлатсолорӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ҳимматбаландию мардонагӣ ва амсоли онҳо тасхир кардаанд. Муваффақии миллати тоҷик боз аз он аст, ки ҳамеша аз ҳамагуна гирдобу кӯрдуди замона, ки бисёрии он ҷонкоҳу камаршикан буд, на танҳо зиндаву саломат берун омад, балки дар каме фурсати ба даст омада аз нав қомат афрохт ва эҳё шуд.

Аммо баробари фарзандони фарзона ва саҳифаҳои дурахшон буданд саҳифаҳои торику хунолуд ва нохалафоне, ки дасти ҳамкорӣ бо золиму аҷнабӣ доданд, ба мисли «маволиҳои ҷоҳу давлатталаб» (ибора аз академик Б.Ғафуров), тоҷиру рӯҳониёне, ки барои душмани ғосибаш ба хотири нигаҳ доштани молу амвол ва нуфуз дарвозаҳои шаҳрҳояшро боз карданд ва ба хидмати аҷнабиён гузаштанд. Маҳз бо даъвати чунин афрод, бавижа фақеҳони Бухоро мардум ба  дифои Сомониён набаромаданд. Ё Темурмалики Хуҷандиро ӯрдуи муғул шикаст надодааст, ӯро хиёнати тоҷирону рӯҳониёни маҳаллӣ, ки дарвозаҳои шаҳрро ба душман боз карданд, шикаст дода буд. Мансабталошии иртиҷоиёни Бухоро соли 1910 боиси ба миён омадани ихтилофи суннимазҳабону шиамазҳабон гардид, ки дар натиҷа чандин ҳазор кас куштаву захмӣ шуд.

Чунин мисолҳо дар таърих хеле бисёранд. Дар ҳамон ибтидои садаи бистум афроде низ буданд, ки шири модари тоҷики худро хӯрдаву бар зидди забони модарӣ бархостанд, онро забони кӯҳнаву нодаркор ва забони амирону золимон эълон карданд, ҳатто касе ба тоҷикӣ ҳарф мезад, ҷаримааш мебастанд. Бале, кам нест чунин мисолҳо. Вале аъмолу рафтори чунин афрод, «зулми бедоди таърих» (аз устод Лоиқ) натавонист боиси  хорию зиллати ин миллат гардад, вайро ба нестӣ биоварад, гарчанде ҳар яки он доғе ва захме дар тани миллат гузоштааст. Ба гуфтаи устод Лоиқ:

Халқи тоҷик дар Осиёи Миёна

Дони танҳо дар осиёи замона….

Имрӯз мо бояд аз таърих сабақ бигирем, аз зумраи фарзандони созандаву бунёдкораш ва на аз «кӯрони таърих ва худфурӯшони миллати тоҷик» (аз устод Лоиқ) бошем ва чун таърих аз нав фурсат барои офарандангиву эҳё додааст, истифода бикунем. Ба такрори ҳаводиси нангину зиллатпешаи солҳои навадум роҳ надиҳем. Манфиати миллатро аввал бигузорем, на манфиатҳои шахсию гурӯҳиро. Ба хотири дастрасӣ ба мақсадҳои худиву бегона санги маломат бар сари миллат назанем ва онро миллати «номуваффақ» нашуморем.

Доир ба тағийру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда аз мавқеи шаҳрвандии худ бояд муносибат кард. Ба муҳокимаи ҷиддии он кӯшиш намуд, агар ҳарфе, матне, банде ва ё мазмуне  маъқул  наомад ё ноҷо аст, бо далелу асос онро манзур намуд ва ба ивазаш чизи мақбул ва дархӯри ҷомеаро пешниҳод кард. Танҳо бо даъвои он, ки чунин тағийроту иловаҳо ба ман маъқул нест ё хуш намеояд, мо ба пешрафти ҷомеаи имрӯзаи  Тоҷикистон мусоидат карда наметавонем. Ҳол он ки ворид намудани тағийроту иловаҳо ба конститутсия ин падидаи нав дар ҷомеаи инсонӣ нест ва ба кулли конститутсияҳои мавҷуда борҳо иловаю дигаргуниҳо дохил гардидаанд. Ин талаби замон ва рушди ҷомеаи кунунии Тоҷикистон аст, ки барои комилтар шудани Қонуни асосӣ аз лиҳози забонӣ, сохторӣ ва меъёрӣ мусоидат хоҳад кард. Эъмори давлати ҳуқуқниҳод ва ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ боз як муваффақияти ин миллати муваффақ хоҳад буд.

Насрулло Убайдуллоев,

доктори илмҳои таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj