• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

Факултети физика соли 1933 ҳамчун факултети физика-математика таъсис ёфта, ҳамзамон кафедраи физика ба фаъолият оѓоз намуд. Факултет барои соҳаи маориф омӯзгорони фанни физика ва математика тайёр менамуд.

Соли таҳсили 1953–1954 ҷиҳати ташкил намудани лаборатория ва кабинетҳои физикӣ бинои махсус (имрӯза бинои чоруми таълимӣ) ба истифода дода шуд, ки барои таълими физика ва тайёр кардани мутахассисони соҳа замина гардид. Лабораторияҳои механика, физикаи молекулавӣ, электр ва оптика, электротехника ва практикуми махсус, кабинети лексионӣ аз физикаи умумӣ ташкил ва таҷҳизонида шуданд. Дар ҷобаҷогузорӣ ва таҷҳизонидани лабораторияҳо устодони кафедраи физика фаъолона иштирок намуданд.

Факултети физика ҳамчун факултети мустақил соли 1970 дар ҳайати Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе бо ду кафедра: кафедраҳои физикаи умумӣ ва физикаи назариявӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Дар умум шумораи устодони факултет 35 нафарро ташкил менамуд.

Солҳои 1969–1970 факултетро дотсент Маҳмудов Т. (декан) сарварӣ менамуд ва Тӯхтасунов И.Т. ҳамчун мудири кафедраи физикаи умумӣ ва Ройзенвассер Л.С. мудирии кафедраи физикаи назариявиро ба уҳда доштанд. Солҳои 1970–1977 вазифаи декани факултетро дотсент Норматов А.Н., дотсент Пӯлодов Ҷ., устоди калон Ҷумъаев Т., солҳои 1978–1979 дотсент Ҷабборов Ѓ.Ҷ., солҳои 1979–1989 профессор Мирзоев Б., солҳои 1990–1997 дотсент Содиқов И., солҳои 1997-2004 профессор Нормуродов Ф., солҳои 2004-2009 дотсент Неъматов А., 2009-2014 дотсент Муҳаббатов Х.Қ., солҳои 2014-2020 дотсент Раҳмонов Ш.М., 2020-2021 дотсент Умаров У.С. ва 2021-2022 дотсент Наҷмиддинов А.М. ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2022 инҷониб вазифаи декани факултетро дотсент Назруллозода А.С. ба уҳда дорад.

Солҳои 1970–2020 вазифаи ҷонишинони декани факултетро устодон Ҷумъаев Т., Шерматов М., Файзуллоев З., Масалимов К., Мирзоев Б., Ҷуманбоев Ҳ., Раҳматов Р., Меликов И., Давлатов А., Муродов Ф., Сияҳаков С.М., Умаров А.А., Давлатов З.Д. (доир ба корҳои таълимӣ), Берг А.И., Бердерский С.Я., Ҷабборов А.И., Давлатов А., Нуриддинов З., Зафари Умар (доир ба корҳои илмӣ), Ҷабборов Т., Раҳматов Р., Авезов С., Қодиров Б., Давлатов З.Д., Абдуҷалилзода Ф. (доир ба корҳои тарбиявӣ), Исмонов Ф.Д., Ниёзов С.Қ. ба уҳда доштанд. Имрӯз вазифаи ҷонишини декани факултетро доир ба корҳои таълимӣ дотсент Давлатов Р., доир ба корҳои илмӣ, дотсент Абдуҷалилзода Ф. ва доир ба корҳои тарбиявӣ Расулов А. ба душ доранд.

Айни замон дар факултет 4 кафедра: кафедраи физикаи умумӣ, физикаи назариявӣ, кафедраи методикаи таълими физика, кафедраи физикаи эксперименталӣ фаъолият менамояд. Дар факултет 46 нафар устодон, аз он ҷумла 1 нафар профессор, 14 нафар номзади илм, дотсент,  1 нафар муаллимони калон ва 9 нафар ассистентон ба корҳои таълиму тарбия ва илмию таҳқиқотӣ, илмию методӣ машѓул мебошанд. Зиёда аз 40 фоизи устодон дараҷа ва унвони илмӣ доранд. Дар факултет 770 нафар донишҷӯё ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар факултет барои иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ – методӣ ва таҳияи китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ шароит муҳайё мебошад.

Бо дастгирии раёсати Донишгоҳ лабораторияҳои факултет бо як қатор асбобҳои илмӣ таъмин гардида, имконияти таҳқиқи хосиятҳои гармофизикии моддаҳо, хосияти физикии полимер ва кристаллҳо васеъ гардидааст. Дар лабораторияҳои илмӣ – таҳқиқотӣ устодон, аспирантон ва донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки дар заминаи илмии факултет бо роҳбарии олимони боистеъдоди худӣ рисолаҳои докторӣ, номзадӣ, дипломӣ ва корҳои курсӣ дифоъ намоянд.

Раванди таълиму тарбия ва худшиносии миллӣ дар ин солҳои Истиқлолият хеле беҳтар гардид. Корҳои мустақилонаи донишҷӯён, аз он ҷумла навиштани корҳои дипломӣ, курсӣ ва иҷрои корҳои озмунӣ дар заминаи лабораторияҳои илмии факултет мудом фаъол мебошад. Ҷамъияти илмии донишҷӯён ташкил шуда, ба он донишҷӯйи курси 4 Раҷабов Т. роҳбарӣ менамояд. Сифати машѓулияти назариявию амалӣ баланд гардида, дар заминаи кафедраҳо маҳфили “КВАНТ”, “Омӯзгори ҷавон”, “ЭВРИКА”, “ФИЗИКАИ МУҲИТҲОИ КОНДИТСИОНӢ” ва “ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲО АЗ ФИЗИКА” барои донишҷӯён ташкил карда шуд. Донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин мебошанд.

Ҷиҳати тайёр намудани омӯзгорони фанни физика барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил бо  забонҳо тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо ҷорӣ шудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат (контингент) ва шумораи донишҷӯёни факултет рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар факултет сафи донишҷӯдухтарон назар ба солҳои пеш ба маротиб афзуда ба 355  нафар расид. Доир ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар факултет як қатор пешравиҳо ба назар мерасад. Дар факултет кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ тариқи таҳсил дар магистратура, аспирантура, докторантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD омода карда мешаванд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби хатмкунандагони факултет як қатор донишҷӯёни болаёқат барои идомаи таҳсил ба шӯъбаҳои магистратураи макотиби олии Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар карда мешаванд.

Дар даврони Истиқлолият иштирок ва дастовардҳои донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳо, озмунҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас аст. Соли 2023 дар озмуни “Илм-фуруғи маърифат” ва олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар номинатсияи фанни физика ҷойи аввал насиби донишҷӯёни факултети физика гардид.

Устодони факултет маҳсули кори 50-солаи хешро дар тайёр кардани садҳо омӯзгорон, даҳҳо олимону кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мебинанд. Дар тӯли 50 соли фаъолияти хеш факултет зиёда 4500 нафар омӯзгорони баландихтисоси физика, физикаю математика, физикаю информатика ва физикаю астрономия, инчунин 7 нафар доктори илм ва зиёда аз 70 нафар номзадҳои илм тайёр кардааст. Ба қалами устодони факултет садҳо мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, фишурдаи маърӯзаҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимиву методӣ, тавсияю коркардҳои методӣ, монографияҳо, барномаҳои таълимӣ таълиф ва дастрас гаштаанд. Устодону шогирдони факултет арбобони илм ва техника, ходимони шоистаи илм, кормандони шоиста, аълочиёни маорифи Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои маориф, вакилони халқ, омӯзгории собиқадор ба камол расида, имрӯзҳо дар гӯшаю канори ҷумҳурӣ барои рушду нумӯи давлати соҳибистиқлоли дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj