• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Шумораи наврӯзии «Навруста» чоп шуд

Дар арафаи Наврӯзи Оламафрӯз шумораи 1-уми маҷаллаи «Навруста» дар соли 2016 ба нашр расид. Дар нахустсаҳифаҳои шумора таҳти рубрикаи «Таҳқиқ ва таҳлил» мақолаи Мирато Комилов роҷеъ ба роҳҳои баргардонии масдарҳои забони анлисӣ ба забони тоҷикӣ ба табъ расидааст, ки барои тарҷумонҳои ҷавон аз манфиат холӣ нест. Ҳамчунин, мақолаҳои «Таъсири адабиёти англис дар Тоҷикистон» ва «Муқоисаи зарбулмасалҳои тоҷикӣ бо русӣ» зери ин рубрика рӯи нашр омадаанд.

Дар бахши шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳон бошад, ин навбат дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти мусаввири нотакрори оламшумул Раффаэлло маълумоти муфид дарҷ гардидааст. Ҳамзамон, ду расми мондагори рассоми сатҳи ҷаҳонӣ Раффаэлло бо сифати баланд интишор шудааст.

Суҳбати ихтисосии рӯзноманигор Бахтиёри Абдураҳим бо тарҷумон ва адабиётшинос Ҷумъабой Азизқулов перомуни тарҷума ва махсусиятҳои он писанди хонандагон хоҳад гашт.

Дар қисмати «Паҳнои назар» тарҷумаи шеърҳо аз осори шоирони боистеъдоди рус, немис ва туркмен - Сергей Есенин, Александр Блок, Виктор Кочетков, Виктор Коротаев, Ёҳанн Гёте ва Махтумқулӣ оварда шудаанд.

Бо идомаи новеллаи «Ҳуҷра» дар тарҷумаи Соқибой Султонов, декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ, хонандагон дар саҳифаҳои минбаъдаи шумора ошно мегарданд.

Тарҷумаи чанд ҳикояи пурҳикмати адибони маъруф О. Ҳенри, Леа Флайшман, Андре Моруа, Василий Шукшин ва афсонаҳои халқҳои ҷаҳон, ки ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранд, мундариҷаи шумораро рангинтар кардаанд.

ҳикояҳо аз «Ҳазору як шаб» «Навруста»-ро ҳусни анҷом мебахшанд.

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj