• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Баҳор имсол хуштар менамояд

Паёми табрикии ректори донишгоҳ, академик

Носирҷон Салимӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Устодони арҷманд!

Донишҷӯёни азиз!

Чандест, ки Ватани маҳбуби моро фазои атромезу мушкбез ва эҳёгари фасли ҳуснофарини баҳор фаро гирифтааст. Баҳор аз он боз ҳам шукӯҳманду дилписанд ва афсонагуна аст, ки ҷашни Наврӯз дар оғӯш дорад ва ин ҷашнест, ки таърихи куҳанро фаро гирифтаасту безаволию ҷовидониаш кайҳо собит гаштааст.

 

Наврӯзи куҳанбунёди моро аҳли таҳқиқ сароғози офариниш, ибтидои ҳаёт хондаанд. Воқеан ҳам, Наврӯзи бостонӣ дар саргаҳи таърихи мо-ориёинажодон қарор дорад ва ҳамчун суннати пурарзиши миллӣ, ҳамчун ифодагари фарҳангу тамаддуни волои мо эътироф гардидааст.

Наврӯз чун рамзи ҳамбастагии инсону табиат, рамзи эҳёи оламу одам, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот шинохта мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, Наврӯзи оламафрӯзи мо бо сулҳу ваҳдат, бо дӯстиву рафоқат, бо фаъолияту бунёдкорӣ ва бо пиндору гуфтору кирдори нек иртиботи ногусастанӣ дорад ва мардумро аз кинаву хушунат, дурӯғу иғво ва ҳирсу ҳасад барканор медорад.

Наврӯзро метавон ҷашни қаҳрамон номид, зеро он дар фаросӯи таърих аз шебу фарози зиёде гузашта, монеаҳову ихтилофоти бешумореро паси сар карда, азму аҳдофи иддае аз нотавонбинону фарҳангқимобонро шикаста, ҳастияшро, русуму анъанаҳояшро ҳифз бинмуда, чун мероси беназиру устувори фарҳангии ниёгонамон то рӯзгорони мо поку муназзаҳу дурахшон расидааст.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои густариши Наврӯзи фархундапай имконоти мусоид ва фарогир ба вуҷуд овард. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли анъанаву суннатҳои хушгуҳари миллӣ эҳё гаштаву умри дубора дарёфтанд. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард, бештар доман густурд, ҷаҳонӣ гашт. Пешвои миллат, чун ба дигар анъанаҳои миллӣ, ба ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳу эҳтироми самимӣ доранд ва ҳамасола бо аҳли кишвар ин фархундаҷашнро бо азму ниятҳои тозаву нек таҷлил менамоянд. Дар ситоиши ҷашни Наврӯз Пешвои миллатамон, аз ҷумла, чунин иброз доштаанд: «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад». Боз ҳам бо ибтикори Садри аъзами ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҷашни Наврӯз соли равон шукӯҳи дигаре, навиди тозае касб карда, имсол дар рӯзҳои ин ҷашни фархунда дар Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мешавад, ки маҳфили бузургу пурмуҳтавоест дар ҳошияи Наврӯз. Яъне метавон гуфт, ки:

Баҳор имсол хуштар менамояд,

Ҷаҳон фирдавси дигар менамояд.

Дӯстони муҳтарам!

Бовар дорам, ки Наврӯзи имсола ба боз ҳам вусъат ёфтани фаъолияти аҳли донишгоҳ, ба ободу зеботар гаштани он, ба оғози тадбирҷӯиҳои тоза бо ниятҳои нек мусоидат хоҳад кард ва ҳамаи моро барои комёбиҳои навину дастовардҳои шоиста илҳомбахш хоҳад гашт.

Ҳамаи шумо-аҳли донишгоҳи азизамонро бо қудуми тозаи Наврӯз самимона муборакбод мегӯям. Рӯзгоронатон лабрез аз шодию сурур, бахту саодат ва сарсабзиву шукуфоӣ бод!

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj