• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ислом бо гурӯҳҳои ифротгаро иртибот надорад

Манфиатҷӯиву бартарихоҳии гурӯҳҳои алоҳидаи ифротӣ сабабгори дар арсаи ҷаҳон аз байн рафтани давлатҳо, муноқишаҳои мусаллаҳона дар миёни онҳо, кушторҳои бераҳмона, харобу валангор гардидани маҳалҳои аҳолинишин ва ҳатто, шаҳру вилоятҳо, марказҳои фарҳангиву осори таърихӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ шуда истодаанд. Барои гирифтани пеши роҳи ин раванди даҳшатбор моро зарур аст, ки қувваҳои солимро муттаҳид созем ва саранҷоми фоҷиабори ин зуҳуротро ба ҷомеаи башар, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон дуруст фаҳмонем.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқобили ин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ мубориза бурда, то ба имрӯз дар ин самт чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намудааст. Бояд гуфт, ки рисолати таърихии ислом тарбияи инсон дар рӯҳияи адлу инсоф, шафқату муҳаббат, таҳаммулу шукргузорӣ ва сулҳу осоиш буда, ҳар гуна зӯровариву нифоқ, қатлу ғорат ва хушунатро, бахусус, миёни мусулмонҳо маҳкум мекунад. Аммо солҳои охир қатлу вайронкориҳои бераҳмонае, ки аз тарафи пайравони ҳизбу ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ содир мешаванд, дини муқаддаси исломро доғдор намуда, манфиатҷӯиҳои сиёсии гурӯҳу ҷараёнҳои ифротию террористӣ мартабаи ин дини ростинро коста гардонидаанд.

Ислом табиатан бо сиёсат ҳеҷ гуна иртибот надорад. Вале сиёсикунии ислом дар солҳои охир боис шудааст, ки имрӯзҳо муборизаҳои шадид, ҷангҳои хунин ва кушторҳои гӯшношунид барои ба сари қудрат омадан идома доранд. Аксари ин муноқишаҳо ва ҷангҳои байни ҳамдигарӣ хусусияти таҳмилӣ дошта, дар онҳо бештар манфиатҳои геосиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, мазҳабӣ ва шахсӣ ниҳон мебошанд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳамагуна кирдорҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароро маҳкум намуда, ҷомеаро бори дигар огоҳ созем, ки барои гирифтани пеши роҳи ин хатарҳои даҳшатбор муттаҳид гардида, барои таъмини зиндагии орому шоистаи инсоният шароити бештар фароҳам созем.

Кишвари мо ҳамеша ҷонибдори принсипҳои башардустӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Мувофиқи ин принсипҳо ягон гурӯҳ ё доирае ҳақ надорад, ки ба касе тарзи ҳаёт, рафтор, ақида, ирода, шакли руҳоният, дину мазҳаб, фарҳанг ва забони худро иҷборан таҳмил намояд. Бинобар ин, дар шароити имрӯза зарурати ба таври қатъӣ гирифтани пеши роҳи ифротгароии динӣ ва терроризм ба миён омадааст, то одамон тавонанд дар фазои сулҳу субот, оромиву осоиш умр ба сар баранд ва нияту орзуҳои неки худро амалӣ гардонанд.

Дар шинохти асолату ҳувияти дини ислом рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳу субот дар сайёра нақши устувор мегузорад. Дини ислом табиатан гаравиш ба таҳкими сулҳ, адолат ва маънавию ахлоқӣ дорад. Мутаассифона, дар дунёи имрӯз бузургтарин хатар касоне ҳастанд, ки аз номи дин сӯиистифода карда, аҳком ва таъолими диниро таҳриф мекунанд. Дар солҳои ахир тавтиаҳо ва нақшаҳои фитнаангез бар алайҳи ҳукумати конститутсионӣ беш аз пеш шиддат ёфтааст. Ин фитнаҳоро касоне ба вуҷуд меоварданд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз ваҳдату якпорчагии миллат боло дониста дар натиҷа исломро бадном месозанд. Ба ҳамин хотир, ин мавзӯъ барои миллати мо мавзӯи ҳассосест ва мо ифротгароӣ ва террорро хуб мешиносем, агар аз ин ҳодисоти манфур ҷилавгирӣ нашавад, фарҷоми баде хоҳанд дошт.

Зарурати пешгирии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки солҳои охир низоъҳои дохилӣ, муқовиматҳои гурӯҳӣ, тафриқаандозӣ миёни мазҳабҳо, талоши моҳияти сирф сиёсӣ бахшидан ба арзишҳои исломӣ, таъсис ёфтани ҳизбу ҳаракатҳои тундрави ғайриқонунӣ вазъиятро пуршиддат карда истодааст. Бар асоси оёти сареҳи қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳи набавӣ, дини мубини ислом дини раҳмату муҳаббат, сулҳу ваҳдат, суботу амният ва бародарию ҳамзистии осоишта байни инсонҳо буда, ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва харобиовар, хусусан падидаҳои шуми экстремизм ва терроризмро қатъиян маҳкум менамояд. Аз ин рӯ, мусулмонон набояд дар байни худ ба ихтилофоти ақидатӣ ва сиёсӣ, барангехтани фитнаҳои нажодӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ роҳ диҳанд.

Чанд сол қабл шаҳри Душанбе пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид. Инчунин, дар пойтахти кишвари мо соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа конфронси байналмилалӣ баргузор гашт, ки дар он садҳо нафар намояндагони созмону ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ, кишварҳои исломӣ ва дигар мамолики ба мо дӯст иштирок доштанд.

Пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ дар ҷараёни ташкили давлати шаҳрвандӣ бо саъю кӯшиши давлат ва дигар ниҳодҳои дахлдор озодии виҷдон имконпазир гардид, мардум метавонад тамоми урфу одат ва рукнҳои исломиро дар шароити давлати дунявӣ, озодона баҷо оранд. Муносибати ҷараёнҳои демократӣ ва исломӣ дар заминаи ҳамзистии осоишта, гуфтугӯи тамаддунҳои дунявӣ ва исломӣ асос ёфтааст.

Маълум аст, ки дар таркиби сохторҳо ва ҷараёнҳои ба ном экстремистӣ иттиҳодияҳое мавҷуданд, ки бар зидди истиқлоли миллӣ, озодӣ ва ҳуқуқҳои сиёсӣ мубориза мебаранд. Омили номатлуби дигаре, ки дар пойдории ваҳдати миллӣ хатари зиёновар дорад, гароиши зумрае аз фарзандони миллат ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ аст. Барои пешгирии ин амали номатлуб мо бояд чӣ корҳоро анҷом диҳем ва чӣ роҳҳоро пеш гирем. Дар ин бобат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози андеша намудаанд, ки: «Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан, ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем». Аз ин рӯ, барои расидан ба ваҳдат ва ҳифзи якдилию якпорчагии мардум бо назардошти маслаку мазҳаби зиёда аз ҳазорсолаи онҳо, яъне мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ бо кулли арзишҳои исломӣ ва ҳамчунин бо муколамаи фикру андеша ва бовару эътиқоди ғайр аз фикру андешаву эътиқоди худамон шароит муҳайё намуда, пайдоиш ва хатароти терроризм ва экстремизмро пешгирӣ намоем. Қуръони карим уммати исломро уммати васат (миёнаву адл) номидааст, то дар масири зиндагии худ аз ифроту тафрит канора ҷӯянд ва зиндагии росту беолоишро барои худ муҳайё созанд.

Дар солҳои охир, чунон ки ҳамагон шоҳид ҳастем, дар манотиқи гуногуни кишварҳои исломӣ гурӯҳ ва ҳаракатҳои тундраву ифротие пайдо шудаанд, ки дини мубини исломро ба манфиати гурӯҳии худ, бо ғаразҳои сиёсӣ истифода карда, баъзан сабабгори рехтани хуни мардуми бегуноҳ шуда истодаанд ва ин дини покро дар назари ҷаҳониён ҳамчун оини баду зишт нишон медиҳанд. Ҷавонони ноогоҳро бо ғояҳои вайронгариву тахрибкорӣ ва барои фаъолиятҳои нопоки худ истифода мебаранд. Барои асоснок кардани амалҳои зишти худ ояту аҳодисро бо фикрҳои шахсӣ ва гурӯҳии худ ташреҳу тавзеҳ медиҳанд ва ба ин васила мехоҳанд ба ғаразҳои сиёсии худ ноил шаванд.

Пешвои миллати мо дар ин хусус дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат ишора намуданд: «Вобаста ба ин, борҳо гуфта будам ва боз таъкид менамоям, ки ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст».

Пас, бо итминони комил метавон қайд кард, ки яке аз роҳҳои мубориза бо экстремизми динӣ ва терроризм, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва баланд бардоштани фарҳанги динии мардум мебошад.

Ҳ.Зикиров, мудири кафедраи фалсафа,

Б.Ҷӯрабеков,

аспиранти кафедра

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj