• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶАҲОНБИНӢ ВА

ШУУРИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ИНКИШОФИ АМНИЯТИ МИЛЛ

Вақтҳои охир дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, нашрияҳои сершумори Тоҷикистон бисёр хабару мақолаҳо, очерку ҳикояҳо ва дигар пешниҳодҳои муҳим нашр гардида, ба диққати хонандагони сершумор пешниҳод карда метавонанд. Дар байни онҳо мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ Саймунин Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (шурри муқаррарӣ)» ҷойи махсусро мегирад. Муаллиф дар ин мақола тағйиротҳои гуногуне, ки солҳои охир дар ҷаҳон имрӯза ва махсусан, дар ҳаёти халқу миллатҳое, ки дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомату зиндагӣ мекунанд ба таври мушаххас таҳлил менамояд. Бартарии мақолаи С.Ятимов аз он иборат аст, ки ба воситаи шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ҳамаи  заминаҳо, омилҳои объективӣ, қувваҳои пешбарандаи ҷамъиятиро асоснок карда, нишон медиҳад, ки амалӣ гардонидани онҳо ба дараҷаи баланди ақли расо, шуурнокии баланд, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмӣ, фаъолияти устуворонаи ҳар як фарди ҷамъият вобаста аст.

 

Яке аз ҷиҳатҳои беҳтарини мақолаи С.Ятимов аз он иборат аст, ки муаллиф фикру ақидаҳои худро ба воситаи мисолҳои аниқ асоснок карда, таҳлили равандҳои асосии шуури ҷамъиятӣ ва таъсири аманияти ҷамъиятиро дар бораи ҳодисаҳо ва проблемаҳои ҷаҳони имрӯза ва Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок кардааст. Аҳамияти мақолаи С.Ятимов аз он иборат аст, ки имрӯз ба ҳар як хонанда доир ба шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дастури дурусти илмӣ-методӣ, назариявӣ, амалӣ медиҳад. Дар мақола нишон дода мешавад, ки шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ барои пайдоиш, инкишоф, рушту камолоти ҳар як давлату мамлакат ва умуман ҷамъият аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ба воситаи таъсиру мадад ва амнияти ҷамъиятӣ дар дохилӣ ҳар як мамлакату давлат пешравӣ, дигаргунӣ, бунёдкорӣ ва инкишофи ҳаматарафа пайдо мегардад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар мақола ба хонандагони сершумор пешниҳод карда мешавад, ин проблемаи барпо намудани давлати навини Тоҷикистон мебошад. Муаллиф нишон медиҳад, ки дар барпо намудани чунин давлат нақш ва мавқеи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ниҳоят калон мебошад. Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ яке аз қисмҳои таркиби ҳаёти маънавӣ буда, нақш ва мавқеи онҳо дар давраи бунёди ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол торафт меафзояд.

Мазмуни асосӣ, мақсад ва вазифаҳои муҳиме, ки дар мақола ба хонанда пешниҳод карда мешаванд, аз се қисми таркибие иборат мебошанд, ки бо якдигар зич алоқаманданд ва аз якдигар ҷудонашаванда мебошанд, ки инҳо: ҷамъият, ҷаҳонбинӣ ва амният мебошанд. Дар мақолаи Саймунин Ятимов доир ба ҳар кадоми онҳо андешаҳо, фикру мулоҳизаҳо, мақсадҳои бо якдигар алоқаи диалектикӣ доштани онҳо, ки яке боиси инкишофи дигаре мегардад ба таври равшану фаҳмо таҳлил карда шудаанд. Аҳамияти таърихию методологӣ, илмию диалектикии мақолаи С.Ятимов имрӯз барои инкишофи Тоҷикистон ва дигар мамлакату давлатҳои ба мо дӯст хеле аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, мо доир ин мақола якчанд ақидаю андешаҳои худро баён мекунем. Пеш аз ҳама мехостем, ки аввал доир ба ҷаҳонбинӣ ва алоқаи он ба шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ фикрҳои худро баён намоем.

Аввал, мо доир ба мавқеъ ва нақши ҷаҳонбинӣ дар инкишофи ҷамъият фикрҳои худро баён менамоем. Зарурияти ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии омма дар марҳилаи ҳозираи дигаргунсозӣ аз он сабаб ба миён меояд, ки бояд ҳар як шаҳрванди мамлакати мо рафт ва пешомадҳои инкишофи ҷаҳониро амиқ фаҳманд, ба ҳодисаҳои дохилии мамлакат дуруст сарфаҳм раванд, зиндагониро бошуурона ташкил кунанд. Дар рафтори ҳар як одам, дар фаъолияти ҳар коллектив ва ҳар як муассисаю ташкилот идеалҳои олии ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бояд узван пайваст бошанд. Иҷрои ин вазифаҳои мушкилу мураккаб танҳо дар асоси ҷаҳонбинии амиқ ва шуури ҷамъиятии ҳар як аъзои ҷамъият имконпазир мебошад.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҷаҳонбинӣ баробарӣ пайдоиши одамон ба вукӯъ омадааст. Ташаккул ва инкишофи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии ва пайдоиши одамон,  ва инкишофи синфҳо ва давлатҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии ҳар як давраи муайяни таърихӣ дар таълимотҳои сиёсӣ, назарияҳои илмӣ, нормаҳои ахлоқ, аҳкому арконӣ дин, асарҳои санъат ва ғайра ифодаи худро меёбад. Чунин вусъат пазируфтани ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии шоҳиди фаъолияти васеъ ва серсоҳаи инсон мебошад. Барои мувофиқи талаботи худ дигаргун сохтани табиат ва ҷамъият истеҳсолоти неъматҳои моддӣ одамон ба муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеологӣ дохил мегарданд. Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии муносибати одамонро ба муҳите, ки онҳоро иҳота кардааст, муайян менамояд. Пеш аз ҳама, чаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии муносибати одамонро ба олами воқеӣ муайян мекунад. Аз ин рӯ, мавқеъ ва нақши ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ дар мустаҳкамии амнияти ҷамъият нақши ҳалкунанда мебозад.

Маълум аст, ки олами воқеӣ яктост, аммо фикру ақидаҳо рочеъ ба он бисёранд. Дар тӯли асрҳо бисёр мактабу равияҳо, ҷараёну ақидаҳо ва назарияҳои гуногун ба вуҷуд омаданд, ки ҳар қадоми онҳо тамоюли мафкуравӣ, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии ба худ хосаеро ба миён мегузоштанд. Истилоҳи «ҷаҳонбинӣ»-ро шарҳ дода, гоҳо мегӯянд, ки ин системаи ақидаҳо доир ба олам мебошад. Ин таъриф дуруст аст, аммо вай характери хеле умумӣ дорад. Илова бар ин на ҳамаи донишҳо, идеалҳо, принсипҳо, мулоҳиза, ақидаҳо ба доираи шуури ҷамъиятӣ дахлдор ҷаҳонбиниро ташкил медиҳанд. Таърифи чаҳонбинӣ дар Энсиклопедияи Советии тоҷик чунин омадааст: «Ҷаҳонбинӣ - ин системаи ақидаҳо дар боби олами объектив ва мавқеи инсон дар он, муносибати одамон ба воқеият, инчунин эътиқоду идеалҳои мазкур шакл мегирад»[1].

Ҷараёни пайдоиш, инкишоф ва ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии одамон давраҳои дуру дарози таърихиро дарбар мегирад. Ба ин ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии давраҳои ҷамъияти ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ, сотсиалистӣ ва ғайра мисол шуда метавонанд. Таҳлили фалсафаи ҳаёти маънавии ҷомеа инсонеро нишон медиҳад, ки дар ҳар як давраи муайяни таърихӣ ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ, характер ва хусусиятҳои ба худ хос доранд. Дар ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии ҳар як давру замон манфиатҳо ва мақсадҳои одамон пурра инъикос меёбад. Характери ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ва шаклу мақсадҳои асосии он хамеша тақдири одамон, ҳаёти дирӯза, имрӯза ва ояндаи онҳоро муайян мекунад. Дар ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ системаи мураккаб ва серсоҳаи донишҳо ва тасаввуроти одамон муттаҳид мегардад. Бинобар ин, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ қувваи бузурги пешбарандаи инсон ва ҷамъият мебошанд, ки дар мустаҳкам намудани амнияти ҷамъият нақши ҳалкунанда мебозанд. Дар замони мо нақш ва мавқеи ҷаҳонбинӣ дар инкишофи чомеаи демократӣ ниҳоят калон аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити сохтори чомеаи демократӣ ва барпо намуданн давлати навини ҳуқуқбунёди дунявӣ чунин вазифаи мушкилеро пеш гузоштаанд, ки дар ҳар як аъзои ҷамъият ҷаҳонбинии том шуури ҷамъиятӣ  ташаккул дода шавад, яъне ӯ дар бораи конуниятҳои асоси табиат, ҷамъият ва тафаккури инсон тасаввуроти дуруст ҳосил кунад. Дар шароити сохтори ҷомеаи демократӣ ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ҳар як шаҳрванд аҳамияти якуминдараҷа пайдо мекунад. Ҳалли ин масъала маънои дар пешравии ҳаёти маънавии Тоҷикистон ҷаҳиши бузургеро дорад, ки он кори сохтори ҷомеаи демократӣ ҷараёни симои маънавии одамонро аз бисёр ҷиҳат метезонад.

Омӯхтани мақолаи Саймумин Ятимов моро ба чунин хулоса меорад, ки ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ нақши оламшумули таърихии оммаи халқро қувваи пешбаранда ва бунёдкунандаи ҷамъият, роҳҳои дар мубориза барои ба даст овардани озодӣ, мустақилият, истиқлолият, сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, истифода бурдани қонунҳои объективии ҷамъиятиро нишон медиҳад. Қувваи пешбарандаи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии дар он аст, ки фалсафаи пайдоиш, самтҳо, қонуниятҳо ва марҳилаҳои таърихии инкишофи чамъиятиро дуруст нишон медиҳад ва инсонро ҳамчун қувваи марказии чомеа ба таври илмӣ асоснок менамоянд, ки ин яке аз сабабҳои мустаҳкамшавии амнияти ҷамъиятӣ мебошад.

Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ сарчашмаи муҳими хиради инсон буда, ба одамон ақидаҳои томи идеявӣ, хулосаҳои устувори сиёсӣ, кувваи махсуси дарккунӣ ва заковати хушзеҳниро мебахшанд. Чӣ тавре, ки барои ситорашинос телескоп ва барои тадқиқотчии лаборатория микроскоп лозим аст, барои одамон ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ба ҳамон андоза зарур аст. Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ комёбиҳои олии маданияти маънавӣ, ҷамъбасти фикрҳои пешқадами мутафаккирони барҷаста, бонуфузтарин идеали пешқадами одамон, таъсирноктарин аслиҳаи дигаргунсозиҳои табиат, ҷамъият ва тафаккури инсон мебошанд. Махсусан дар замони мо қувваи пешбарандаи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ торафт меафзояд. Сабабҳои афзоиш мавқеъ ва мақоми ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ аз омилҳои зерин иборатанд:

Якум, дар давраи сохтори ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ доираи таъсири омилҳои идеологӣ васеъ мешавад, нақш ва мавқеи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ дар ҳаёти маънавии ҷамъият ва ҳар кас торафт меафзояд. Дар рӯҳи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии тарбия намудани одамон, зарурияти дигаргунсозии ҷаҳонбинӣ, шуури ҷамъиятӣ ва тафаккури онҳо тақозои замон аст, ки барои мустаҳкамшавии амнияти ҷамъият нақши ҳалкунанда мебозанд;

Дуюм, характери дигаргунии замоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, вазъияти мураккаби иҷтимоӣ ва байналхалқӣ, масъалаҳои таҳия  кардани системаи дурусти ақидаҳоро нисбат ба олам ва муносибати одамон бо тамоми тезию тундиаш ба миён мегузорад, проблемаҳои умумӣ, хеле баланд шудани мақоми иҷтимоии ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятиро дар ҳаёти ҷамъият ва инсон талаб менамояд;

Сеюм, мамлакати мо ба давраи нави тараққиёти худ ба марҳилаи сохтори ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ дохил гардидааст, ки бомуваффақият ҳал намудани онҳо дар сурате имконпазир мебошад, ки ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва шуури ҷамъиятии ҳар як аъзои ҷамъият ба талаботи имрӯза пурра ҷавоб дода тавонад;

Чорум, дигаргуниҳои амиқи ҷамъият, тағйиротҳои дахлдори ақидаро низ талаб мекунад, зеро бе тағйироти моҳият ва мазмуни ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ, шуури ҷамъиятӣ, бе тағйироти психологӣ ва тафаккури мо хатоҳои содиршудаи солҳои гузаштаро ислоҳ карда наметавонем. Замони дигаргунсозӣ, ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ, паҳн намудан ва омӯхтани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, аз тасаввуротҳои карахтӣ қатъиян озод намудани шуури оиёсӣ яке аз вазифаҳои муҳими кори тарбиявии замони ҳозира мебошад;

Панҷум, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии одамон ҳоло дар шароити инкишофи бемислу монанди табаддулот дар соҳаи илму техника ташаккул меёбад, ки оқибати иҷтимоии он аҳамияти бағоят калон дорад. Кашфиётҳои паси ҳамаи нн соҳаҳо тасаввуроти кӯҳнаро решакан менамояд. Ин тафаккури одамонро озод карда, барои халосшавии шуур аз монеаҳо мадад мерасонад. Бинобар ин, барои аз тасаввуротҳои дуруст ба ҷараёнҳои мураккаб, ки револютсияи илмию техникӣ ба вуҷуд овардааст, доираи васеи ҷаҳонбинӣ, акидаҳо, шуури мустаҳками ҷамъиятӣ ва тафаккури аниқи ҳар як шахсро талаб менамояд, ки онҳо ба моҳияти зиддиятнокӣ, дигаргуниҳои имрӯза сарфаҳм раванд;

Шашум, муборизаи зидди идеологияи ба мо бегона, фош кардани моҳияти иртиҷоии фанатизми ислом, экстремизми динӣ, терроризми байналхалқӣ, фаъолияти тӯҳматангезу иғвогариҳои беасоси душманони халқи тоҷик қатъиян талаб мекунад, ки ҳар як одам ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии устувор, шуури баланд, эътиқоди амиқ доир ба истиқлолияту ваҳдати миллӣ, ҷомеаи демократӣ, давлати ҳукуқбунёди дунявӣ ва ояндаи мамлакати мо дошта бошад, ки яке аз заминаҳо ва асосҳои мустаҳкамшавии амнияти ҷамъиятӣ мебошад.

Ҳамин тарик, ташаккули ҷаҳонбинӣ, пойдор гардидани шуури сиёсӣ ва тафаккури диалектикии ду ҷараён ягонаанд: аз як тараф, кори мусбати дар ҳар одам зарурияти ташаккул додани ҷаҳонбинӣ ва шуури баланди ҷамъиятӣ, тафаккури дуруст ва сифатҳои беҳтарини инсон ба вуҷуд меояд. Аз тарафи дигар, мубориза ба муқобили рӯйдодҳои манфӣ, ки онҳоро мо ҳодисаҳои зидди ахлоқи ҳамида меномем, сурат мегирад.

Ҷаҳонбинӣ, шуури ҷамъиятӣ ва тафаккури дурусти одамон дар рафти муборизаи қатъи ба муқобили ҳамаи он ақидаю тасаввуротҳое, ки ба ҷамъияти мо муқобиланд, ташаккул меёбанд.

Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ тамоюлҳои пешқадамтарини тараққиёти иҷтимоӣ ва маънавии ҷамъият, талаботи ҷамъияти демократии ҳукуқбунёди дунявиро ифода карда, ба манфиатҳои кулии ҳар як одам мувофиқ меоянд. Онҳо барои одамон баҳри тафаккури мустақилона, муносибати эҷодкоронаи васеъ фароҳам меоварад.

Ҳамин тариқ, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ба инсон барои тавзеҳи вазъияти атроф, дуруст ёфтани роҳи дарку дигаргунсозии минбаъдаи воқеият мадад мерасонанд. Аз ин рӯ, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ қувваи пешбарандаи ҷамъият мебошанд. Одамон ҷаҳонбинӣ ва шуурӣ ҷамъиятиро ба роҳбарӣ гирифта, қувваҳои стихиявии табиатро ба худ тобеъ менамоянд, ба туфайли ин ҳокими он мегарданд.

Дар соҳаи ҳаёти маънавӣ бошад, ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ба одамон эҳсоси нақши худро муайян кардани роҳҳои барпо намудани адолати ичтимоӣ, баробарию дӯстӣ, рафоқат, озодӣ, оромӣ, истиқлолият ва монанди инҳо мадад мерасонад.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин омилҳо ва дигар равандҳои инкишофи ҷомеа зарурияти баланд бардоштани дараҷаи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии ҳар як шаҳрванди мамлакати моро талаб менамояд.

Ташаккул ва инкишофи ҷаҳонбинию шуури ҷамъиятии ҳар як шаҳрванди мамлакати мо, пеш аз ҳама, самараи дигаргунсозиҳоӣ бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ҳаёти маънавӣ, натиҷаи ба даст овардани озодӣ, ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва муттаҳиддии тамоми табақаҳои иҷтимоии ҷамъият, дӯстию рафоқати ҳамаи миллату халқиятҳои мамлакат, комёбиҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҳукумат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мақолаи С.Ятимов омада аст, ки муборизаи тезу тунди идеологии замони ҳозира зарурияти боз ҳам баланд бардоштани ҳушёрии ҷамъият ва идеянокии баланди ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро нисбат ба каҷфаҳми, пастзании комёбиҳои халқи тоҷик, нисбат ба идеологияи ба мо бегона, зуҳуроти миллатчигӣ, шовинистӣ, маҳалгароӣ, оштинопазир буданро талаб  менамояд. Душманони истиқлолияти миллии тоҷикон кӯшиш менамоянд, ки ба шаҳрвандони мамлакати мо, алалхусус, ба шуури ҷавонон бештар таъсир расонанд, боварии онҳоро ба сохтори ҷомеаи демократӣ ва давлатӣ ҳуқуқбунёди дунявӣ суст карда, дар ниҳоди онҳо рӯҳияи худписандӣ, психологияи молпарастиро ба вуҷуд оранд ва пешравии моро ба сӯи фардои дурахшон боздоранд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда аст, ки дар бораи насли наврас, ки дар даҳҳо соли наздик масъулияти тақдири ҷамъият ба зиммаи вай меафтад, Ҳукумат ва давлати ҷумҳурӣ доимо ғамхорӣ мекунанд. Имрӯз вазифаи ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки ҷавононро ба фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ ҳарҷониба ҷалб кунанд, онҳоро дар рӯҳи садоқат ба идеалҳои истиқлолияти миллӣ ва ваҳдат тарбия намоянд, ҳисси ифтихори онҳоро ба мамлакати худ, саъю кӯшиш ба меҳнати шахсӣ ва равнақи мамлакат кӯмак расонидани онҳоро инкишоф диҳанд, дар дили онҳо нисбат ба артиши миллии Тоҷикистон меҳру муҳаббат парваранд, азми ба ҳифзи Ватан тайёр будани онҳоро қавитар гардонанд. Ҳалли ин омилҳо, равандҳо ва вазифаҳое, ки дар назди ҷавонон меистанд, яке аз роҳҳои мустаҳкамшавии амнияти ҷамъияти мебошанд.

Қувваи пешбарандаи чаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ барои мустаҳкамшавии амнияти ҷамъиятӣ нақши ҳалкунанда мебозанд. Агар ҳар як шаҳрванди чумҳурӣ принсипҳои чаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятиро аз худ намоянд, онҳо нисбат ба нақш ва мавқеи ҳокимияти сиёсӣ, давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, вазъи сиёсии ҷумҳурӣ, муҳити сиёсӣ, равандҳои сиёсӣ, ихтилофҳои сиёсӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, тартиботи сиёсӣ. зиддияту монеаҳои сиёсӣ, ки дар мамлакат зуҳур меёбанд, тасаввуротҳои дуруст ва ақидаҳои устувор пайдо мекунанд. Таҷрибаи солҳои охир дар Ҷумҳурии Точикистон нишон дод, ки ҳанӯз дараҷаи сиёсӣ, маданияти сиёсӣ, ҷаҳонбинию чаҳонфаҳмии як қисми шаҳрвандони мамлакати мо дар сатҳи  паст меистад, ки онҳо ба муҳиту вазъи сиёсии Тоҷикистон баҳои дуруст дода наметавонанд, хулосаҳои сиёсӣ бароварда наметавонанд, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданиятнокии онҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Як қисми шаҳрвандон ба хатогиҳои сиёсӣ роҳ дода, хомии сиёсӣ зоҳир карда, қисми онҳо гумроҳ гаштаанд. Бинобар ин тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳи ҷаҳонбинӣ, шуури ҷамъиятӣ диққати махсусро талаб менамояд. Дар айни замон аз он чашм пӯшидан мумкин нест, ки як қисми шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба таври бояду шояд дар меҳнат обутоб наёфтаанд, дар онҳо интизоми меҳнат, нормаҳои баланди ахлоқу рафтор, тобоварӣ ба душвориҳо ташаккул наёфта, баъзан рӯҳияи аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кардан, рӯҳияи истеъмолӣ зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсии мамлакат ба шаҳрвандон ҳар қадар бештар диққат диҳанд, дар ниҳоди онҳо ҳамон қадар эътиқоди идеявӣ ташаккул меёбад. Асоси эътиқоди идеявии шаҳрвандон ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ мебошанд, ки яке аз сабабҳои мустаҳкамшавии амнияти миллӣ дар ҷамъият мегардад.

Маълум аст, ки дараҷаи шуурнокй, ҷаҳонбинӣ, маданиятнокӣ, эҳсос, мафкура, донишу фаҳмиши як қисм шаҳрвандон гунонгун мебошанд. Дар ниҳоди онҳо ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, шуури ҷамъиятӣ, эътиқоди идеявию маданиятнокии ҷараёни фавқуллода мураккаб аст. Бояд гуфт, ки чаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятии шаҳрвандон дар рафти муборизаи оштинопазир ба муқобили ҷараёни идеологии ба мо бегона ва фош намудани моҳияти реаксионии мафкураи зараровар ба вуқӯъ меояд. Ҳукумат ва Давлати Ҷумҳурии Точикистон зарурияти пурзӯр намудани муборизаро ба муқобили ҳар гуна ақидаҳои кӯҳнашуда ва даъвоҳои беасоси душманони мо ба миён гузошта, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, нерӯҳои таъсирбахши идеологиро водор намуд, ки шаҳрвандонро аз ҷиҳати идеявии сиёсӣ обутоб дода, онҳоро дар рӯҳи боваринокӣ ба халқу миллати тоҷик, Ватани азизамон тарбия намоянд, ки имрӯз фазои тарбияи идеявӣ дар Тоҷикистон доираи хело васеро дар худ муттаҳид менамояд ва он натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.

Имруз яке аз равияҳои идеологияи сиёсии давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявии Тоҷикистон ватандӯстӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Мазмуну мақсади идеологӣ, ҷаҳонбинӣ, шуури ҷамъиятӣ аз мустаҳкам иамудани ваҳдати миллии халқи точик ва якпорчагии мамлакат иборат аст. Дар ҳудуди давлати дунявии Тоҷикистон ҳамаи фаъолияту амалиёти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммави, мақомоти ҳокимияти давлатӣ танҳо дар асоси қонун вуҷуд дошта метавонанд. Табиат ва фазои давлати дуняви ба ҳар гуна унсурҳои зидди ҷамъиятӣ, ҷинояткорӣ, қонун шиканӣ, маҳалгароӣ, гурӯҳбозӣ, манфиатпарастии шахсӣ ва монанди инҳо муросо карда наметавонанд. Бояд гуфт, ки волояти қонун шарти муҳими пешрафти ҷомеа мебошад. Дар ин кор нақш ва мавқеи мақомоти ҳифзи ҳукуқ, аз ҷумла прокуратура, суд, умури дохила, амният, мудофиа ва ғайра ниҳоят калон аст. Мустақил гардидани истиқлолият, ваҳдати миллй ва худшиноси танҳо дар он сурате имконпазир аст, ки агар одамон дараҷаи баланди ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятиро аз худ намоянд. Истиқлолият танҳо дар заминаи амнияти ҷамъиятӣ, худшиносии ҳакиқии милли ба вуҷуд меояд. Мустаҳкам шудани истиқлолияти миллӣ ба дараҷаи баланди шуурнокӣ вобастагӣ дорад. Шуурнокии омма ҳар қадар балантар гардад, онҳо ба ҳамон андоза барои пойдору устувор гардониданн истиқлолияти миллӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ яке аз манбаҳои назариявию идеявии миллӣ мебошанд. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди давлати хуқуқбунёди дунявӣ тамоми муҳити идеологӣ  мустаҳкам намудани худшиносии миллӣ танҳо дар асоси амнияти ҷамъиятӣ ба сулҳу субот меояд. Дар марҳилаи ҳозираи сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон мардумро ба баҳсу мунозираҳои таҳмиллӣ накашида, баръакс шуури ҷамъиятӣ оммаро ба худшиносии миллӣ равона кунем. Шуури ҷамъиятӣ қодир аст, ки пеши роҳи ҳар гуна мафкураю ақидаҳои зарароварро гирад ва ҷомеаро ба сӯи худшиносии миллӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ҳидоят намояд. Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Точикистон дар сурате ба даст меояд, ки ҷумҳурии мо дар асоси фаҳмиши ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ дилпурона пеш равад. Қувваи пешбарандаи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ маҳз аз ҳамин иборат мебошад.

Ҷанҳонбинӣ бузургтарин қувваи маънавии чамъият, аслиҳаи тавонои идеявии замони ҳозира, начибтарин, самараноктарин, фаъолтарин назарияи илмӣ буда, ба фикру зикр ва дили миллионҳо мардуми тоҷик роҳ ёфтааст. Ҳукумат ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки кори мақсаднок, системаноки ташаккули ҷаҳонбинии омма шарти ҳатмии сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон Ҳукумати Тоҷикистон ҳаминро ба асос мегирад, ки ҷаҳонбинӣ ифодакунандаи манфиатҳои оммаи халқ ва ба талаботи объективии тараққиёти таърихӣ мувофиқ буда, дар ҳаёти ҷамъият мавқеи азими дигаргунсозанда мебозад. Ин чаҳонбини оммаро фаро гирифта, ба қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият табдил ёфтааст. Қасе, ки ҷаҳонбиниро аз бар кардааст, доираи назараш васеъ, ақидаҳояш шешқадам, маданияти сиёсиаш баланд ва фикру мулоҳизаҳояш дуруст мебошад. Ҷаҳонбинӣ қисми таркибии раванди умумии болоравии маданияти маънави ва тараққиёти шуури ҷамъиятӣ мебошад.

Одаме, ки бо ҷаҳонбинӣ мусаллаҳ аст, барои ғалабаи идеалҳои гуманистӣ собитқадамона мубориза бурда, қаҳрамонӣ ва маҳорати беҳамто нишон дода метавонад.

Ҷаҳонбинӣ инкишофи қонунии табиат, ҷамъият ва тафаккури инсонро дуруст ошкор намуда, роҳҳои аниқи дигаргунсозии ҷаҳонро ба нафъи оммаи халқ муайян менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар китобаш «Тоҷикон дар оинаи таърих» менависад: «Сохти давлатдории моро Қонститутсияи мамлакат, ки ба он аксарияти мутлақи сокинони кишварамон овоз додаанд, муайян намудааст. Бигузор ҳамаи ҳамватанонамон дуруст дарк кунанд, ки мо на коммунизм сохтан мехоҳему на ҷумҳурии исломӣ. Мо ба таври табий дар заминаи иқтисодиёти озоди бозорӣ, бе ягон идеологияи зӯран ба гардани халқ боршуда, ҷамъияти иҷтимоию шаҳрвандиро барпо мекунем, ҷомеаеро месозем, ки дар он ҳар як ҳамватани мо худро озод ва хушбахту сарбаланд ҳис карда тавонад.

Ин тасмини мо қатъи буда, хоҳишу талаби миллионҳо ҳамватанонамонро ирода мекунад».[2]

Бояд гуфт, ки барпо кардани чунин ҷомеа танҳо дар асоси ҷаҳонбинии устувор, шуури ҷамъиятӣ ва маданияти баланди ҳар як шаҳрванд имконпазир мёбошад. Имрӯз ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ ба қувваи пешбарандаи шахс ва ҷомеа табдил ёфта истодааст.

Дар мақолаи С.Ятимов омадааст, сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки тамоми ҳалқҳо ва миллатҳое, ки дар қаламрави мамлакати мо истиқомат доранд, боз ҳам ба якдигар наздиктар шаванд, дӯстиҳо рафоқати байни онҳо мустаҳкамтар гардид. Дар рафти бунёди ҷомеаи демократӣ муносибатҳои байни тамоми табақаҳои иҷтимоии мамлакат торафт устувор мегарданд. Мақоми онҳо дар инкишофи давлати навини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявии тоҷик торафт меафзояд. Дар ин давра нерӯҳои асосии иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа хеле баланд мегарданд ва барои инкишофи муносибатҳои мардуми ҷумҳурӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунанд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки мо мавриди тадқиқ қарор додем, афзудани самт ва мавқеи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа, дар мустаҳкамшавии амнияти Тоҷикистон мебошанд. Бояд гуфт, ки бе ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии амиқ, бе дараҷаи баланди шуури ҷамъиятӣ, бе тағйироти психологӣ ва тафаккури ҳаматарафа мо хатоҳои содиршудаи солҳои гузаштаро ислоҳ карда наметавонем. Бинобар ин, дар рӯҳи замони ҳозира  ташкил ёфтани ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ, паҳн намудан ва омӯхтани ақидаҳои демократӣ, давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ аз тасаввуротҳои карахтӣ қатъиян озод намудани шуури одамон яке аз вазифаҳои муҳими сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар рафтори ҳар як инсон, дар фаъолияти ҳар як коллектив, ҳар як ташкилоту муассиса идеяҳои меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ маданиятнокӣ, меҳру муҳаббати бепоён ба халқу миллати худ, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ узван пайваста бошанд, иҷрои ин вазифаи муҳиму мураккаб танҳо дар асоси ҷаҳонбинии амиқу устувор ва шуури баланди ҷамъиятии ҳар узви ҷамъият имконпазир мебошад. Ҳамаи ин сифатҳои баланди ҳаёти маънавии аъзоёни ҷамъият боиси мустаҳкамшавии амнияти Тоҷикистон мегарданд.

Дар баробари ахамияти илму фарҳангӣ халқи тоҷик Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст, «Умуман, халқу миллате, ки ба гузаштаи таърихи худ, ба сарватхои маънавию ирфонӣ, анъанаву сунатҳои эҷодӣ ва дигар муқаддасоти хеш ҳиссае намегузорад, ба ояндаи нек умед баста наметавонад. Тамоми осори гузаштаи моро, аз «Авесто» шуруӯъ карда то Рудакию Фирдавсӣ, Мавлонову Хайём, Носири Хисрав, Хоҷа Камол,  Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Сайдову Дониш ва садҳо дигаронро маҷмӯи одобу ахлоқ номидан мумкин аст. Фақат арзишу фарогирии ин осор аз арзишҳои маънавиро ба таври ҷиддӣ, банизом ва пайгирона ба роҳ мондан лозим аст».[3]

Қувваи пешбарандаи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ дар соҳаи аниқ кардани сохтори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калон дорад. Ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ имконият медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд мазмуну моҳият, роҳҳои  барпо намудани ҷамъияти навро дуруст аз худ намояд ва ҳушёрии сиёсӣ нишон диҳад.

Имрӯз дар оғози асри ХХ1 масъалаҳои худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагии миллат ва муттаҳидию ягонагии сарзамини Тоҷикистон чун даҳ асри муқаддам аҳамияти худро гум накардааст. Бадхоҳонаи миллати тоҷик ҳато дар замонҳои пеш мехостанд забони тоҷикро аз байн баранд, маҳз Сомониён тавонистанд, ки на танҳо забони тоҷикро нигоҳ доранд, балки барои рушту такомули он саҳми босазое гузаронад. Муҳофизати Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз вазифа ва қарзи ҳар як шаҳрванд, зарурияти таърихӣ ва тақозои замон мебошад. Дар ин кори бузург то рафт нақш ва мавқеи ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъиятӣ меафзояд. Аз ин рӯ, ҳини суханронӣ дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе 14 феврали соли 1998 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «Мо бояд сарзамини худро аз порашавӣ нигоҳ дорем ба пеш гузоштани ғаразҳои шахсӣ, манфиатҳои қавмию маҳалаҳои ҷудогона роҳ надиҳем. Ва мо дар куҷое бошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат кашем, бояд лаҳзае фаромӯш насозем, ки мо тоҷикем ва як сарзамин, як Ватан, як забон, як давлат ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст».[4]

Таҷрибаи чандинҳарсолаи таърихи инсоният шоҳиди он мебошад, ки Тоҷикистон имрӯз ба марҳилаи наву ҳассос ворид гардидааст. Аммо рафти тараққиёти ҷаҳони имрӯза нисбати пештарааш хеле мураккаб ва нобаробар аст. Мо гуфта метавонем, ки тамоми аҳли башариат ба вартаи хатарноку даҳшатоваре дохил гардидааст. Илова бар ин, таҷрибаи таърихи башариат нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони имрӯза, қариб 3 ҳазор халқу миллат ва гурӯҳҳои хурди этникӣ мавҷуд мебошанд., ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди зиёда 220 давлатҳои хурду калони ҷаҳони имрӯз мутаҳид мебошанд. Яке аз хусусиятҳои хоси ҷаҳони имрӯза аз он иборат аст, ки аз чор суи дунё ҳар рӯзу ҳар соат дар байни халқҳо, миллатҳо, синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва як қатор мамлакату давлатҳо ҷангу ҷанҷол, нооромӣ, террор, муноқиша, одамкушӣ бо шеваҳои гуфтугӯ, музоҷот, тӯҳмату қасосгирӣ ва монанди ин омилҳои зиддиинсонӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамаи ин ҳодисаву воқеаҳои нохӯш аз он сабаб пайдо мешаванд, ки як қисми аҳолӣ, махсусан сардорону роҳбари як қатор мамлакатҳо ҷаҳонбинии устувор ва шуури сиёсиро дуруст аз худ накардаанд.

Ба ин давлатҳо Сурия, Ироқ, Ливия, Яман, Тунис, Афғонистон, Турсия, Украина ва дигар давлатҳо мисол шуда метавонанд, ки дар сиёсати онҳо мавқеи ҷаҳонбинӣ ва шурри ҷамъиятӣ ҳоло ҳам мавқеи муайян надорад.

 

М.Гулахмедов –доктори илмҳои фалсафа, профессор

С.У.Ахиева – н.и.с., мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

 


[1] Энсиклопедияи Советии тољик. Душанбе, 1988, љилди 8, с. 148

[2] Эмомалї Рахмон. Тоҷикон дар оинаи таърих Душанбе, «Ирфон», 1997. с-   94—95

 

[3] Эмомалї Рањмон.-Бо роњи вањдат ва бунёдкорињо.Душанбе. «Ирфон», 1996, с.22-23

[4] Эмомалї Рањмон. – шањри дўстї ва бародарї. Душанбе, «Ирфон», 1998. С.9

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj