• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

АМНИЯТИ ДАВЛАТ АМНИЯТИ МИЛЛАТ АСТ

Чанд вақти  охир дар сархати расонаҳо алайҳи  сиёсати феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати заъф қарор доштани фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои қудратӣ  сару садоҳое аз ҷониби манфиатхоҳони дохиливу берунӣ ба гӯш мерасад.

Маълум аст, ки ҳадаф аз  роҳандозӣ намудани чунин низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ пеш аз ҳама  мураккаб намудани вазъияти кунунӣ ва барангехтани оташи кинаву адоват ва хунрезиву хушунат дар кишвари азизамон аст.

Сарфи назар аз он, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар изҳороти хеш инсондӯстона вазъияти ҷомеаи муосирро бо умқи назар таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид менамоянд, ки аз даст надодани зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ рисолати ҳар фарди ватандӯсту инсонпарвар аст.

Новобаста аз ин «каждумҳои зери бурё» рӯз ба рӯз аз ҳар сурохие сар бароварда бахшҳои мухталифи идорӣ  ва  сиёсати давлатро  зери тозиёнаи танқид қарор медиҳанд.

Иддае аз дуруст дарк накардани масоили иқтисодӣ  аз ҷониби коршиносон, бархе аз беасос мамнӯъ кардани фаъолияти ҲНИТ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ, дигаре аз камтаҷрибагӣ ва надоштани дониши касбии кормандони мақомотҳои қудратӣ ва инчунин дуруст ба роҳ намондани сиёсати кадриро дар сатҳи ҳукумат муғризона ироа менамоянд.

Дар чанд матлаб мушоҳида шуд, ки фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар симои роҳбарияти он, ки бисёре аз ҳадафҳои нопоки ин гӯруҳҳои террористиву ҷиноятпешаро мушикофона ошкор ва пешгирӣ намудаааст, аз ҷониби ҳаммаслакони ин гурӯҳҳо  мавриди таънаву маломат қарор гирифтааст.

Қобил ба зикр аст, ки ин ниҳоди муҳими  давлатӣ дар асоси талаботи сохтор, принсип ва самтҳояш  амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро  аз ҳамагуна таҳдидҳои мудҳиш таъмин менамояд. Ин сохтор дар фаъолияти хеш ба мақсади пешгирии амалҳои террористӣ, тахрибкорӣ,  сӯиқасдҳои ҷинояткоронаи махсусан вазнин, ки муқобили шахс, ҷамъият ва давлат равона гардида  корҳои зиёдеро анҷом додааст.

Чун оина равшан аст, ки ҳамагуна пинҳонкориҳо хоҳ нохоҳ рӯзе  ошкор хоҳад шуд. Барои ошкор намудану барҳамзадани нақшаҳои тарҳрезӣ шуда пеш аз ҳама донишу малакаи баланди касбӣ лозим аст. Хушбахтона дар ин ниҳод ашхосе кор ва фаъолият менамоянд, ки вусъати тафаккурашон ва иқтидори зеҳнияшон барои ҳаллу фасли ҳамагуна таҳоҷумҳо омода аст. Агар фаъолияти шабонарӯзиву аз худ гузариҳои кормандони ин соҳа чашмрас намебуд,  мумкин  бисёре аз  нақшаҳо ва аҳдофҳои  ғаразолуди гурӯҳҳои экстремистӣ амалӣ мешуданд. Ба ҳамин хотир  дар бисёре аз шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба ин мақомот ва роҳбарияти он санги маломат мепартоянд, чун ки кормандони  ин сохтор  ба қавле «думашонро сахт зери по кардаанд» ва нақшаҳои солҳои дароз тарҳрезӣ кардаашонро ба боди фано доданд.

Ёдовар шудан лозим аст, ки яке аз самҳои фаъолияти ин сохтори муҳими давлатӣ пешгирӣ намудани ҷинояткориҳои муташшакили ҷиноӣ ва ташкилотҳои ҷиноӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои корупсионӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, бо роҳи зуроварӣ нест ва тағийр додани сохти Кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барангехтани  кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ,  динӣ  ва экстремизми динӣ  мебошад.

Дар ин самтҳои мазкур Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тавонистааст ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардад. Хусусан, дар масъалаи ошкор намудани баъзе аз гуруҳҳое, ки зери ниқоби ислом ҳадафҳои нопок доштанд, яъне, бо истифода аз номи дини муқаддаси ислом барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан хатарнок  омодагӣ медиданд, хело назаррас аст.

Дар шароити муосир  ин масъала яке аз проблемаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, муайян кардани ҷойгоҳ ва мақоми дин дар давлати дунявӣ, ҳимояи манфиатҳои давлативу миллӣ, ба муқобилияти шадид рӯ ба рӯ шудани  дунёситезону динситезон, ки  ба таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи тахассусӣ ниёз доранд, саҳми ин мақомот баръало намоён аст.

Таҳлил ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар арсаи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо одатан инсонҳои ноогоҳу ситезаҷӯ зуҳуроти ифротгароиро одилона ва нек мепиндоранд, чунки тибқи фаҳмиши онҳо ифротгароён муборизони роҳи озодӣ, дастгир ва фидоии амнияти мардуманд. Аммо афроде ба монанди мутахассисони касбии ин сохтори амният, ки муборизони роҳи ҳақиқат ва адолат, огоҳу соҳибтафаккуранд, баръакс амалҳои ифротгароёнро ноодилона, зишт ва ғайриинсонӣ меҳисобаданд. Барои ифротӣ арзишҳои миллӣ, ватан, ҳифз ва эҳтироми муқаддасоти инсонӣ муҳим нест.

Хусусан, яке таъкидҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба он, ки :“Ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини Ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини Ислом ягон робита ё умумияте надоранд» сармашқи фаъолияти кормандони ин соҳа дар ин самт мебошад.

Пайваста нашр гардидани мақолаҳои  илмӣ-таҳлилӣ  аз ҷониби шахси аввали ин сохтор дар нашрияҳои махсуси давлатӣ тасдиқи гуфтаҳои болоянд. Ин андешаҳои бикре, ки дар мақолаҳои мазкур баррасӣ гардиданд гувоҳӣ аз онанд, ки новобаста аз мураккаб будани фаъолият дар ин ниҳод сари масъалаи илман асоснок намудани проблемаҳо ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо чораҳои мушаххаси амалӣ андешида мешавад. Ва мардумро низ ҳушдор медиҳанд, ки ба хотири таъмини амнияти миллӣ бо ҳамаи мақомотҳои қудратӣ дар ҳамкории зич бошанд.

Ҳарчанд ин тоифаи «худкуши бегонапарвар» сайъ доранд, ки обрӯву манзалати ин мақомоти бонуфузро коста гардонанд, аммо мушоҳидаҳои вақтҳои охир нишон медиҳанд, ки давра ба давра маърифати сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию мадании мардум боло рафтааст. Мардуми маҳалҳои мухталифи кишвар барои ошкор намудани бисёре аз ҷиноятҳои содиркардаи ҷинояткорон дастгириву кӯмаки худро дареғ намедоранд.

Муҳаббату самимяти мардум нисбати ба ин фарзандони далеру шуҷоъ ва боору номус соат ба соат афзуда истодааст, ки нишонаи таваҷҷӯҳи бевоситаи халқ ба ягонаи сулҳу ваҳдат ва тадбиқи сиёсати амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Сарвари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар охир бояд  ёдовар шуд, ки  кормандони ин сохтор дар ҳар лаҳзаҳои душвори барои миллат ва Ватан ҷони худро дареғ надоштанд ва намедоранд, ки ин шоистаи ибрат ва дарси мардонагиву ватандӯстӣ аст.

 

Номзади илмҳои фалсафа дотсент Ҳобилҷон Зикиров

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj