• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Нақши Роғун дар рушди иқтисодиёти кишвар

Осиёи Марказӣ аз назари географӣ на танҳо собиқ Осиёи Миёнаи Иттиҳоди Шӯравӣ, балки Қазоқистон, Муғулистон, Афғонистон, вилояти Цинзяну Уйғури Хитойро низ дар бар мегирад. Аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон дар байни онҳо ҷои аввалро ишғол менамояд. Ҳаҷми то имрӯз мушаххас гардидани ин захираҳо ба 530 млрд. кВт/соат мерасад, ки ин барои кишваре чун Тоҷикистон ниҳоят зиёд мебошад.

 

Мувофиқи нақша каскади ГЭС-ҳои Вахш аз 9 нерӯгоҳ иборат хоҳад буд. Дар байни ГЭС-ҳои каскади Вахш мавқеи нерӯгоҳи Роғун хело калон аст. Мувофиқи лоиҳаи таҳия намудаи Институти «Саогидропроект» баландии садди нерӯгоҳи Роғун ба 335 метр бояд рассад ва он асосан аз сангу хок бунёд мешавад (дар асл таркиби он ниҳоят мураккаб ва илман асоснок буда, то ҳол комёбии бузурги илмӣ дар соҳаи сохтмони гидроэнергетикӣ ба шумор меравад). Мувофиқи ин лоиҳа ҳаҷми обанбор ба 13,3 км мукааб, ҳаҷми фоидаовари ба 10,5 км мукааб мерасад. Иқтидори нерӯгоҳ ба 3,6 млн. кВт расида, соле 13,41 млрд. кВт/соат барқ бояд тавлид кунад. Дар натиҷа кишвари мо ба бузургтарин содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва имкон пайдо мекунад, ки низоми ҳавзаи дарёи Омуро комилан танзим намояд. Яъне обанбори Роғун имкон медиҳад, ки обдави ҳавзаи дарёи Ому комилан танзим шавад. Ин маънои онро дорад, ки таъсири манфии солҳои камбориш ба рушди соҳаи кишоварзӣ то ҳадди ақал расонида шавад. Яъне оби зиёдатии руди Вахш дар солҳои сербориш дар обанбор ҷамъ шуда, соле ки бориш кам аст ва норасоии об эҳсос мешавад, ба майдонҳои кишт дода хоҳад шуд. Бо шарофати нерӯгоҳи Роғун чандин миллион гектар заминҳои Узбекистону Туркменистон шодоб мегарданд.

Мо шоҳиди онем, ки солҳои охир масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун мавриди муҳокимаи домандори аҳли ҷомеа, баҳсу мунозираҳои зиёд дар сатҳҳои гуногун қарор гирифт. Берун аз марзҳои мамлакат низ ин масъала ба таври ҷиддӣ мухокима гардида, паҳлӯҳои геополитикию геоиқтисодии он аз назари манфиатҳои миллӣ боиси бархӯрдҳои зиёд шуданд.

Баъзе мутахассисони давлатҳои поёноб чунин меҳисобанд, ки обанбори Роғун минбаъд хавфи бузурги экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва боиси суръат гирифтани хушкшавии баҳри Арал мегардад. Ба қарибӣ бо чунин мазмун дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя мақолаҳо чоп шуданд. Вале аз рӯи тадқиқи экспертҳои Созмони Милали Муттаҳид танҳо дар Узбекистон 54 нерӯгоҳ амал мекунад, ки ҳаҷми умумии обанборҳои онҳо ба 20,84 млрд. м3 мерасад. Танҳо се обанбори он Туямуюн – 7,800 млрд. м3, Чарвак – 2,006 млрд. м3 ва Тӯдакӯл – 1,200 млрд. м3 обро ҷамъ кардаанд. Бештар аз 30 млрд. м3 об дар обанбори Арнасаю Ҳайдаркӯл ғун карда шудааст. Дар Тоҷикистон бошад 22 нерӯгоҳ амал мекунад ва ҳоло сохтмони «Кӯли Тиллоӣ» бо ҳаҷми зиёда аз 120 км3 (баробар ба 7 кӯли Срез) идома дорад.

Дар амал гирем имрӯз Тоҷикистон 55,4% ҳавзаи баҳри Аралро ба об таъмин мекунад (ин дар якҷоягӣ нисбати ҳамон давлатҳои Осиёи Марказӣ бештар аст) ва ҳамагӣ 10 обанбор дар ҳудуди он мавҷуд асту халос. Мувофиқи нишондоди вазорати саноату энергетика то соли 1992 барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 802 млн. доллар сарф шудааст, ки ин 40% ҳаҷми умумии сохтмонро дар бар мегирад.

Аз рӯи нақша дар навбати якум ду агрегат ба кор хоҳад даромад, ки иқтидори онҳо ба 1200 МВТ баробар буда, тавлиди солонаи қувваи барқ қариб 4 млрд. кВт соатро ташкил мекунад. Яъне ҳар агрегат аз 600 МВТ иборат аст.

Бояд хотиррасон намуд, ки чанде пеш баъзе мутахассисону экспертҳои давлатҳои поёноб пешниҳод карданд, ки сатҳи обанбори Роғун дар баландии 170 метр сохта, баъдтар он ба 280 метр расонида шавад. Ин ба самаранокии гидроэнергетикии Роғун таъсири манфӣ мерасонад. Мувофиқи тадқиқотҳои навтарин, ҳатто дар сурати то ба 280 м расонидани сарбанд ГЭС шиддати пурсамари резиши обро гум мекунад ва ҳаҷми фоидаовари обанбор 50 дар сад кам мешавад. Истеҳсоли барқ бошад ба ҳисоби миёна то 6,01 млрд. кВт соат, яъне 44,8% нисбат ба лоиҳаи «Саогидропроект» кам хоҳад шуд. Бо чунин роҳ масъалаи дар фасли зимистон нарасидани барқ дар мамлакат ҳал намешавад. Ғайр аз ин, агар сарбанд паст сохта шавад ҷараёни таҳнишинии лой хело суръат мегирад ва дар давоми 50 сол сатҳи қаър 126 метр баланд шуда, ҳаҷми обанбор то 50% хурд хоҳад шуд.

Мавзее, ки дар он сарбанди Роғун сохта мешавад, аз муҷассамаи тектоникӣ иборат аст, ки аз тарафи чап ба тарқиши Ёнахш, аз тарафи рост ба тарқиши Гулизиндон мепайвандад. Аз нигоҳи тектоникӣ ин минтақа ба қисмати шимолии ҳамвории дар ҳаракат будаи депрессияи Афғону Тоҷик мансуб аст. Таҷрибаи сохтмони ГЭС-и Норак исбот менамояд, ки дар шароити депрессияи номбурда сарбандҳое, ки аз маводи сангу гили маҳаллӣ бунёд мегарданд, хело боэътимоданд. Канораҳои чунин сарбанд ба ҷинсҳои аслии кӯҳӣ хуб пайваст мешаванд. Ҷунбишҳои сеймикиро сарбандҳои сангию гилӣ ба осонӣ паси сар мекунанд, зеро дар таркиби онҳо ғуншавии шиддат, ки боиси вайроншавӣ мегардад, ҷой надорад.

Мехостем нисбати хавфи камшавии об дар давлатҳои поёноб аз ҳисоби сохтмони обанбори Роғун ибрози назар намоем. Бояд қайд намуд, ки аз назари имконияти энергетикӣ дарёи Вахш яке аз ҷойҳои муҳимро дар сатҳи ҷаҳонӣ ишғол менамояд, ин буд, ки ҳанӯз солҳои 30-уми асри гузашта иштирокчиёни экспедитсияи Тоҷику Помир, ки дар ҳайати он бисёр олимону мутахассисони варзида иштирок доштанд, ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода буданд. Ҳавзаи дарёи Вахш дар ҳудуди системаи қаторкӯҳҳои Помиру Олой ҷойгир буда, ҳамеша боришоти атмосферӣ ҳаҷми обро нигоҳ медорад. Вале тағирёбии иқлим дар баъзе мавридҳо метавонад ба ҳаҷми об таъсир расонад. Масалан, ҳангоми мушоҳида, аз соли 1932 инҷониб камобии дарёи Вахш дар солҳои 1957, 1965, 1972, 1974, 1989 ба назар мерасад. Аз ҳама давраи камобӣ, ки дар 79 сол мушоҳида шуд ин ба соли 1974 рост меояд. Чунин вазъият водор намуд, ки нақшаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун тезонида шавад. Вале ба назар гирифта мешавад, ки обанбор дар муддати 15-16 сол пур мешавад ва дар ин давра пуркунии об танҳо ба солҳои серобии дарёи Вахш рост меояд. Яъне дар ин ҳолат нерӯгоҳи Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои обии мамлакат дар ҳолати режими муқарарӣ кор карда, ба соҳаҳои кишоварзии қисми поёноби дарёи Ому ягон зараре расонида намешавад. Обанбори Роғун дар якҷоягӣ бо обанбори Норак имконият доранд, ки пеши роҳи хушксолиро дар минтақа таъмин намоянд.

Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаи кори экспертҳоро оиди нақшаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баррасӣ намуд, ки дар ҳайати он як гурӯҳ олимони хориҷӣ нисбати масъалаи муҳандисию техникӣ ва бехатарии платина (дарғот) иштирок доштанд. Онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки аз назари сохти геологӣ барои сохтмони иншооти мазкур ягон хавфу хатар вучуд надорад. Дар ҳуҷҷати пешниҳодшуда қайд гардидааст, ки сохтмони иншоот дар баландии аз 300 то 335 ба талаботи техникӣ мувофиқ аст ва ин ба меъёрҳои оқибатҳои экологию иҷтимоӣ низ мувофиқат мекунад. Ин натиҷаи кори экспертҳои Бонки Ҷаҳонӣ пеш аз ҳама аҳамияти сиёсӣ дорад, зеро он имконият медиҳад, ки инвесторҳои хориҷӣ низ баҳри иштирок ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷалб карда шаванд.

Сохтмони нерӯгоҳи барқии Роғун имконият медиҳад, ки баъди ба кор даромадан истеҳсоли барқ дар мамлакат ба 31-33 млрд. кВт соат расад. Дар сурати то 23-25 млрд. кВт соат будани талаботи ҷумҳурӣ, қариб 8-10 млрд. кВт соат барзиёди қувваи барқ тавлид мешавад, ки онро барои содирот намудан шароит пайдо мегардад. Ҳамин тавр масъалаи дар зимистону тобистон истифодаи барқ ҳал гардида, барои як миқдор ба ҷануби Қазоқистон, Русия ва минбаъд ба Афғонистону Покистон, Эрон, Хитой фурӯхтани барқ шароит фароҳам меояд.

 

Профессорон Холназар Муҳаббатов,

Алишер Ҷӯраев

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj