Факултетҳо |
There are no translations available. ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК Факултаи филологияи тоҷик бо номи шуъбаи адабиёту забоншиносӣ соли 1931 таъсис ёфтааст. Асосан, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷикро дар факултети таъриху филология тайёр мекарданд. Соли 1978 факултети филология аз факултети таърих ҷудо шуда, ба факултети мустақил табдил ёфт. Нахусткафедраи факултет кафедраи забон ва адабиёти тоҷик буд, ки соли 1932-33 таъсис ёфтааст. Дар аввали солҳои сиюм (1932-33) нахустин устодони кафедра Ш. Ҳусейнзода, А.Н. Болдирев, Муродзода (ёдашон ба хайр) буданд. Онҳо дар шароити душвори солҳои сиюм барои инкишофи илму фарҳанги тоҷик ҷидду ҷаҳд намуда, дар бобати тарбияи мутахассисони соҳаи филология кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд. Солҳои баъдӣ устодон Х. Мирзозода, И. Ҳоҷиев, Л. Бузургзода, Б. Ҳоҷизода дар факултет дарс гуфтаанд. Солҳои 1936-37 кафедраи адабиёти тоҷику рус (мудираш дотсент Старухин) ва кафедраи забонҳои тоҷикиву русӣ созмон ёфт. Соли 1938 Л. Бузургзода аз нав ба кори факултет ҷалб шуда, инчунин забоншинос, номзади илми филология О. Ҷалолов (аз соли 1939), Ш. Ҳусейнзода (пас аз хатми Донишгоҳи Осиёи Миёна, соли 1931), А. Мирзоев, А. Эшонҷонов ва Б. Ниёзмуҳаммадов ба факултет омада, кафедраи якҷояи забон ва адабиёти тоҷикро аз нав созмон доданд. Солҳои 40-ум кафедраи забон ва адабиёт аз ҳисоби хатмкардагони боистеъдоди факултет пурра карда шуд. Аввалин дастпарварони факултет Н. Масъумӣ, Н. Сатторӣ, Т. Пӯлодӣ дар кафедра ба кор шурӯъ карданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ факултети филологияро олимони маъруфи оянда академик М. Шукуров, узви вобастаи АУ Тоҷикистон С. Табаров, доктори илми филология М. Исматуллоев хатм намуда, дар даргоҳи муқаддас ба кор оғоз намуданд. Баъдтар хатмкардагони факултет Ш. Ниёзӣ, Я. Исоев, Ҷ. Бобокалонова, Н. Бозидов, Х. Ҳакимова, Н. Фозилов, Ғ. Маликов, Р. Қудратова, М. Раҳимова, З. Мирзоева, П.Қурбонов ва дигарон, ки иддае аз онҳо профессорон, докторҳои илм ва қисме ҳамчун номзади илму муаллимони калон дар факултет адои вазифа карданд. Дар факултет докторони илми филологӣ А.З.Розенфелд, В.С. Расторгуева, А.Н. Болдирев, А. Жданов, Н. Масъумӣ - узви вобастаи АУ Тоҷикистон, профессор Ш. Ҳусейнзода, олимони маъруф Л. Бузургзода, Б.Ҳоҷизода, И. Ҳоҷиев, Т. Пӯлодӣ, дотсентон Н. Сатторӣ, А. Эшонҷонов ва дигарон кор карда, ба тадқиқотҳои илмӣ низ машғул буданд. Дар солҳои мавҷудияти факултет теъдод ва сифати ҳайати профессорону устодон хеле афзуд. Имрӯз дар се кафедраи факултет: профессорон 6 нафар, дотсентон 14 нафар, омӯзгорони калон 13 нафар ва ассистентон 14 нафар ҳастанд. Тайи солҳои охир факултетро дотсентон М. Аҳмадов, (солҳои 1978-1988), С. Наимбоев (1988-1995), С. Саидов (солҳои 1995-1996), Сулаймон Анварӣ (1996-2002), Курбонов М. (2002-2005), Саъдии Қосимӣ ( 2005 -2007), Худойдодов А. (2007-2009), Хоркашев С. (2009-2012) роҳбарӣ кардаанд. Феълан декани факултет номзади илми филология, дотс. Шарифов Б. мебошад. Дар факултет имрӯз зиёда аз 55 нафар устодон ба таълиму тарбия ва беш аз 1200 донишҷӯ машғули таҳсил мебошанд. Факултет аз кафедраҳои назария ва амалияи забоншиносӣ, назария ва таърихи адабиёт, методикаи таълими забон ва адабиёт таркиб ёфтааст.
|