• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Факултетҳо
There are no translations available.

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТ

Факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ соли 1940 таъсис ёфта, соли аввал  дар он  39 нафар донишҷӯ таҳсил менамуданд. Дар факултет ду шуъба: забони олмонӣ ва забони англисӣ амал мекард. Дар пешрафти таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама фиристодагони шаҳрҳои Москаву Санкт-Петербург: Сиповская К.А., Александров Н.М., Молик В.П., Волфсон Э.И., Путирская Э.А., Пенл Э.Р. саҳмгузор буданд. Аввалин декани факултет Сиповская К. А. низ фиристодаи Россия буд. Солҳо сипарӣ гаштанду дар факултет мутахассисони ватанӣ низ ба кор шурӯъ намуда, солҳои зиёд дар тарбияи омӯзгорони оянда саҳми худро гузоштанд. Аввалин омӯзгорони ватанӣ дар факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ Бурҳонов Р.М., Наҳангова М., Болтабаева У.Т., Убайдуллоева Р.М. ва дигарон буданд.

Соли 1941-1945 вазъи факултет душвор буд. Дар гурӯҳҳои таълимӣ 5-6 нафар донишҷӯ таҳсил мекард. Соли 1945 бошад танҳо як нафар шуъбаро хатм кард, чунки аксари донишҷӯён ба сафҳои Артиши Шӯравӣ ба фронт рафта буданд. Пас аз солҳои 50-уми асри гузашта факултет рушду такомул ёфт. Дар давраҳои то истиқлолият устодони варзида Аминова Е.Ш., Аминова Р.М., Бабровская Н., Латышева Г.С., Лапкина Л.Н., Шарипова Ж.М., Кухаренко Н., Свирид О.В., Варнавская Ж., Хамроева Т., Яковлев И.Н., Калашникова И., Асадов Ш. Қ. дар факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ барои омода кардани мутахасисони соҳаҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ саҳми бориз гузоштаанд.

Факултет шумораи зиёди номзадҳо ва докторони илмро ба воя расонидааст, аз ҷумла докторони илм, профессорон Ҷамшедов П., Гогошидзе В.Д., Мухторов Ш.М. Сатская П.Н., Болтабоева У.Т., Мухторова С.Я., Алиев С.Н., Сайфуллоев Х.Ғ., Авғонов С.С., Ҷоматов С.С., Мирзоев Ҳ.Х., номзадҳои илм, дотсентон М.А. Наҳангова, А.Р. Камолова, Деҳотӣ Р.А., Тускова Т., Оришина Н.Я., Собиров А.Р., Шарипова С.Ҳ., Ризвонова М.Т., Ҷалолӣ Н.В., Якубова В.А., Мамадамбарова Ш.М., Раҳмонова М.Р., Убайдуллоева Р.М., Саидова Л.В., Атоев С., Раҳмонов Ғ., Ҳайбатов Н., Бекмуродов М., Байдуллоев А.И., Эмомов И., Утаев М.М., Баротзода Ф.К, Каримов Ш.Б., Қаюмов А., Ғуломов А.О., Комилов М.М., Бекчаев Ё.Ҷ., Умаров А.С., Сангинова М.Б., Қарабоев Б.Б., Ҳаитбоева Ҳ. О., Ҷураева М., Каримова Д., Ҷураев Ҳ.А., Асламов Ҳ., Маҳмадсолеҳи М., Худоиева Ҳ. ва дигарон.

Дастпарварони факултет дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он кор мекунанд. Бархе аз устодони факултет муаллифони китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошанд.

Аввалин гурӯҳҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ соли 1949 кушода шуд. Агар солҳои аввал дар гурӯҳҳои таълимӣ ҳамагӣ 6-7 нафар донишҷӯ таҳсил мекард, имрӯз бошад дар факултет беш аз 1000 нафар донишҷӯён ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Солҳои гуногун сарварии факултетро Сиповская К.А., Василева И.Т., Сергеева А.Ф., Бояришников П.В., Гогошидзе В.Д., Ҷамшедов П., Деҳотӣ Р.А., Мухторов Ш.М., Атоев С., Мирзоев Ҳ., Авғонов С.С., Байдуллоев А. ба зимма дошта, дар айни ҳол д.и.ф. дотсент Каримов Ш., сарварии факултетро ба дӯш дорад.

Мавриди зикр аст, ки факултет ҳамчун зодаи даврони истиқлол бо руҳу иқдомоти нав фаъолият намуда, дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Барои тайёр кардани мутахассисони болаёқат олимон ва мутахассисони хориҷӣ низ саҳми арзанда доранд.

Соли 1996 дар факултет шуъбаи тарҷумонӣ дар заминаи кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума таъсис ёфт, ки барои соҳаҳои гуногуни мамлакат мутахассисони варзида омода менамояд. Инчунин соли 2016 2 кафедраи нав кафедраҳои “филологияи забони англисӣ” ва “забонҳои шарқ” таъсис дода шуд. Аз соли 2016 сар карда, дар ихтисоси «Забони англисӣ-кореягӣ» дар асоси шартномаи байнидонишгоҳӣ «Сафарбаршавии академӣ» барои донишҷӯёни ҳамин ихтисос ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар факултети забони англисӣ, ки сарварии онро д.и.ф., дотсент Каримов Ш. ба ӯҳда дорад, панҷ кафедра: кафедраи методикаи таълими забони англисӣ (мудир: номзади илмҳои педагогӣ Эмомов И.), кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ (мудир: номзади илмҳои филологӣ, Холиқов А.), кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума (мудир: доктори илмҳои филологӣ, дотсент Баротзода Ф.), кафедраи забони англисӣ (мудир: номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Утаев М.) ва кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ (мудир: номзади илмҳои филологӣ, Асламов Ҳ.) фаъолият мекунад. Дар ин кафедраҳо дар маҷмӯъ 77 нафар устодон кор ва фаъолияти илмию омӯзгорӣ дошта, аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Факултет бо кишварҳои Англия, ИМА, Ҳиндустон, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Федератсияи Россия робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ дорад.

Якуми сентябри соли 2020 дар назди факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи ДДОТ ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Маркази захиравӣ баргузор гардид. Маросими ифтитоҳ бо ишироки ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯмъонҷон Усмонзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалӣ Байдуллоев Аъзам, декани факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ дотсент Баротзода Файзиддин, мудирони кафедраҳои факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқ, намояндаи сафоратхонаи ИМА Таҳмина Ниёзова, офис - менеҷери Шӯроҳои амрикоӣ – Фирӯз Қурбонов ва координатор (ҳамоҳангсоз) – и Маркази захиравии забони англисӣ - Гулчеҳра Очилова баргузор гардид.

Маркази захиравии забони англисӣ таъмири хуб дошта бо техникаи компютерии муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар Марказ китобу дастурҳои таълимии муосир оид ба омӯзиш ва таълими забони англисӣ маҳфуз ҳастанд. Китобҳо ва дастурҳои таълимиро марказҳои бонуфузи таълими забони англисӣ таълиф намудаанд, ки онҳо ба таълими босифати забони англисӣ мусоидат менамоянд. Донишҷӯён низ барои омӯзиши мустақилонаи забон аз китобхонаи Марказ истифода мебаранд. Алалхусус, китобҳо барои омодагӣ дидан ҷиҳати супоридани  Тести забони асглисӣ ҳамчун забони хориҷӣ (ТOEFL) ва дигар тестҳои байналмилалӣ ва инчунин китобҳои бадеӣ дастрас карда шудаанд.

Маркази захиравии забони англисӣ соли 2019 дар асоси ёддошти тафоҳум байни ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Шӯроҳои Амрико ва бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА бо мақсади дастрасӣ пайдо намудан ба маводи муосири таълимӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз усулҳои самараноки таълими забони англисӣ барои омӯзгорони забони англисии ДДОТ ба номи С. Айнӣ таъсис ёфтааст. Вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳамоҳангсози лоиҳаи Марказ аз расонидани ёрии методӣ, мусаллаҳ намудани омӯзгорони ҷавон бо донишҳо оид ба роҳҳои муосири ташкили дарсҳои забони англисӣ ҷиҳати ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ба раванди омӯзиш, таҳияи барномаҳои таълимии талаби замон ва ташкилу баргузор намудани омӯзишҳои муосир, пешниҳоди маводҳои методии навин, ташкили вохӯриҳо бо соҳибзабонон ва коршиносони хориҷӣ ҷиҳати ба даст овардани тавсияҳои методии самарабахш роҷеъ ба таълими забони англисӣ, таъмини таҷҳизоту техникаи муосири таълимӣ ва шабакаҳои интернетии босуръат барои омӯзгорони забони англисӣ иборат мебошанд. Дар Марказ китобу дастурҳои таълимии муосир оид ба омӯзиш ва таълими забони англисӣ дастрас карда шудаанд, ки омӯзиши онҳо барои таълими босифати забони англисӣ дар факултет мусоидат менамоянд.

Маркази захиравӣ реҷаи кории худро дорад ва омӯзгорон тибқи ҷадвал ба омӯзишҳои он ширкат меварзанд.

Марказ ба устодон роҳу шеваҳои муосири таълимро тариқи гузаронидани семинару омӯзишҳо меомӯзонад. Семинару омӯзишҳои таълимӣ ҳам аз ҷониби соҳибзабонон ва ҳам аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷрибаи факултет гузаронида мешаванд.  Алалхусус, шурӯъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ба тариқи фосилавӣ дар Маркази захиравии забони англисӣ, мувофиқи дархосту талаботи омӯзгорон семинар оид ба омӯзиш ва таълими ТOEFL аз ҷониби Элиза Бриттен дар муддати даҳ ҳафта дар ду гурӯҳи алоҳида ва аз ҷониби Лиза Мэн семинар оид ба машқҳо ва усулҳои муосири таълими малакаҳои истимоъ, гуфтор, хониш ва хати забони англисӣ дар давоми шонздаҳ ҳафта барои панҷ гурӯҳи алоҳида гузаронида шуданд.

Дар маркази мазкур аз рӯзи таъсис сар карда мунтазам  курси такмили ихтисоси омӯзгорон гузаронида шуда, баъди анҷоми ҳар як курс аз тарафи Сафоратхонаи ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳо барои ширкаткунандагон супурда мешавад. Ҳамзамон бо роҳбарии масъули марказ барои ҳавасманд гардонидани омӯзгорон ба таълими забони англисӣ дар марказ ҳар моҳ озмуни “Муаллими моҳ” гузаронида мешавад. Омӯзгоре, ки дарси беҳтаринро оид ба ин ё он мавзӯъ мегузаронад  ӯ бо унвони “Муаллими моҳ” сарфароз гардонида мешавад ва натиҷаи он дар сомонаи марказ ҷой дода мешавад.

Барои тайёр кардани омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ва тарҷумонҳои босифат ва дигар мутахассисони соҳаи забонҳои хориҷӣ омӯзгорони факултет ҳамвора кӯшиш намуда истодаанд ҳар чи бештар аз моделу технологияи навини таълимӣ дар раванди дарси забонҳои хориҷии дар факултет тадрисшаванда истифода намоянд.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj