• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Факултетҳо
There are no translations available.

 

Факултети Химия

Моҳи сентябри соли 1957 дар назди факултети табиатшиносию география шӯъбаи химия- биология ташкил шуд. Соли 1976 талаботи рӯзафзуни соҳаи маорифи ҷумҳуриро ба омӯзгорони баландихтисоси химия ва биология ба назар гирифта, факултети табиатшиносиву географияро ба ду факултети мустақил, география ва биология-химия ҷудо карданд ва дар ҳайати факултети навтаъсис ду шӯъба: химия-биология ва биология-химия ба фаъолият шурӯъ намуд.

Соли 1998 пас аз амалӣ гардидани системаи маълумоти бисёрзинагӣ ва ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе додани мақоми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ш. Ҷӯраев, факултети биология-химия ба факултетҳои мустақили химия ва биология ҷудо шуд.

Ҳоло дар факултет зиёда аз 1500 нафар донишҷӯён дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил дошта, ба онҳо зиёда аз 30 нафар омӯзгорони варзида таълиму тарбия медиҳанд. Донишҷӯёни факултети химия ҳамасола дар озмунҳои сатҳҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро сазовор мегарданд.

Имрӯз дар факултет чор кафедра - химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, химияи органикӣ ва биологӣ, методикаи таълими химия, технология ва экологияи химиявӣ амал мекунанд.

Аз рӯзи таъсисёбии факултет то соли 1979 сарварии факултетро номзади илми биология, дотсент Зубайдов У.З., минбаъд дотсентон Маҳмадзиёев А.М., Тӯраев А.К., профессор Солиев Л., дотсентон Алиев Ҷ.Р., Ҳайдаров А.Ҳ., профессор Бобиев F.М., дотсент Гулов Т.Ё., дотсент Шарипов И.Н., дотсент Алимов С.Ш., муаллими калон Маҳмадаминов М., дотсент Тошев А.Ф., дотсент Усмонов М., дотсент Муродов Д. ба ӯҳда доштанд. Айни ҳол вазифаи мазкурро дотсент Идизода С. ба дӯш дорад.

Фаъолияти илмӣ ва методии устодони факултет то имрӯз дар шакли 15 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, 17 монография, 16 китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва мактаббачагон, зиёда аз 85 дастурҳои таълимӣ, 30 ихтироот, 35 барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ, зиёда аз 3200 мақола ва фишурдаи маърӯзаҳо чоп шудааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj