• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС

Факултети забон ва адабиёти рус соли 1937 таъсис ёфтааст. Соли 2020 факултет 83-сола шуд. Аввалин хатми факултет соли 1941 дар шумораи 14 нафар ба амал омад. Зиёда аз даҳ ҳазор нафар дастпарварони   факултет асосан дар сохтори омода намудани  омӯзгорон, муаллимон ва  мураббиёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус  ва миёна  на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он низ фаъолият доранд. Равияи  таълими гуманитарӣ ба хатмкунандагон имкон медиҳад, ки дар соҳаи журналистика,  радио ва телевизион, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кор кунанд. Дар миёни онҳо шахсиятҳои барҷаста, олимон, адибон ва хабарнигорони шинохтаи ОРТ ва расонаҳо ҳастанд.

Дар инкишоф ва ташаккули факултет Нина Викторовна Рекутина, собиқ декани факултет Борис Александрович Тахохов, устодон Раҳим Иброҳимович Ҳошимов саҳми арзанда гузоштаанд.  Мо. бо як меҳру муҳаббат ва эҳтироми беандоза собиқ ҷонишини декан оид ба корҳои илмӣ Дмитрий Георгиевич Савельев, муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ Анатолий Фёдорович Фролов, асосгузор ва роҳбари махфили беназири донишҷӯён «Муосири мо», устодон Мукимова Нодира Мураткуловна, Собирова Лутфӣ Негматовна, Улихина Зинаида Васильевна, Бекташеваро ёд мекунем.Таҳти роҳбарии устоди дустоштаи  худ Анатолий Федорович асарҳои боистеъдодтаринро навишта, ба саҳна гузоштанд. Ин махфил дар ҷумҳурӣ ягона буда, донишҷуён ғаъзои он камбудию норасоии зиндагии муосирро далерон аинъикос мекарданд.

Профессори шодравон Владимир Васильевич Каракулаков, собиқ ноиби ректори институт, баъдан мудири кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумӣ, дотсент Владимир Алексеевич Попов, собиқ мудири кафедраи адабиёти рус в ахориҷӣ, дотсенти кафедраи мазкур, мутахассиси олии адабиёти советӣ Ольга Тимофеевна Сазонова, Александр Николаевич Шусер ва Александра Григорьевна Лисицкая, профессор Семён Теодорович Вайман,  устодони беҳамто Инесса Аркадьевна Глуховская, Татьяна Алексеевна Анисимова, Надежда Ивановна Семашко, Евгений Семёнович Неживий, Фаина Моисеевна Алтшуллер, Ванда Витолдовна Яблонская, Виктор Андреевич Турков, Александр Мухаллиевна Глуховская, Алексей Алексеевич Морозов дар тарбияи мутахассисони дараҷаи олӣ ва таърихи факултет нақши арзандаю нотакрор гузоштаанд.

Дар таърихи факултет ҷои махсус ва намоёнро Ходими хизматнишондодаи илми РСС Точикистон, профессор Людмила Владимировна Успенская, муаллифи китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаби тоҷикӣ, ки  15 бор нашр шудаанд, соҳибаст. Людмила Владимировна яке аз мураттибон ва мухаррирони нахустин Луғати русию тоҷикӣ, роҳбари илмии ёздаҳ номзади илм, доктори илм ва профессорон мебошад.

Солҳои зиёд дар факултет олимони номдор Неля Константиновна Щепетова, Еля Николаевна Кушлина ва Светлана Николаевна Шарифова, Анна Павловна Кострикина, муаллимони калон Лариса Васильевна Норова ва Татьяна Константиновна Сенюшкина, Геннадий Григорьевич Исаев фаъолият намудаанд.

Ёдовар мешавам, ки солҳои 80-ум дар шаш кафедраи факултет 120 нафар омӯзгорону кормандони техникӣ фаъолият мекарданд. Аз ҷумла,  муаллимони собиқадор дотсентон И.С.Фрейдкина, М.Л. Михлина, В. Абдуллоева, муаллимони калон Д. Резник, Л.А.Свирид, З.С. Слуцкая, Б. Любавина, Р.К.Шовкопляс, А.И.Суровикина, М.Н.Махмадаминова, олимони маъруф, докторони илм, профессорон, мудирони кафедраҳо, дотсентҳо И.Б.Мошеев ва Р.И.Ҳошимов, А.Л.Спектор,   Ф.Н.Морозова, А.О.Толибов, Н.М.Мукимова, дотсентҳо З.В.Н. Богданова, М.В.Кострикова, С.И. Рындина, Г.С.Журавлева, Т.Б.Пушкар, Т.А.Фадеева, В.Г.Чигрина, О.Д. Харлампиди, Л.Х.Исаева, Н. Бессонова, В.Г. Мельник, Л. Фролова, СД Касымова, С Б Нарзикулова, муаллимони калон В. Синкин, С.М. Фрадкин, Н.П.Южанина, О.К.Паринова ва бисёр дигарон фаъолият доштанд.

Соли 1996 дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) факултети забон ва адабиёти рус таъсис ёфт. Ва танҳо дар давоми 4 сол дар факултети романию германӣ, соли 2000 кафедраи забон ва адабиёти рус кушода шуда, соли 2005 онро  58 нафар мутахассис хатм намуданд. Соли 2006 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ факултети забон ва адабиёти рус барқарор кардашуда, доктори илми филология, профессор  Нозимов Абдулҳамид Абдулалимович декани он таъин шуд.

Айни замон декани факултет номзади илмҳои филологӣ Зайдуллозода Саида Зайдулло  мебошад. Дар факултет се кафедра фаъолият мекунад: кафедраи забони муосири русӣ ва забоншиносии умумӣ–мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Мирганова Нигина Рауфовна,   кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон–мудири он номзади илмҳои филология, Бакаева Меҳринисо Тугаловна  ва кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус–мудири он номзади илмҳои педагогӣ Ниятбекова Абреза Юсуфбековна.

Коллективи устодони факултет  аз бисьёр ҷихат дар байни дигар факултетҳои донишҳгоҳ мавқеи пешқадам доранд. Дар факултет профессорон, номзадҳои илм ва омӯзгорони калон Нозимов Аблдулҳамид Абдуалимович, Негматов Саъдуллоҷон Эргашович, Газиева Мавлюда Исломовна, Камолова С.Ҷ., Бобоева Г.И, Лауреати Озмуни умумиҷаҳонии омӯзгорон-русшиносон – Сайфутдинов Ренат Мусоевич, МадиеваМуҳаббат Камоловна, Умурзакова Зулфия Ахметжоновна, Исломова Ҷамила Мадисмоновна, Бакаева Меҳринисо Тугаловна, Субҳонқулова Сурайё Акбаралиева,Қаҳҳорова Мавзуна Бобоевна, Субҳонқулова Наргис Акбаралиевна, Мусоева Шахноза Юнусовна, Қувватова Саломат, Тешаев Сафаралӣ Оқилович, Холназарова Нигора Нуруллоевна, Эшназарова Сарвиноз,Маркарьян Милена Артуровна, Нигораи Сафарали, Кулиев А.А., Наврузов Аброр Ҳасаналиевич, Маҷидов Шодмон Илҳомиддинович, Бедилова Мафтуна Ҳусейновна,  Исмоилҷонова Наргис Тургункуловна, Шарипова Замира, Пулатова Лутфия, Камолова Гулру самаранок фаъолият доранд .

Бояд қайдкард, ки дар факултет ғайр аз донишҷӯёни тоҷик, шаҳрвандон аз Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон низ таҳсил менамоянд.

Коллективи устодони факултет доир ба проблемаҳои гуногуни соҳаи забоншиносӣ, лингводидактика ва адабиётшиносӣ корҳи илмию тадқиқотӣ  мебаранд. Онҳо дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, ҳама сола дар воситаҳои илмӣ ва таълимию методӣ мақола ва маърӯза рӯи чоп меоранд. Аз ҷумла, омода ва нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии устодон Нозимов А.А.,МиргановаН.Р., ГазиеваМ.И., МадиеваМ.Қ., УмурзоқоваЗ.А., Валиев Н.У.

Факултет бо Намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Душанбе, Донишгоҳи Россиява Тоҷикистон (славянӣ), ДДЗТ баноми С. Улуғзода ҳамкории зич ва самаранок дорад.

Муаллимони факултет ба кори илмии донишҷӯён, бакалавр ва магистрҳо роҳбарӣ мекунанд, чорабиниҳои гуногуни таълимӣ ва илмӣ мегузаронанд.  Дар ҳар як кафедра махфилҳои «Русское слово», «Литератор», «Дустдорони забони русӣ» амал мекунанд. Донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ аз руи тахассусҳои «Забон ва адабиёти рус» ва «Забон ва адабиёти рус дар мактаби миллӣ” бомувафаққият баромад мекунанд.

Устодони факултет шаклҳои муосиру инноватсионии таълиму тарбияро пайваста ҷустуҷӯ карда, онҳоро дар ҷараёни фаъолияти хеш пеша менамоянд.

Мо аз он ифтихор дорем, ки сол аз сол  садри факултет хеле баланд мегардад,  ва баҳри боз ҳам ривоҷу равнақ додани обрую нуфузи он кулли воситаҳои илмию педагогиро ҳама ҷониба ва самаранок истифод амебарем.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj