• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС

Мутобики Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон оид ба «Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» аз 2.12.2003 ва дар асоси ризоияти Вазорати маорифи ҶТ  № 05/4-410  аз 9.08.06 с.  дар ДДОТ ба номи Қ.Ҷураев бо  фармони  № 60-а  аз 31 августи соли 2006  факултаи забон ва адабиёти рус аз 1 сентябри соли 2006 таъсис дода шудааст. Бо фармони дар боло номабаршуда сохтори факултаи забон ва адабиёти рус, ки дар Шӯрои илмии донишгоҳ  29.05.06 с. тасдиқ карда шудааст ба намуди зерин ташкил намуда шуд.

Соли  2016  дар  факулта  ихтисоси  иловагӣ  1-020304-02,

-Муаллими забони  русӣ  ва англисӣ,  бо  тасдиқи  Вазири  маориф ва  илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ворид  шуд.

Дар факултаи забон ва адабиёти рус ҳамаги 45 папкаи ҳуҷҷатҳои гуногун ташкил карда шудааст.

Мувофики Низомномаи «Оид факултаҳои олии касбии ҶТ», ки бо қарори Мушовараи вазорати морифи ҶТ таҳти № 3/7 аз 31 марти соли 1996 тасдиқ шудааст, деканат ва Шӯрои илмии факултаи забон ва адабиёти рус дар ҳайати  иборат аз 16 нафар бо фармони ректори  донишгоҳ  таъсис дода шудааст.

Дар факулта нақшаи кори Шӯрои илмӣ, нақшаи кории деканат, нақшаи кори кафедраҳои адабиёти рус ва хоричӣ, кафедраи забони ҳозираи рус ва забоншиносии умумӣ, нақшаи кори тарбиявӣ, нақшаи кор бо духтарони бо квотаи Президент дохилшуда, накшаи кори ШИМ, нақшаи кори илмии факулта ва кафедраҳои он, нақшаи кор оид ба иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ «Оиди такмил додани омӯзиши забони русӣ ва  англисӣ дар ҶТ дар солҳои 2015-2020», рӯйхати умумии контингенти донишҷӯён бо нишондоди тағироти ҳармоҳа мавҷуданд, ки дар Шӯрои илмии факулта тасдиқ шудаанд.

Ғайр аз ии дар 2 кафедра суратҳисобҳои (протоколҳои) ҷаласаҳои  онҳо мавҷуданд, дуруст ба роҳ монда ва дар папкаҳои алоҳида нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин дар факултет суратҳисобҳои ҷаласаҳои деканат,  Шӯрои илмии факулта, ШИМ-и факулта  низ мавҷуданд.

Дар факулта дар шӯъбаи рӯзона  16 гурӯҳи академии курсҳои 1-4  бо  низоми  кредитӣ  таҳсил мекунанд. Журналҳои гурӯҳҳои академики аз тарафи омӯзгорон ба таври хуб  пур карда шудаанд, мавзӯъҳо мувофики нақшаи корӣ  ва ҷадвали дарсҳо пур карда шудаанд.

Ҷадвали дарсӣ ба таври намунавӣ сохта шуда аз тарафи садорати донишгоҳ ва декани факулта тасдик шудааст, тамоми фанҳои нақшаи таълимиро дар бар мегирад. Дар ҷадвали дарсии факулта соатҳои тарбиявӣ низ гузошта шудааст ва кураторон дар онҷо аз рӯи плани кори ва сӯҳбатҳои гузаронидаашон қайд кардаанд.

Кулли ҳуҷҷатҳои донишҷӯён дар факулта  ба таври дуруст ва аз рӯи низомномаи мактабҳои олӣ омода ва нигоҳ дошта мешаванд. Тамоми фаъолияти донишҷӯ дар карточкаҳо қайд карда шудаанд (азхудкунӣ, фармонҳо ва ғайраҳо).

Дар факулта ғайр аз ин боз шӯъбаи ғоибона низ мавҷуд аст, ки 27  гурӯҳи  академиро  ташкил  менамояд. Дар байни ин донишҷӯён аз сессияҳои гузашта  қарздорон нестанд.

Коллектив баҳри ба низом даровардани ҳуҷҷатҳо кушиш ба харҷ дод, ки дар   нимсолаи якӯм  ҳамаи барномаҳои таълимии (фанни) корӣ аз тарафи декан дида баромада шуд, таҳлил шуд, чоп шуд, дар ҷаласаҳои кафедраҳо ва Шӯрои илмии факултет тасдиқ шуданд, ки омӯзгорон аз рӯи онҳо ба донишҷӯён сабақ омӯзонданд. Дар факултет низ нақшаи таълимии нав барои шӯъбаҳои рӯзона, ғоибона, шабона, барои шӯъбаи тайёрӣ  сохта шуд, ки  ба  стандартҳои давлатӣ ва талаботҳои Вазорати маориф ҷавобгӯ мебошанд. Кори омӯзгорон ва донишҷӯён ба низом дароварда шуд.  Баъди гузаронидани ҷалассаи умуми дар факултет, ки рӯзи 13 октябри соли 2016 шуда гузашт, ки дар он ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёни факулта иштирок карданд садорати факулта онҳоро бо тамоми қонуну қоидаҳои мактаби Олии ҶТ,  талаботҳои  Вазорати маорифи ҶТ   ва  донишгоҳ як ба як шинос намуд ва иҷроиши ҳамаҷонибаи онро  назди коллектив гузошт ва талаб кард. Ин буд, ки донишҷӯёни факултаро тарзи либоспӯшиашон  беҳтар ва мувофиқи талабот шуд, бо дафтару китобу ручкаю дигар лавозимотҳои таълими ба дарс меомаданд, ба дарсҳо тайёр меомаданд, ба китобхонаҳои Донишгох ва китобхонаи миллӣ  обуна шуданд ва ғайраҳо. Дар назди кафедраҳо вазифа гузошта шуд, ки ба донишҷӯён комлекси вазифаҳои хонагӣ аз рӯи хар як фан алоҳида бо нишондоди муҳлати супоридани ҳар як вазифа омода созанд, дар Шӯрои илмӣ тасдиқ намоянд ва ба донишҷӯён пешниҳод намоянд.

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj