• Tajik
  • Russian
  • English
Факултетҳо
There are no translations available.

Факултети география

Факултети география яке аз сохторҳои собиқадори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, соли 1936 таъсис ёфтааст. Дар таъсис ва ташаккили факултети география саҳми олимони рус ва тоҷик  Горбунов Н.Л., Щербаков Д. И., Наливкин Д.Л., Павловский Е.Н., Форсенко Б. А., Ҷӯраев К.Ш.,  Пӯлодов Д., Зиёев Д.З., Ҷабборов И.К., Додхонов Н., Баҳридинов Н., Худоиев Н.Х., Мадалиев Н.М., Ҳайдарова Н.Д., Мамадҷонова М.Ю., Қурбоншо Ё.К., Юсуфбеков А.Ю., Мавлонӣ С., Ашӯров С., Гуруков Т., Додобоев Т.П., Муҳаббатов Х. М., Муртазоев У.И., Ҷӯраев А.Д., Эргашев А., Диловаров Р., Мусоев З.М. хеле назаррас аст.

Соли 1940 бори аввал қабули довталабон дар зинаи таҳсилоти аспирантура аз рӯйи ихтисоси география оғоз ёфта, соли 2010 бо ташаббуси профессорон, Ҷураев А., Муҳаббатов Х., Муртазаев У. ва дигарон дар назди Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шурои диссертатсионӣ оид ба ихтисосҳои географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рекреатсионӣ  ташкил карда шуд.

Солҳои 1947-1957 вазифаи декани факултетро сараввал Танаевский В.И., минбаъда Лолаев Н.Т., Промтов А.Н., Хонсуворова М.Ҷ., Мамадҷонова М.Ю., Ҷӯраев Қ.Ш., Зубайдов У.З., Пулодов Д., Диловаров Р.Д., Мӯсоев З.М., Ҷӯраев А.Ҷ., Акобиров Ш., Ядгарова Г., Зикиров Ҳ., Самиев А., Қаландаров А. ба уҳда дошта, айни ҳол Азаматзода Ғ.  ҳамчун декани факултет фаъолият карда истодааст. Бояд қайд кард, ки аз замони таъсисёбӣ то имрӯз факултети география рушду нумӯъ ёфта, сафи донишҷӯён ва омӯзгорони дорои дараҷаи унвони илмӣ афзуда, заминаи тайёр намудани мутахассисони илми география аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ мустаҳкам гардида истодааст.

Дар тӯли солҳои охир аз тарафи олимони факултет як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва рисолахои илмӣ ба нашр расидааст: «Заминшиносии умумӣ» (дастури методӣ, 1990), «Размещение производительных сил и экономика районов» (1991), «География» (дастури таълимӣ, 1991), «Об - манбаи ҳаёт» (2003), «Памир: природный потенциал и перспективы развития экономики» (2005), «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон» (китоби дарсӣ барои синфи 9, 2006). «Действие УФ-радиации на физиолого­биохимические процессы у растений в условиях высокогорья» (2006), «Географияи Точикистон» (дастури методӣ. 2010), «Заминшиносии умумӣ» (дастури методӣ, 2010), «Экологияи умумӣ» (2011,2019) ва ғайраҳо.

Дар факултет ҳоло 2 нафар доктори илм, профессор, 10 нафар номзади илм, дотсент  ва 12 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият доранд. Шумораи умумиии донишҷуён дар факултет зиёда аз 1023  нафарро ташкил медиҳанд. Аз онҳо 491 нафар дар шуъбаи рӯзона 532 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Факултети география  барои ташкил ва пойдор шудани Ҷамъияти географҳои Тоҷикистон дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳиссагузор аст. Соли 1953 аввалин Анҷумани  Ҷамъияти географии Тоҷикистон баргузор гардида, академик Недзведский А.П. президенти он интихоб шуда буд. Солҳои минбаъда сарварии ҷамъиятро академик Р.Б. Баротов ва аъзо-корреспанденти Академияи илмҳои Тоҷикистон Қандил Ҷӯраев ба уҳда доштанд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Тоҷикистон Ҷамъияти нави географӣ таъсис дода шуд. Дар ҷаласаи ташкили ҷамъият профессор Муҳаббатов Х.М. президент, профессор Ҷӯраев А.Ҷ. ва дотсент Самиев А. ноибони президент интихоб гардиданд. Дар давраи фаъолияти худ Ҷамъияти географии Тоҷикистон бо Ҷамъияти географии Руссия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Соли 2018 Ҷамъияти географии Тоҷикистонро ба ҳайати “Созмони географҳои давлатҳои Осиё” қабул намуда, аз рӯи фаъолияти Ҷамъияти географии Тоҷикистон профессор Муҳаббатов Х. дар ҷаласаи ҷамъият, ки дар шаҳри Пекин баргузор гардида буд, гузориш дод. Айни замон филиалҳои Ҷамъияти Географии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Хатлон, Бадахшон ва Ноҳияҳои тобеъи марказ фаъолият менамоянд. Раёсати факултети география барои беҳтару хубтар гардидани кори ҷамъият кӯмаки зиёд мерасонанд.

Дар даврони Истиқлолият аъзоёни Ҷамъияти Географии Тоҷикистон як қатор монография,  китоби дарсӣ ва мақолаҳои сершумор дар маҷаллаҳои хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп расониданд.

Дар ин давра китобҳои Х. Муҳаббатов “Ресурсы горного  Таджикистана” (1999), “Об манбаи ҳаёт”(2003), “Инсон ва сарватҳои табиат”(2012), китобҳои дарсӣ – “Географияи Тоҷикистон” (2011 ҳамроҳи Раҳимов М. барои мактабҳои олӣ), “Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои  демографии он” (2019), бо ҳамроҳии Диловаров Р., ва Акобиров Ш.); “Географии Тоҷикистон” (2015 барои синфи 8-ум бо ҳамроҳии  Раҳимов М.), Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон (2015 барои синфи 9-ум бо ҳамроҳии Раҳимов М.), “Географияи мамлакатҳо ва минтақаҳо” (2016, барои синфи 10, бо ҳамроҳии Диловаров Р., Акобиров Ш. Раҳимов М).

Дар факултет чор кафедра: кафедраи географияи табиӣ (мудири кафедра номзади илмҳои география Рауфов Р.Н.),  кафедраи геоэкология (мудири кафедра номзади илмҳои биология Раҳимов М.М.), кафедраи методикии таълими география ва туризм (мудири кафедра номзади илмҳои география Самиев А.) фаъолият дорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj