менюхо |
There are no translations available. ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣдар мақомоти интихобӣ, органи қонунбарор ва намояндагии ҳайати асосии муассисаи таълимӣ буда, баррасикунандаи мубрамтарин масъалаҳои самти таълим, илм, тарбия, робитаҳои хориҷӣ ва хоҷагидорӣ мебошад. Фаъолияти ин ҳайат дар асоси “Низомномаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ва “Оинномаи муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” ба роҳ монда шудааст. Ҳайати Шурои олимони донишгоҳ аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ ва дигар аъзоёни он муайян карда мешавад. Шурои олимони донишгоҳ фаъолияти худро аз соли 1931, ҳангоме ки ҳайати профессорию омӯзгорӣ аз 5 доктори илм, профессор ва 48 номзади илм иборат буд, оғоз бахшидааст. Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз 23 раис ба ҷаласаи шуро роҳбарӣ намудаанд:
Айни ҳол, роҳбарии онро д.и.т., профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло бар уҳда дорад. Ҳайати имрӯзаи шурои олимон 35 нафарро ташкил медиҳад ва “Нақшаи кории Шурои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ” санаи 29.08.2023, таҳти №1/1 аз ҷониби раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ тасдиқ гардидааст. Нақшаи кории шурои олимони донишгоҳ барои соли таҳсили 2023-2024 аз рӯйи фарогирии 67 масъалаҳои асосии қисми таълим, илм, тарбия, робитаҳо, хоҷагидорӣ ва иқтисод пешбинӣ шудааст. Масъалаҳои ҷорӣ бошанд, ҳамасола аз 135 то 150-ро дар бар мегиранд. Пас аз анҷоми ҳар як нимсолаи таълимӣ зери роҳбарии бевоситаи раиси ҷаласа, ректори донишгоҳ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, раванди иҷрои қарорҳои шурои олимон натиҷагирӣ карда мешавад. Накшаи Шурои олимони ДДОТ 2023-2024 бо тағйиру иловаҳо
|