Факултетҳо |
ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ ВА ҲУҚУҚ Факултет баробари ташкилёбии донишгоҳ бо номи факултети таърих ва иқтисодиёт таъсис ёфтааст. 18-уми июли соли 1931 донишкадаи олии агропедагогии тоҷик дар заминаи шуъбаҳои таъриху иқтисодиёт соли 1934 ба шуъбаи таъриху адабиёт табдил ёфт ва 23-уми феврали соли 1935 бо сабаби ба низоми идоракунии факултети гузаштани донишкада, дар заминаи ин шуъба факултети таърих ташкил ёфт. Баъдан факултет борҳо тағири ном кардааст. Аз ҷумла, бо номҳои факултети таъриху филология, таъриху география, таъриху методикаи таълими ибтидоӣ, таърих фаъолият намуда, аз сентябри соли 2022 факултети таърих ба факултети таърих ва ҳуқуқ табдили ном карда, фаъолияташро пеш бурда истодааст. Дар давоми таърихи зиёда аз 90 солаи фаъолият шумораи донишҷуёни факултет пайваста афзоиш меёфт. Дар соли аввал 77 нафар донишҷӯ дар шуъбаи таъриху иқтисодиёт таҳсил менамуд, ки танҳо 2 нафари онҳо тоҷик буда, боқимонда донишҷӯёнро миллатҳои дигари славяни ташкил медоданд. Дар солҳои баъдӣ шумораи донишҷӯёни факултет ба маротиб зиёд гардид. Ба вижа сафи донишҷӯёни маҳаллӣ бештар меафзуд. Соли 1932 бори нахуст шуъбаи таъриху иқтисодиётро 19 нафар хатм намуданд, соли 1940 шумораи донишҷуёни факултет ба 87 нафар расид. Ибтидои соли таҳсили 1960-1961 дар факултет 358 ва соли 1978 733 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд. Дар арафаи пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ факултет 765 нафар днишҷӯ дошт. Соли таҳсили 2011-2012 дар факултет 900 нафар донишҷӯён машғули тадрис буданд, ки 497 нафари онҳо дар шуъбаи рӯзона мехонданд. Алъон дар фаултет наздики 1400 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо наздики 600 нафар дар шуъбаи рӯзона ва наздики 800 нафар дар шуъбаи фосилавӣ (ғоибона) мебошанд. Нақши факултет дар ташаккули нахустин мактаби олӣ ва пешрафти илму фарҳанги ҷумҳурӣ ниҳоят бузург мебошад. Дастпарварони факултет дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ барои рушди ҷомеа фаъолият доранд. Дар доираҳои илмиву фарҳангии ҷумҳурӣ ва берун аз он номи олимони шинохта, дастпарварону устодони факултет ба монанди академики АИ ИҶШС Б. Ғафуров, академики АИ педагогии ИҶШС М.Э. Эркаев, академикҳои АМИТ Б. Искандаров, А.М. Мухторов, Р. Масов, А. Баховаддинов, узви вобастаи АМИТ Н. Саид, Э. Насриддинзода, Р.Ю. Юсуфбеков, Ҳ.Пироншоев, докторони илм, прафессорон М.Р. Шукуров, О.Р.Маҷлисов, М.Н. Назаршоев, Н.М. Акрамов, Т.Г. Тухтаметов, Т.Р. Каримов, А. Ибодуллозода, А. Ҳакназаров, А. Ҳусайнов, Э.Б. Буризода маълуму машҳуранд. Дар ташаккул ва рушди факултет сахми сарварони он арзанда аст. Солҳои гуногун декании факултетро К.Н. Гаврилкин, Аббос Алиев, М.Ҷ. Хонсуварова, О. Маҷлисов , Я. Исоев, Н. Сангинов, М.Шергозиев, Ҳ. Пироншоев, С. Назруллоев, Н. Давлатбеков, А. Каримов, Ҷ.Файзалиев, Н. Убайдуллоев, А. Муродзода, А. Ҳусейнов ба уҳда доштанд. Аз 10- уми марти соли 2023 декани факултет номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Назарзода Давлатхон Қурбонмурод мебошад. Бинои факултет 4 ошёна буда, дар як баст барои 600 нафар донишҷӯ ҷойи нишаст мавҷуд аст. Бино барои факултетҳои таърих ва филология 19 марти соли 2007 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Факултети таърих аз руи ихтисосҳои зерин дар зинаи бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) мутахассисони илмӣ – омӯзгориро омода менамояд: Ихтисосҳои зинаи бакалавр: - 1-020101 - Таърих; - 1-020102 - Таърих. Ихтисоси иловагӣ ҳуқуқ; - 1-020102-04 - Таърих. Забони англисӣ; - 1-020102-05 - Таърих. Таърихи дин; - 1-230101 - Муносибатҳои байналмилалӣ; - 1-240102-11 - Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ; - 1-240104 - Ҳуқуқ-омӯзгор; - 1-240102-13 - Психологияи ҳуқуқшиносӣ. Ихтисосҳои зинаи магистратура: - 1-020101 - Таърих; - 1-020102 - Таърих. Ихтисоси иловагӣ ҳуқуқ; - 1-240104 - Ҳуқуқ-омӯзгор. Ихтисосҳои зинаи докторантура (PhD): - 6D0113006 – таърихи ватан; - D011400 – таърих; - 6D011500 – Асосҳои ҳуқуқ ва иқтисодиёт; - 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ. Ҳамчунин, бори аввал дар таърихи 90 соли фаъолияти факултет бо фармоиши КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2023, №161/шд дар назди ДДОТ ба номи С.Айнӣ Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисосҳои 6D02080 – Бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (6D020801 – Бостоншиносӣ) ва 6D020400 – Фарҳангшиносӣ (6D020401 – Назария ва таърихи фарҳанг) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯи ихтисосҳои 07.00.00 – Илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ (07.00.06 – Бостоншиносӣ) ва 24.00.01 – Илмҳои фарҳангшиносӣ (24.00.01 – Назария ва таърихи фарҳанг). Рамзи ихтисос: 6D.КОА-074 таъсис ёфт, ки ин дастоварди беназир дар тӯли таърихи факултет ба ҳисоб меравад. |