• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Таърихи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Таърихи инкишофи ҳаракати варзиш дар Точикистон нисбат ба кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бештар мебошад. Соли 1936 кафедраи тарбияи чисмонӣ, яке аз аввалинҳо шуда фаъолияти худро дар соҳаи варзишӣ Ҷумҳурӣ дар Донишкадаи давлатии педагогӣ Душанбе дар шаҳри Душанбе, оғоз намуд ва минбаъд ба яке аз марказҳои тайёр намудани варзишгарони баландмаҳорату муттахассисони ин соҳа табдил ёфт.  Агар дар ибтидои фаъолият аз як тараф мутахассисон ва таҷҳизотҳои варзишӣ нарасанд, аз тарафи дигар, мардум махсусан занҳо ба тарбияи чисмонӣ бо назари тааҷчуб нигоҳ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳбарияти донишкада тавонист фаъолити кафедраро ба роҳи муносиб гузорад. Бо даъватнома аз шаҳрҳои  Москав, Санкт-Петербург, Киев ва Тошканд як қатор мутахассисон ба кор ҷалб шуданд. Дар байни фиристодагон Абрамов Я.Ю. аввалин шуда кафедраро сарвари намуд ва солҳои минбаъда ҳамчун ташкилотчии номи ва олимӣ шинохта риштаи варзишӣ собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шуҳрат пайдо кард. Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ кафедра натанҳо дар Тоҷикистон балки берун аз он шуҳрат пайдо намуд. Масалан дастури оид ба бозиҳои миллӣ тоҷикон соли 1937 аз тарафи иштирокчиёни конкурси Кумитаи варзишӣ Тоҷикистон ҳамчун маводи таълимии мактабҳои олӣ ва миёна пешниҳод карда шуд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти кафедра баҳри ҳимояи Ватан равона карда шуд. Бо ин мақсад  аъзоёни кафедра бо сардории Я.Ю.Абрамов қоидаи гӯштини миллӣ-ро тартиб додаанд, ки он аз тарафи комиссияи Кумитаи варзишӣ СССР ҳамчун меъёри комплекси ГТО дохил карда шуд. Дар назди кафедра курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани инструктурони ГТО ташкил карда шуд. Бо ёрии онҳо танҳо соли 1940 зиёда аз 60 нафар ҷавонон дорандаи нишони ГТО гаштанд. Ғайр аз ин бо пешниҳоди аъзоёни кафедра дарси тарбияи ҷисмонӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳамчун дарсӣ ҳатми дохил карда шуда фаъолияти маҳфилҳои варзишӣ аз ҷумла тирпаронӣ, варзишӣ сабук, гимнастика, баскетбол, волейбол, куштӣ, бокс ва ғайра ҷоннок карда шудаанд. Он солҳо муаллими кафедра М.А. Циклаури донишҷӯён Б.Тоҳиров, А. Болтабоева ва дигарон беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Сексияи ҳаводиҳии норинҷакро (гранат) донишҷӯи курси сеюм Фролова роҳбарии менамуд дар ин сексия донишҷӯён ва донишҷӯдухтарони донишкада баъди дарсҳо омада тамрин ва машқ менамуданд. Донишҷӯдухтарон Файзиева Т. ва Азизова О. роҳбарии сексияи умумиҷисмонӣ буданд. Бо ёрии донишҷӯён дар донишкада борҳо спартакиада аз рӯи барномаи ГТО гузаронида шудааст. Барои он сексияҳои варзишӣ ба ӯҳдаи донишҷӯёни фаъол гузошта буд, ки чунки дар ҷумҳурӣ мутахассисони соҳаи варзиш кам буданд. Бо ин мақсад солҳои 1941-1942 дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор гурӯҳҳои гимнастӣ амал мекарданд. Байни гимнастон духтарони маҳаллӣ М.Наҳангова, С.Турсунова, К.Каримова ва дигарон буданд, ки минбаъад сексияҳои варзишида сарвари намуданд. Солҳои баъди ҷангӣ фаъолияти аъзоёни кафедра ба корҳои барқароркунии ва тайёр намудани кадрҳо равона карда шуд. Бо ин мақсад дар назди кафедра курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани инструкторони тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда як қатор ҷавонон ба мактабҳои олии тарбияи ҷисмонӣ шаҳрҳои маркази равона карда шуданд. Муаллимон Н.П. Циклаури ташкилотчии сексияи гимнастикаи варзишӣ. М.А. Циклаури солҳои тӯлони сардори варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни паради умумииттифоқи физкултурачиён дар шаҳри Москав буданд.

Солҳои 50-ум дар назди варзишгарони тоҷик вазифаҳои нав:

Баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва ба ин восита солҳои наздик дар ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд гузошта шуд. Бо ин мақсад соли 1953 дар назди Донишкадаи давлатии педагогӣ Душанбе факултаи тарбия ҷисмонӣ кушода шуд. Соли 1957 бори аввал 53 нафар муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, мураббиёни маълумоти олидор онро хатм намуданд, ки дар байни онҳо (шодравон) Н.Н.Турсунов (профессор, Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ Тоҷикистон. Ҷ.Рӯзиев (Аълочии маорифи Тоҷикистон) ва дигарон буданд. Дар сексияҳои варзишии донишкада аввалин чемпиони СССР (шодравон) Азалшо Олимов аз гӯштини самбо, В. Двигун вазнбардорӣ, А.Арапенко варзишӣ сабук ва дигарон ба воя расиданд.

Фаъолияти умумии донишкадаро дар солҳои 60-ум бе дастовардҳои варзишӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст дастаҳои яккачини донишгоҳ оид ба футбол мураббӣ Тер-Казарян, баскетбол мураббӣ (шодравон) А.Муродов, гимнастика мураббӣ С.П.Афонин ва чавгонбозӣ мураббӣ Я.Ю.Абрамов варзишгарон ва мураббиён ғолиби чандинкаратаи чемпиони Тоҷикистон гашта байни мактабҳои олии собиқ СССР ҷои намоёнро ишғол намуданд. Тибқи ҷамъбасти чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба 50-солагии  таъсисёбии давлати Шӯравӣ соли 1967 дар донишкада спартакиада гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 2000 донишҷӯён бо варзиш машғул будан ширкат намуда ба нишондодҳои баланд ноил гаштаанд. Аз ин ҳисоб 4 нафар варзишгар аз донишҷӯёни донишкада ба гирифтани дарачаи балантарини нишондиҳандаи варзишӣ – Устоди варзишӣ Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар – номзад ба устодии варзиш, 24 – нафар дараҷаи аввали варзиш, 73 – нафар дараҷаи дуюм ва 572 – нафар дараҷаи сеюми варзишӣ ноил шудаанд, ки ин аз меъёри ба нақша гирифта хеле зиёд буд. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки ҳамин сол аз ҳисоби устодону донишҷӯёни донишкада 284 нафар варзишгар ба гирифтани ҳуҷҷати расмии доварӣ ва инструктори варзишӣ соҳиб шуданд. Бо вуҷуди камбудиву норасоиҳои ҷойдошта нигоҳ накарда варзишгарон ва омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ донишкада дар тамоми самтҳои фаъолият назаррасу бобарор буда баҳри рушди минбаъдаи он заминаи устувор гузоштааст.

Соли 1971 дар базаи факулта Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин ташкил карда шуд.

Соли хониши 1977-1978 дар донишгоҳ аз 13 намуди варзиш 21 гурӯҳҳои (сексияҳо) варзишӣ амал мекард, ки дар онҳо 400 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон дараҷаи варзишӣ соҳиб буда ширкат доштанд.

Солҳои 80-ум кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Донишкадаи давлатии педагогӣ Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко анъанаҳои пешқадами солҳои пешинро идома дода дар ҳаракати варзишии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт дар ин донишгоҳ варзишгарон аз намудҳои волейбол, баскетбол, футбол, варзишӣ сабук, гимнастика, гӯштин, бокс, ҷавгонбозӣ, сангбардорӣ, шиноварӣ ва шоҳмот машқ намуда дар чандин мусобиқаҳои Ҷумҳуриявӣ берун аз он дастболо шуданд. Варзишгаронӣ №1 дар Тоҷикистон чемпионкаи ҷаҳон, ва чемпиони 15 каратаи собиқ СССР Зебуниссо Рустамова, чемпиони ҷаҳон (шодравон) Сайидмӯъмин Раҳимов ва ғолиби мусобиқаҳои умумииттифоқи намудҳои гӯштин Мариватчо Бачабеков тайёр карда шуданд.

Солҳои 90-ум дар мусобиқаҳои байналмилалӣ донишҷӯи донишгоҳ аз гӯштини самбо Ҳиматшо Қаноатов сазавори ҷои аввал гашт ва аз намуди шоҳмот Ҷамшед Исоев чемпиони СССР шуд.

Солҳои соҳибистиқлоли кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ дар мусобиқаҳои Ҷумҳуриявӣ иштирок намуда ғолиби чандин мусобиқаҳо гаштанд. Соли 2002 дар спартакиадаи варзишии байни мактабҳои олӣ варзишгарони донишгоҳи давлатии омӯзгори аз намуди дартис бо роҳбарии устод Намозов Т.Б. дастаи писарҳо ва дастаи духтарҳо ҷои аввалро ишғол намуданд. Солҳои 2005-2006 дар байни мактабҳои олӣ Ҷумҳурӣ мусобиқаи варзишӣ майдон аз далер «Варзиш ҷасорат зебоӣ» донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳозира Садриддин Айнӣ) ҷои дуюмро ишғол намуд. Донишҷӯи факултети таърих Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фарҳод Неъматов иштирокчи мусобиқаи 30-уми олимпӣ Лондон 2012 дар вазнӣ 81 кило аз намуди Таэкван-до (ВТФ) иштирок намуд. Аз моҳи марти соли 2014 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш кафедраи мудофиаи шаҳрвандиро ҳамроҳ намуданд. Аз моҳи сентябри соли 2014 кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ фаъолият кард. Раҷабова Суман донишҷӯи факултети забонҳои романӣ-германӣ, курси 2 иштирокчии мусобиқаи Универсиадаи донишҷӯён дар соли 2015 дар Кореяи ҷанубӣ оид ба намуди таэкван-до (ВТФ) дар вазнӣ -53кг,  Хидирова Манижа донишҷӯи факултети химия, курси 4 иштирокчи мусобиқаи Универсиадаи донишҷӯён дар соли 2015 дар Кореяи ҷанубӣ оид ба намуди тенниси рӯи мизи,  Авсахов Шаҳром донишҷӯи факултети забони англисӣ, курси 2, гурӯҳи 202 дар мусобиқаи байналмилалии чемпионати Азия-2016 дар ш.Душанбе дар вазнӣ -91кг аз намуди бокс медали тилло гирифт. Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ соли 2017 оид ба футбол байни донишҷӯён дар ҷумҳурии Хитой барои дарёфти ҷоми Цзиньтин бахшида ба роҳи Абрешим. Моҳи майи соли 2018 дастаи футболбозони Донишгоҳ дар мусобиқаи «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмарӣ Тоҷикистон» бахшида ба ифтихори эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз байни 16 даста ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Моҳи майи соли 2018 дастаи волейболбозписарони Донишгоҳ мусобиқаи варзишии бозии волейбол байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ касбии ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе бахшида ба рӯзи «Ҷавонон» ва ба ифтихори эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз байни 8 даста ҷойи 1-умро ишғол намуд.Дастаи футболбозони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли 2018 байни дастаҳои лигаи-2-и шаҳри Душанбе иштирок намуда, ҷои 3-юмро ишғол намуданд. Соли 2018 ҷои якум барои дарёфти ҷоми Кумитаи иҷрояи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба мусобиқаи волейбол байни мардон бахшида ба Рӯзи Президент. Соли 2019 мусобиқаи озмуни «Тирпаронӣ» Бонуи нишонзан байни мактабҳои олии шаҳри Душанбе ҷои-1ум Мирзоева Шабнам-донишҷӯдухтари факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ. Соли 2019 Мусобиқаи шоҳмот байни донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Душанбе, дастаи шоҳмотбозони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи-2юм. Соли 2019 Мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ, дастаи шоҳмотбозони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи-2юм. Соли 2020 Мусобиқаи гӯштини Самбо барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ», донишҷӯи факултети таърих Одинабой Ҳукумалӣ дар вазни 52кг ҷойи-2юм. Соли 2020 Мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» донишҷӯи факултети забони англисӣ Юнусов Муҳаммад ҷойи-2юм. Соли 2021 мусобиқаи кушоди гӯштини миллии Вазорати корҳои дохилӣ, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қаюмзода Абумуслим-донишҷӯи факултети математика дар вазни 65кг ҷойи-1ум. Соли 2021 барои дарёфти ҷоми Кумитаи иҷрояи Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба баскетбол байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олии шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи пойтахт. Дастаи баскетболбоздухтарони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷойи-3юм. Моҳи ноябри соли 2021 мусобиқаи бозии волейбол байни донишҷӯписарони мактабҳои олии ш.Душанбе – ҷойи 3юм. Аз моҳи сентябри соли 2021 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ ба кафедраи тарбияи ҷисмонӣ номгузори шуда, фанни мудофиаи шаҳрвандӣ ба кафедраи навтаъсис кафедраи умумидонишгоҳи физиологияи синнусоли муттаҳид шуд ва номи кафедраи физологияи суннусоли ва мудофиаи шаҳрвандӣ номгузори шуд. Аз моҳи сентябри соли 2022 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ номгузори шуд

Айни ҳол донишҷӯдухтарони донишгоҳ Шукурова Марҷона аз факултети таърих, Назаршозода Товус аз факултети химия, Нургелдиева Ҷенет аз факултети физика, Толибова Нодира аз факултети география ва донишҷӯписарони донишгоҳ Башоев Насиб, Носиров Лангардор аз факултети физика, Давлатқадамов Муродбек аз факултети география, Далатмамадов Умед, Усмонов Айёмиддин аз факултети технология ва соҳибкорӣ, Ғафоров Ҳоким аз факултети математика, Юсуфҷонов Умед аз факултети таърих, дар дастаи яккачини волейболи ҷӯмҳурӣ аъзо мебошанд.

Ҳоло дастаҳои яккачини донишгоҳ оид ба гӯштин, варзишӣ сабук, волейбол, футбол, шоҳмот ва тенниси рӯи мизи дар қатори дастаҳои пешсафи ҷумҳури мебошад.

Аз соли таъсисёбии кафедра мудирони зерин кафедраро роҳбари намуданд: Абрамов Якуб Юсупович муаллими калон, солҳои 1936-1941. Чуклинов Виктор Степанович муаллими калон, солҳои 1941-1942. Контендантев Андрей Алексеевич муаллими калон, солҳои 1942-1945. Дубинкин Михаил Иванович муаллими калон, солҳои 1945-1947. Котельников Барис Васильевич муаллими калон, солоҳои 1947-1948. Циклаури Михаил Абрамович муаллими калон, солҳои 1948-1970. Ашуров Раҳим Ашурович муаллими калон, солҳои 1970-1975. Кузьмин Анатолий Владимирович муаллими калон, солҳои 1975-1976. Бевзюк Виктор Самуилович муаллими калон, солҳои 1976-1978. Мельничков Геннадий Петрович муаллими калон, солҳои 1978-1988. Кузьмин Анатолий Владимирович муаллими калон, солҳои 1988-1989. Раҳматов Саидназар муаллими калон, солҳои 1989-1998. Назаров Нураҳмад дотсент, солҳои 1998-2005. Аз соли 2005 то ҳоло кафедраро Намозов Тошқул Буриевич номзади илмҳои педагогӣ, профессор, Устоди варзиш оид ба гӯштингирӣ «Гӯштини миллӣ», Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Точикистон ва довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштин роҳбарӣ дорад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj