• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

 

ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯ

Санаи  таъсисёбии ҳар як шуъбаю, кафедра ё факултет бе асос набуда пеш аз ҳама дар асоси талаботи замон нисбати мутахассисони соҳаи омӯзгори ё  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ-истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба миён омадааст. Факултети технология ва соҳибкорӣ яке аз манбаҳои тайёр намудани омӯзгорони  фанҳои умумитехникӣ, технология ва соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, соли 1975 дар заминаи кафедраи «Асосҳои истеҳсолот»-и факултети физика таъсис дода шудааст. Дар давраи ташкилёбӣ факултет дорои кафедраҳои фанҳои умумитехникӣ ва методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ буд. Соли 1977 кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашӣ, соли 1989 дар заминаи кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ кафедраи тамоюли касбӣ ташкил ёфт, ки чаҳорумин кафедраи факултет маҳсуб меёбад.

Факултет аз солҳои аввали таъсисёбиаш (1975) то ҳол шаш маротиба тағири ном кардааст. Бори аввал соли 1975 то соли 1998 бо номи факултети саноатию - омӯзгорӣ, солҳои 1998 то 2008 бо номи факултети технология ва соҳибкорӣ, солҳои 2008 то 24.04.2013 бо номи  технология, бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 24.04.2013 бо номи технология ва соҳибкорӣ номгузорӣ гашта, аз соли 2014 то 01.03.2019 бо номи технология ва иқтисодиёт аз 01.03.2019 то ҳоло бо номи технология ва соҳибкорӣ фаъолият намуда истодааст.

Факултет бо донишкадаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои илмӣ дорад. Дар тайёр намудани номзадҳои илм барои факултет Академияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия, Донишкадаи тадқиқотию илмии меҳнати касбӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоӣ, донишкадаҳои омӯзгории шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳои шаҳрҳои Новосибирск ва Новокузнетск саҳмгузоранд.

Рушду нумуи факултети технология ва соҳибкорӣ аз заҳмати ҳайати омӯзгорон ва кормандон, ки қувваю заковат ва нерӯи илмию педагогии худро дар пешрафти фаъолияти илмӣ ва методии факултет дареғ надоштаанд вобастагии калон дошт, дорад ва хоҳад дошт.

Факултети технология ва соҳибкорӣ яке аз марказҳои базавии калонтарини тайёр намудани омӯзгорони соҳаи технология дар миқёси Ҷумҳурӣ ба шумор рафта дар давоми солҳои мавҷудияти худ зиёда аз даҳҳо ҳазор мутахассисонро омода намудааст. Дар айни замон он яке аз марказҳои таълимию методӣ, илмӣ ва боргоҳи тайёр намудани мутахассисони соҳаи технология, нақшакашӣ, муҳандисӣ, соҳибкорӣ ва дизайн дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ва Ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Донишҷӯён дар факултет айни ҳол дар ду шӯъба, шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  Дар шӯъбаи рӯзона 299-нафар ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 547 - нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳамзамон дар шӯъбаҳои рӯзона ва фосилавии факултет донишҷӯёни хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон таҳсил мекунанд.

Дар факултет донишҷӯён асосан аз рӯи ихтисосҳои технология ва соҳибкорӣ, омӯзгор-мӯҳандис, таълими касбӣ-агромӯҳандис, технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ), дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ омода карда шуда, ба онҳо аз рӯи касби омӯзгори технология. Соҳибкор, омӯзгори  технология-муҳандис, омӯзгори технология ва нақшакашӣ, омӯзгор-агромӯҳандис,  омӯзгори технология. Дизайн. Конструктор диплом ва нишонаи сарисинагӣ дода мешавад. Шумораи донишҷӯёни факултет дар солҳои аввали таъсисёбиаш чунин мебошад. Соли 1975 дар факултет 362 нафар донишҷӯ таҳсил дошта бошад, дар соли 1981 ин теъдод ба 555 ва соли 1991 ба 1146 нафар расид. Айни ҳол  дар шӯъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавии факултет зиёда аз 846 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Дар солҳои гуногун устодони варзидаи факултет Пелипенко Г.Я., Захарова Г.Г., Ниниашвили М.И., Андрианов И.П., Карамзин И.П., Ахмедзянов Р.Х., Максумов Б.И., Мансуров А.Г., Мисров С.Т., Ибрагимов С.С., Паршина Н.В., Гутман Б.Е., Мифтахова Р., Рӯзиев Ш.М., Каримов Н.К., Исломов С., Абдиев Х.Х., Муҳуддинов Х., Мансуров Қ.Ҳ., Ҳасанов А.,  Миррахматов С.Ш., Додоҷонов А. Имрӯз гурӯҳи устодон, дотсентон Олимов Н.С., Мухторова Г.Ғ., Муминов Ф., Убайдов С.О., Сангов Н.Н., Ширинов М.Ч., Сайфуддинов М. Одинаев Қ.А. ва дигарон дар тарбияи ҷавонон саҳмгузоранд.

Дар факултет бо роҳбарии дотсент Карамзин И.В. як зумра устодон аз ҷумла Пелипенко Г.Я., Тимохин С., Сангов Н.Н., Рахматова М., Самиев Т. рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Онҳо имрӯз дар факултет, донишгоҳу донишкадаҳои мухталифи ҷумҳурӣ  иҷрои вазифа менамоянд.

Факултет асосан аз рӯи се самти муҳими илмӣ «Омӯзиши хосиятҳои физикию механикӣ ва технологии хӯллаҳо» таҳти роҳбарии дотсент Олимов Н.С., Таҳсилоти технологии муаллимони технология ва тайёрии касбии хонандагон, таҳти роҳбари н.и.п. Мухторова Г.Ғ.,  ва «Таъминоти моддӣ-техникии раванди таълими технология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нақши он дар баланд бардоштани тафаккури эҷодии техникии хонандагон» таҳти роҳбарии н.и.п. Муминов Ф.У. корҳои илмию тадқиқотӣ мебарад. Устодони факултет дар давоми фаъолияташон корҳои зиёди илмӣ, таълимию методиро таҳия ва нашр намудаанд, ки муҳимтаришон инҳоянд: «Тракторҳо ва мошинҳои хоҷагии қишлоқ. Таъмир ва истифодабарии парки мошину тракторӣ» (1986), «Тракторҳо ва автомобилҳо» (1993), «Индустриальная педагогическая психология», «Политехнические основы трудовой и профессиональной технической подготовки молодёжи Республики Таджикистан» (1997), «Вопросы профессиональной подготовки молодежи» (1997), «Системаи мошинҳои пахтакорӣ» (2001), «Омӯзиши механизмҳои мӯҳаррики дарунсӯз» (2002), «Истифодаи сарои мошину тракторҳо» (2002), «Омӯзиши системаи сарднамоӣ ва равғанмолии мӯҳаррики дарунсӯз» (2004), «Асосҳои тармими сарои мошину тракторҳо ва масолеҳшиносӣ» (2009), «Буриши масолеҳ, дастгоҳҳо, асбобҳо» (2009), «Физико-химические основы технологии элементоэпосидных и защитных покритий» (2010), «Дидактикаи махсус» (2010) ва ғайра.

Ҳоло сарварии факултети технология ва соҳибкориро номзади илмҳои техникӣ, Ширинов Мирқурбон Чиллаевич  ба уҳда доранд. Айни ҳол дар факултет 3 кафедраи тахассусӣ фаъолият намуда истодаанд: кафедраи фанҳои умумитехникӣ ва мошиншиносӣ, ки мудираш н.и.х., дотсент, Олимов Насруддин Солиҳович, кафедраи матодикаи таълими технология ва соҳибкорӣ, мудираш н.и.п., дотсент Муминов Фируз Усмонович ва кафедраи технология, нақшакашӣ ва дизайн, мудираш н.и.т., дотсент Убайдов Салмоншо Одинаевич. Дар назди ҳар як кафедраи тахассусии факултет як маҳфили илмӣ-амалӣ амал менамоянд, ки инҳо маҳфили ҳунарманд, дастони моҳир ва дустдорони автомобил мебошанд. Инчунин дар назди ҳар як  кафедра синфхонаҳои махсус аз ҷумла дар кафедраи технология, нақшакашӣ ва дизайн барои омӯзиши тенологияи коркарди маҳсулоти дӯзандагӣ ва хӯрока, дар назди кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкорӣ синфхонаи коркарди дасти ва механикии чӯбу метал ва дар назди кафедраи фанҳои умумитехникӣ ва мошиншиносӣ синфхонаи технологияи нақлиёт, мошинҳои соҳаи кишоварзӣ, электротехника ва электроника бо таҷҳизотҳои замонавӣ таҷҳизонида шудаанд ки донишҷӯён метавонанд дар рафти дарсҳо ва берун аз дарс омӯзиш гиранд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj