Факултетҳо |
There are no translations available. ![]() Сайфуллоева Зарина Хайруллоевнадекани факултети забонҳои романӣ-германӣ, доктори илмҳои педагогӣ, дотсент тел.: (+992) 919-65-98-95 e-mail: zarina_sayf @yahoo.com Сайфуллоева Зарина Хайруллоевна соли 1974 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1992 ба шӯъбаи забони олмонӣ-англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил гардида, соли 1996 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 1996 то имрӯз дар кафедаи забони олмонӣ ва медодикаи таълими он ҳамчун омӯзгор, омӯзгори калон ва дотсент фаъолият намудааст. Номбурда соли 2007 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Рол международних организаций и стран СНГ в укреплении мира в Таджикистане (на опытах Таджикистана)” дифоъ намудааст. Ў рисолаи докториро дар мавзўи “Теория и практика формирования коммуникативной компетентности студентов в условиях поликультурной образовательной среды (при обучении двум иностранным языкам)” ҳимоя намудааст ва муаллифи зиёда аз 66 маќола ва 3 тавсияњои методӣ мебошад. Доир ба фанњое, ки таълим медиҳад, барномаи таълимӣ, силлабус ва маҷмӯаи таълимию методӣ тартиб додаст. Сайфуллоева З.Х. ба донишҷӯён аз фанҳои «Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хатии забони олмонӣ», «Методикаи таълими забони олмонӣ дар мактаби миёна», «Истифодаи методҳои муосир дар таълими забони олмонӣ», «Методикаи таълими забони хориҷӣ дар мактаби олӣ (барои донишҷӯёни магистр)», «Воситаҳои баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯён» дар сатҳи баланди илмӣ дарс мегӯяд, ба корҳои курсӣ, дипломӣ ва таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён роҳбарӣ менамояд. Сайфуллоева З.Х. дар баробари корҳои таълимию илмӣ инчунин дар иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. Дар солҳои гуногун ӯ ҳамчун раиси занони факултет, муовини декан доир ба корҳои илмӣ, мудири кафедра фаъолият намудааст. Айни ҳол вазифаи декани факултети забонҳои романӣ – германиро ба уҳда дорад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рӯйхати корҳои муҳими илмию методӣ: 1. Сайфуллоева З.Х. Технология формирования коммуникативной компетентности студентов в процессе обучения двум иностранным языкам: Монография. –Душанбе: Ирфон, 2016. -224с.–14,48 п.л. 2. Сайфуллоева З.Х. Методические рекомендации преподавателям вузов для применение интерактивных методов в обучении немецкому языку. -Душанбе: ТГПУ, 2013. -20 с.(на тадж.яз.). (1,22 п.л.) 3. Сайфуллоева З.Х. Методические рекомендации преподавателям вузов для сопоставление грамматических явлений немецкого языка с таджикским языком. –Душанбе: ТГПУ, 2014. - 18 с. (на тадж.яз.). (1,20 п.л.) 4. Сайфуллоева З.Х. Методические рекомендации преподавателям вузов для применение современной технологии в обучении немецкому языку. –Душанбе: ТГПУ, 2015. - 20 с. (на тадж.яз.). (1,22 п.л.)
|