• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Факултетҳо
There are no translations available.





technology.png - 130.29 Kb



Сияҳаков Сафаралӣ Мирзоевич,
декани  факултети  технология ва соҳибкорӣ,
номзади илмҳои техникӣ

 

 

 

Сияҳаков Сафаралӣ Мирзоевич 05.07.1965 дар ноҳияи Дарвоз, ҷамоати Сағирдашт, деҳаи Садиқа, дар оилаи  деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1982 мактаби миёнаи №2-и ноҳияи номбурдаро хатм намуда, худи ҳамин сол ба факултети физикаи  ИДПД ба номи  Т.Г. Шевченко, ихтисоси физика математика дохил  шудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи қушунҳои мудофиаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Баъди адои хизмати ҳарбӣ ба ИДПД ба номи  Т.Г. Шевченко баргашта таҳсилро дар факултети физикаи донишкадаи мазкур давом додааст. Соли 1989 донишкадаи номбурдаро хатм намудааст. Баъди хатми донишкада бо роҳхат барои кор ба шаҳри Роғун рафта муддати 1- сол дар мактаби миёнаи №6 Ш. Роғун ба сифати омӯзгори фанни физика кору фаъолит намуда баъдан бо дархосоти садорати факултети Физикаи ҳамин донишкада барои кор ва фаъолият намудан ба факултети физикаи  ИДПД ба номи  Т.Г. Шевченко даъват гардидааст. Солҳои 1990-1991 ба сифати лаборанти кафедраи Физикаи умуии ДДОТ ба номи Қ.Ҷураев фаъолият намуда солҳои 1991-1993 дар шӯъбаи асперантураи ДДОТ ба номи Қ.Ҷураев таҳсилро давом додааст. Солҳои 1995-2004-ум ба сифати мудири лаборатория, ассистенти кафедраи Физикаи умумии факултети физикаи ДДОТ ба номи Қ. Ҷураев кору фаъолият намудааст. Соли 2004-2005 дар факултети номбурда ба сифати муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ кору фаъолият намуда, аз соли 2005 то 2010 муовини декан оид ба корҳои таълимӣ дар факултети физикаи ДДОТ ба номи Саддридин Айнӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2010 то соли 2018  дар кафедраи Физикаи умумии факултети физикаи ДДОТ ба номи Саддридин Айнӣ ба сифати муаллими калон кору фаъолият намудааст. Дар фаъолияти корҳои илмӣ- тадқиқотии худ Сияҳаков С. М. зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ- методӣ, 8-дастури методӣ ва 1-китоби дарсӣ (аз фанни физикаи молекулавӣ ва асоҳои термодинамика) барои донишҷӯёни факултети физика ба чоп расонидааст. Дорандаи як потенти илмӣ буда, рисолаи номзадиаш дар мавзӯи омӯзиши хосиятҳои гармофизикӣ ва термодинамикии моеъҳо (Гармигузаронӣ, зичӣ ва хосиятҳои термодинамикии равғани офтобпараст ва маҳлулҳои он) навиштааст. Соли 2017 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии энергетикии ш. Қазон  аз рӯи ихтисоси 01.04.14 «Физикаи гармо ва асосҳои назарияи техникаи гармӣ» дифоъ намудааст. Номбурда ҳамарӯза бо макотибҳои илмии машҳури Руссия аз ҷумла Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи энергетикии Қазон, Донишгоҳи авиатсионии  Қазон, Донишгоҳи техникии Тамбов, Донишгоҳи давлатии ш. Омск ҳамкорӣ дорад.

Аз моҳи феврали соли 2018 то октябри ҳамин сол вазифаи мудири шуъбаи мониторинги сифати таҳсилот ва назорати электронии донишгоҳи мазкурро ба уҳда дошт. Аз 23.10.2018 ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети технология ва иқтисодиёт таъин гардидааст. Аз 01.03.2019 то 16.09.2019 дар вазифаи и.в. декани факултети технология ва соҳибкорӣ кору фаъолият намуда 16.09.2019 ба вазифаи декани факултети технология ва соҳибкорӣ таъин гардидааст.  Айни ҳол дар вазифаи номбурда кору фаъолият намуда истодааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Полная имя: Таджикский государственный педагогический Университет

имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj