Кафедрахо 54 |
There are no translations available.
Султонзода Соқӣ Аслон мудири кафедраи забони фаронсавӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор; тел.: 938148639, e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ФРАНСАВӢ Шуъбаи забони франсавии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли 1963 дар назди кафедраи забони олмонӣ таъсис ёфта, ҳамчун кафедраи мустақил соли 1972 аз кафедраи забони олмонӣ ҷудо шудааст. Аввалин мудири кафедраи забони франсавӣ И.С. Кошелева буд. Солҳои минбаъд ба кафедра аввал дотсент А.С. Сергеев, сипас Н.Я. Орешина, баъдан Л.П. Николаева, Ш.М. Мухторов, М. Шоев, Ш. Ҳақназаров, Т. Муҳиддинов, С. Султонзода, Т. Қурбонов роҳбарӣ кардаанд. Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, дорандаи Палмаи Академияи Фаронса, профессор Шокир Мухторов аз соли 1987 то соли 2004 мудирияти кафедраи забони франсавиро бар уҳда дошт. Номбурда, соли 1995 декани факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ ва аз соли 1997 то соли 1999 декани факултети филологияи романию германии ҳамин донишгоҳ таъин шуда буд. Шодравон Шокир Мухторов муаллифи бештар аз 20 китоби илмӣ, методӣ ва таълимӣ ва зиёда аз 320 мақолаҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-таълимӣ ва оммавӣ мебошад. Аз асарҳои шодравон метавон инҳоро номбар кард: «Адабиёти тоҷик дар Франсия», «Франция читает «Гулистан», «Замон ва тарҷумон», «История развития французской научной иранистики», «Шӯҳрати Румӣ дар Фаронса», «Мақолот», «Муҳовараи франсавӣ – тоҷикӣ», «Таджиксо-персидская классическая поэзия во Франции», «Фарҳанги тоҷикӣ – франсавӣ», «Нури Ҳофиз», «Баргузидаи насри муосири Фаронса» ва ғайраҳо аз зумраи муҳимтарин асарҳои илмию методии Шокир Мухтор маҳсуб мешаванд. Аз осори адибони Фаронса Ш. Перро, А. Пурра, Ш. Бодлер, О. Балзак тарҷумаҳо дорад. Китоби нависандаи франсавӣ Исса Траоре «Афсона ва ҳикояҳо»-ро соли 1985, инчунин латифаҳо ва ҳикматҳои мутафаккирони Фаронса, аз ҷумла ҳикматҳои Наполеонро ба тоҷикӣ гардонида аст. Номбурда аз соли 1987 то моҳи феврали соли 2004, яъне то охири умр дар кафедраи забони франсавӣ мудирӣ кардааст. Бояд гуфт, ки профессор Ш. Мухтор ва Ҷӯрақулов Д. аз аввалин омӯзгорони забони франсавии тоҷик дар кафедра дар баробари омӯзгорони франсавии рустабор буданд. Аз соли 2004 то соли 2010 дар кафедра омӯзгорон таҳти роҳбарии мудири кафедра М. Шоев ба корҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълиму тарбияи омӯзгорони ҷавон машғул буданд. Соли 2010 то 2011 роҳбарии кафедраро муаллими калони кафедра шодравон Ш. Ҳақназаров ба уҳда дошт. Соли 2011 то 2012 бошад дар кафедра муаллими калон Т. Муҳиддинов роҳбарӣ кардааст. Солҳои 2012-2015 роҳбарии кафедраро дотсент С. Султонзода ба уҳда дошт. Солҳои 2015-2017 бошад муаллими калон Т. Қурбонов мудири кафедра буд. Аз моҳи августи соли 2017 то ҳол доктори илмҳои фалсафа, профессор С. Султонзода мудири кафедраи мазкур мебошад. Устодони кафедра асосан дар се самт: робитаҳои адабии Шарқу Ғарб, забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ барои хонандагон ва донишҷуён машғул мебошанд. Солҳои охир омӯзгорону донишҷӯёни шуъба ба тарҷумаи адабиёти бадеӣ ва масъалаҳои илмии тарҷума ва тарҷумашиносӣ низ сарукор доранд. Омӯзгорони кафедра Шоев М., Муҳиддинов Т., Ҳақназаров Ш., Ҷумъаев Т. солҳои 2008-2010 китобҳои забони франсавӣ барои синфҳои 5 то 11 бори нахуст бо забони давлатӣ таҳия намуда, ба хонандаи тоҷик чоп ва пешкаш намудаанд. Айни ҳол дар кафедра 7 нафар омӯзгорони асосӣ аз фанни забони франсавӣ ба бештар аз 200 нафар донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз байни онҳо 1 нафар доктори илм, профессор 2 нафар номзади илм, дотсент 1 нафар муаллими калон ва боқимонда 3 нафар ассистентони кафедра мебошанд. Дар кафедра омӯзгорон асосан аз рӯи ихтисосҳои «муаллими забони франсавӣ», «муаллими забони франсавӣ-англисӣ» ва «тарҷумони забони франсавӣ» дарс мегӯянд. Фанҳои асосии омӯхташавандаи нақшаҳои таълимии кафедра инҳо мебошанд: амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони франсавӣ, назария ва амалияи грамматикаи забони франсавӣ, назария ва амалияи фонетикаи забони франсавӣ, адабиёти Фаронса, луғатшиносии забони франсавӣ, шарҳи матн, кишваршиносии Фаронса, услубшиносӣ, типологияи муқоисавӣ, назарияи тарҷума, амалияи тарҷума ва ғайраҳо. Аз солҳои 2000-ум инҷониб ҳамасола омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни шуъба дар шаҳрҳои Париж, Авинйон, Рошфор, Монпелйе, Безансон ва дигар шаҳрҳои Фаронса ва дигар давлатҳои хориҷа дониши худро такмил медиҳанд. Ҳамчунин ҳар сол як нафар омӯзгори соҳибзабон аз Фаронса омада ба донишҷӯёну шуъбаи забони франсавӣ дарс мегӯяд ва барои сайқал ёфтани нутқи донишҷӯён бо онҳо клуби забони франсавӣ ташкил менамояд. Дар баробари ин, омӯзгори соҳибзабон барои омӯзгорони кафедра дарсҳои методӣ ташкил намуда, кумаки худро барои беҳтар намудани сифати таълим дареғ намедорад. Дар назди кафедра аз соли 2012 сар карда зинаи магистратура амал менамояд ва ҳамасола магистрон низ зинаи магистратураро бо муваффақият хатм намуда, дар муассисаҳои мухталиф кору фаъолияти худро пеш мебаранд. То имрӯз даҳҳо нафар зинаи магистратураро дар назди кафедра хатм намудаанд. Дар назди кафедра ҳамчунин унвонҷӯёну докторантон низ фаъолияти илмии пурсамар доранд. Солҳои охир унвонҷӯёну докторантони кафедра Т. Ҷумаев, Р. Олимов, Т. Қурбонов, Д. Бойматова, М. Ғаниева, А. Маликов рисолаҳои номзадии худро бо мувафақият ҳимоя намуда, унвонҷӯёну докторантони дигар Т. Муҳиддинов, З. Одилова, Р. Ҳалимова бошанд рисолаҳои номзадии худро барои дифоъ омода намуда, ба истиснои Ҳалимова Р. дигарон аз муҳокимаи кафедра бо муваффақият гузаштаанд ва дар ояндаи наздик рисолаҳояшонро ҳимоя хоҳанд намуд. Дар баробари ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул гардидан, кафедра дар ташкили чорабиниҳои илмӣ, аз қабили конференсияҳои гуногунсатҳ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо низ муваффақ аст. Кафедра дар зарфи солҳои 2014, 2015, 2019 ва 2022 - 4 маротиба конференсия ташкил намудааст, ки 2 тои онҳо байналмилалӣ ва 2 тои дигар умумиҷумҳуриявӣ мебошанд. Маводи конференсияҳо ҳама қабл аз баргузории конференсияҳо дар шакли маҷмуа чоп шуда, ба дасти хонанда ва китобхонаҳо расидаанд. Самти дигари фаъолияти омӯзгорони кафедра дар баробари корҳои таълимӣ ва илмӣ фаъолияти тарбиявии онҳо бо донишҷӯён мебошад. Омӯзгорон дар баробари он ки мунтазам дар гурӯҳҳо дарсҳои тарбивӣ мегузаранд ва дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангии донишгоҳ фаъолона ширкат меварзанд, ҳамчунин дар алоҳидагӣ бахшида ба санаҳои муҳим чорабиниҳои фарҳангӣ, хусусан чорабиниҳои фарҳангии тарғибкунандаи дӯстии Тоҷикистону Фаронса баргузор менамоянд. Таҷлили иди “Франкофония” (“фаронсавизабонон”) ва иди муаллимони забони франсавии дунё дар донишгоҳ аз ҷониби кафедраи забони франсавӣ солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Кафедра бо Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, маркази фарҳангии “Бохтар”, Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкории зич дорад. Дар чорабиниҳои илмию фарҳангии кафедра мудом сафирони Фаронса дар Тоҷикистон, раиси маркази фарҳангии “Бохтар”, намояндаи Дафтари ҳамкории Швейтсария, намояндагони Ҷамъияти дӯстии номбурда ва кормандонашон ширкат меварзанд. Боиси тазаккур аст, ки шуруъ аз соли 2014 бо дастгирии Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар назди кафедра ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Фаронса» ташкил ёфт, ки раисии он ҳам ба зиммаи мудири кафедра С. Султонзода вогузор шудааст. Муносибатҳои воқеию ҳаматарафаи Тоҷикистону Фаронсаро метавон самараи замони соҳибистиқлолӣ номид. Дар ин давра сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ва баъдтар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса кушода шуда, дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса саҳми назаррас гузошта истодаанд. Солҳои охир яке аз соҳаҳои афзалиятнок, яъне сайёҳӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва якчанд нафар омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли кафедра ҳангоми таътили тобистона бо сайёҳони фаронсавӣ ба ҳайси роҳбалад-тарҷумон ҳамкорӣ карда, ҳам соҳиби маблағ ва ҳам сатҳи забондонии худро сайқал медиҳанд. Бояд қайд кард, ки саҳми омӯзгорони кафедра дар шиносонидани мардуми тоҷик бо адабиёти Фаронса хеле калон аст. Пас аз солҳои дуҳазорум омӯзгорони кафедра, марҳум Ҳақназаров Ш. ва Ҷумаев Т. ба тарҷумаи асарҳои адибони фаронсавӣ ба тоҷикӣ камар баста, якчанд асарҳои адибони номии Фаронса, аз қабили Алфонс Доде, Албер Камю, Антуан де Сент Экзюперӣ, Жилбер Синуе, Жан-Пол Сартр ва дигаронро тарҷума ва нашр намуданд. Боиси тазаккур аст, ки ин анъана то ҳол идома дошта, солҳои охир омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёну магистрантони шуъба ба тарҷумаи осори адибони франсавӣ ба тоҷикӣ машғуланд ва тарҷумаҳои онҳо мунтазам дар маҷаллаи «Навруста» ба табъ мерасанд. Дар тарҷумаи осори адибони франсавӣ саҳми омӯзгорон С. Султонзода, Т. Ҷумаев, Т. Муҳиддинов, Р. Олимов, Б. Пулотов, А. Ашӯров ва дигарон калон аст. Дар баробари тарҷумаи осори бадеӣ, омӯзгорон ба тарҷумаи осори илмӣ низ шуғл меварзанд. Шоҳасари академик Б. Ғафуров “Тоҷикон” ба қалами С. Султонзода С. ва Т. Ҷумаев аз забони тоҷикӣ ва русӣ ба забони франсавӣ тарҷума карда шуд. Ҳамчунин китоби “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ”, ки ҳангоми сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар соли 2021 аз ҷониби олимони фаронсавӣ нашр гардида буд, аз тарафи С. Султонзода аз забони франсавӣ ба тоҷикӣ тарҷума гардид. Дар зарфи 60 соли мавҷудияти худ шуъбаи забони франсавӣ садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯз дар мақому вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Ҳамасола ба шуъбаи забони франсавӣ бештар аз 70 нафар донишҷӯён дохил шуда, фарҳангу забони франсавӣ меомӯзанд ва пас аз хатми донишгоҳ ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он ба кор сафарбар карда мешаванд. Ҳамчунин ҳар сол тариқи озмунҳо ва олимпиадаҳои дохилию байналмилалӣ шогирдони беҳтарин соҳиби мукофотҳои гуногун мегарданд. Хулоса кафедраи забони франсавӣ асосан дар 4 самт фаъолият намуда, вобаста бар ҳар самт муваффақиятҳои назаррас дорад. 1. Дар самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ. Омӯзгорон оҳиста-оҳиста рисолаҳои илмии худро ҳимоя карда истодаанд ва базаи илмии кафедра боло рафта истодааст. 2. Дар самти корҳои таълимӣ-методӣ. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра як қатор китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна таълиф шуда, мунтазам дастурҳои таълимӣ ва луғатномаҳо барои донишҷӯён нашр карда мешаванд. 3. Дар самти корҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ. Барои баланд бардоштани ахлоқи донишҷӯён ва ҳисси ватандӯстию зебопарастии онҳо ҳамасола кафедра чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бо забонҳои тоҷикию фаронсавӣ ташкил менамояд. 4. Дар самти тарҷумаи адабиёти бадеию илмӣ аз забони франсавӣ ба тоҷикӣ ва баръакс. Омӯзгорони кафедра мунтазам асарҳо ва ё порча аз асарҳои адибону олимони фаронсавиро ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба фаронсавӣ тарҷума ва нашр мекунанд.
Омӯзгорони кафедра
Бойматова Дилрабо Мелекмуродовна номзади илмҳои филологӣ, дотсент;тел.: 988530556 e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Ғаниева Моҳира Аҳмадљоновна номзади илмҳои филологӣ, дотсент;тел: 934458663, e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Маликов Абдулвоҳид Расулљонович муаллими калон;тел: 908885960 e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Муҳиддинов Тољиддин Шамсиддинович ассистенти кафедра;тел: 938395530 e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Султонова Шукрона Бобољоновна ассистенти кафедра;тел: 938358586 e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Одилова Зайнура Обидовна ассистенти кафедра;тел: 938938004 e-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
|